Президент Шавкат Мирзиёев 16 октябр барои иштирок дар сессияи ҷашнии Ассамблеяи Генералии Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ ба вилояти Самарқанд омад.
Сарвари давлатамон аввал мақбараи Имом Бухориро зиёрат кард. Сураҳо аз Қуръон ва дуоҳо хонда шуданд.
Ҳоло таъмири маҷмӯъ давом дорад. Президент бо рафти сохтмон ва корҳои пардоздиҳӣ шинос шуд.
Дар ҷараёни сафар сарвари давлати мо дар ифтитоҳи нишасти асосии ЮНВТО суханронӣ мекунад. Ҳамчунин мулоқот бо котиби генералии ин созмон Зураб Пололикашвилӣ ва ошноӣ бо намоишгоҳи саноати сайёҳӣ дар назар аст.