Президентҳо бо фаъолияти Технопарк шинос шуданд

  • Президентҳо бо фаъолияти  Технопарк шинос шуданд
  • Президентҳо бо фаъолияти  Технопарк шинос шуданд
  • Президентҳо бо фаъолияти  Технопарк шинос шуданд
  • Президентҳо бо фаъолияти  Технопарк шинос шуданд
  • Президентҳо бо фаъолияти  Технопарк шинос шуданд

Президенти Ҷумҳурии Белорус Александр Лукашенко ҳамроҳи Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев аз Технопарки Тошканд дидан карданд.

Ба меҳмони олӣ номгӯи васеи маҳсулоти баландтехнологӣ, ки дар корхонаҳои Технопарк истеҳсол мешаванд: техникаи маишӣ, ҳисобкунакҳои электронӣ, лифт ва эскалаторҳо, насосҳо, дегҳои саноатӣ, системаҳои хунуккунӣ ва ғайра тақдим карда шуд.

Дар маҷмӯи саноатӣ, ки бо ташаббуси роҳбари давлатамон бунёд ёфтааст, 17 иншооти истеҳсолӣ бо арзиши умумии 365 миллион доллари ИМА ҷойгир аст. Маркази логистикӣ имсол ба кор шурӯъ мекунад.

Маҳсулот бо брендҳои хориҷӣ ва таҳти назорати онҳо истеҳсол шуда, дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ талаботи зиёд дорад. Маҳсулоти истеҳсолшуда ба 10 кишвари ҷаҳон содир карда мешавад.

Роҳбарон зарурати густариши кооператсияи корхонаҳои пешқадам, табодули мутақобилаи таҷриба ва интиқоли технологияро қайд карданд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: