ТАШАББУСҲОЯМОН ДИГАР СОДИҚ БУДАНАМОНРО БА РУШДИ ШАРИКИИ БИСЁРҶОНИБА, КУШОД, АМАЛӢ ВА МУТАҚОБИЛАН СУДМАНД ДАР ЧАҲОРЧӮБИ СПЕКА ТАСДИҚ КАРДАНД

Коршиносони хориҷӣ дар бораи иштироки Президенти Ӯзбекистон дар саммити Барномаи махсуси СММ оид ба иқтисодиёти Осиёи Марказӣ

24 ноябр дар пойтахти Озарбойҷон – шаҳри Боку саммити Барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид оид ба иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) баргузор шуд, ки дар он Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ширкат дошт.
Сарвари давлатамон зимни суханронӣ дар ин ҳамоиш аҳамияти платформаи СПЕКА-ро ҳамчун механизми муассири шарикии минтақавӣ дар ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор таъкид намуда, ҳамчунин натиҷаҳои ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби иттиҳодияро қайд кард.
Сарвари ҷумҳурӣ бо мақсади таҳкими ҳамкории минтақавӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи мутақобила ҷиҳати таҳияи Консепсияи рушди «СПЕКА – 2030», Нақшаи чорабиниҳои муштарак оид ба ҳавасмандгардонии савдои минтақавӣ, суръат бахшидан ба таъсиси Фонди мақсадноки СПЕКА оид ба дастгирии лоиҳаҳои калон дар соҳаҳои гуногун ва қабули стратегияи ҳамаҷонибаи бисёрҷонибаи «Сабз», инчунин таъсиси Шӯрои занони соҳибкори СПЕКА ташаббусҳо ба миён гузошт. 
Дар баробари ин пешниҳод шуд, ки дар Ӯзбекистон  дар ибтидои соли оянда Форуми байналмилалии «Долонҳои нақлиётии рақамӣ» гузаронда,  оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ гурӯҳи махсуси кории сатҳи олӣ созмон дода,  аввалин ҷаласаи он соли оянда дар Самарқанд баргузор карда шавад.
Иштироки Президент Шавкат Мирзиёев дар ин ҳамоиш ва пешниҳоду ташаббусҳои ӯ дар доираҳои сиёсӣ ва коршиносии байналмилалӣ баҳои баланд мегиранд.
Директори иҷроияи KingsleyStrategicInstitute Макс СЕЙ (Малайзия):
- Иштироки Президент Шавкат Мирзиёев дар ҷаласаи СПЕКА идомаи мантиқии сиёсати минтақавии Ӯзбекистон ва саъю кӯшиши таҳкими робитаҳои байниминтақавӣ мебошад.
Осиёи Марказӣ бо назардошти мавқеи стратегии ҷуғрофӣ ва иқтидори назарраси бозорӣ мавриди таваҷҷуҳи тамоми ҷаҳон мебошад. Айни замон вилоят ба яке аз марказҳои муҳими рушди иқтисодӣ ва фаъолияти сармоягузорӣ табдил ёфтааст.
Ман фикр мекунам, ки дар ин ҷо нақши калидии Президент Шавкат Мирзиёевро қайд кардан лозим аст, ки ба шарофати сиёсати созандаи ӯ дар Осиёи Марказӣ фазои мусоиди сиёсӣ ба вуҷуд омада, эътимод байни сарони давлатҳо мустаҳкам гардид, майдонҳои гуногуни муколама ва ҳамкорӣ ба роҳ монда шуд.
Ташаббусҳои роҳбари Ӯзбекистон дар ҷараёни мулоқот ҷонибдориашро ба рушди пайвастаи шарикии бисёрҷониба , кушод, амалӣ ва мутақобилан судманд дар доираи СПЕКА бори дигар тасдиқ карданд.
Боварӣ дорам, ки натиҷаҳои ин нишаст ба рушди минбаъдаи иқтисодӣ ва некуҳолии мардуми кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мусоидат хоҳад кард. 
Директори шуъбаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷорати Комиссияи иқтисодии аврупоии СММ Элизабет ТЮРК:
– Пеш аз ҳама иҷозат диҳед таъкид намоям, ки дар солҳои охир ҳамкориҳои Ӯзбекистон ва СММ ба таври қобили мулоҳиза густариш ёфта, имрӯз чунин соҳаҳоро, аз қабили тиҷорати байналмилалӣ, нақлиёт, логистика, экология, энергетика ва инноватсия, аз ҷумла дар чаҳорчӯби СПЕКА фаро мегирад. 
Ба ин муносибат мехостам қайд намоям, ки Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав барои солҳои 2022 -2026 ва Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030», ки ба қарибӣ қабул шуд, мувофиқати пурраи онро ба Мақсадҳои рушди устувори СММ намоиш медиҳад. 
Ӯзбекистонро бо пешрафти дар ҳамроҳ шудан ба Созмони умумиҷаҳонии савдо ба даст овардааш табрик менамоям. Дар ҷамъомади охирини гурӯҳи корӣ оиди ҳамроҳ шудан 16 ноябри соли 2023 кишварҳо ба фаъол гардидани саъю кӯшиши Ӯзбекистон баҳои баланд доданд, ки аз таҳкими институтҳои дохилӣ аз он далолат медиҳад. 
Инчунин беҳтар шудани шароити содда гардондани тартиботи савдоро бояд қайд кард. Сатҳи татбиқи соддагардонии қоидаҳои савдо дар кишвар аз 62 фоизи соли 2021 то 85 фоиз дар соли 2023 зиёд мегардад. Ӯзбекистон инчунин дар ҷорӣ намудани тадбирҳо оид ба соддагардонии тиҷорати бекоғазӣ ва трансарҳадӣ ба пешрафти назаррас муваффақ гардид.   
Ҳамзамон, иҷоза диҳед қайд намоям, ки имсол мо 25-умин солгарди таъсиси Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ ва имзои Эъломияи Тошкандро таҷлил мекунем. Аз ин лиҳоз, ҳамоиши СПЕКА дар Боку муҳим ва таърихӣ аст, зеро он нахустин мулоқоти раҳбарони кишварҳои СПЕКА аз замони таъсисаш дар моҳи марти соли 1998 аст.
Иштироки сарони давлатҳо, аз ҷумла Президент Шавкат Мирзиёев дар нишасти сатҳи олӣ ба ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби СПЕКА такони тоза мебахшад, зеро қаблан мулоқотҳо дар сатҳи намояндагони вазоратҳо ва гурӯҳҳои коршиносӣ баргузор мешуданд.
Дар хотима мехоҳам қайд намоям, ки КИА СММ дар оянда низ омода аст ба Ӯзбекистон дар ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувори СММ мусоидат кунад.
Коршиноси қирғизистонӣ Денис БЕРДАКОВ:
– Дар воқеияти кунунӣ ҳама гуна иттиҳоди қаробат аз нуқтаи назари ҳаллу фасли вазифаҳои умумӣ муҳим мебошад. Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ баҳри баррасии, пеш аз ҳама, рушди тамоми масъалаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва логистикӣ соҳати муҳим ба шумор меравад.
Ташаббуси Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев бобати дар Боку баргузор кардани ҷамъомади Барномаи махсуси СММ дар сатҳи олӣ аз манфиатдории кишварҳои минтақа бино бар зиёд кардани имкониятҳои содиротӣ ва рӯзафзун намудани транзити борҳо аз тариқи ҳудуди кишварҳои иштирокдор далолат медиҳад.
Ӯзбекистон аз ин ҷиҳат аз ҷумлаи кишварҳои асосии минтақа маҳсуб меёбад, ки нишондиҳандаҳои иқтисодии тӯли солҳои охир аз рушди он дарак медиҳанд. Аз ҷумла, Ӯзбекистон муваффақ гардид, ки мубодилаи молро бо тамоми кишварҳои ҳамсоя, ҳамчунин бо Озарбойҷон хеле зиёд кунад. Ин ҷиҳат ба беш аз пеш инкишоф додани хатсайрҳои логистикӣ дар Чин, кишварҳои Аврупо, Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқи Наздик мусоидат менамояд.
Дар бораи умуман минтақа сухан гуфта, бояд зикр намуд, ки барои Осиёи Марказӣ бобати хабби асосии тиҷоративу логистикие гардидан, ки аз тариқи он қисмати зиёди молҳо аз Чин ба самти Ғарб ва Ҷанубу Ғарб мегузаранд, имконияти хуб фароҳам меояд. Аз ин нуқтаи назар татбиқ сохтани сохтмони роҳи оҳани Чин – Қирғизистон – Ӯзбекистон, ки имкон хоҳад дод, борҳо аз ҶМЧ ҳарчи зудтар ва арзонтар гузаронида шаванд, аҳамияти махсус дорад.
Ноиб-президенти ширкати «StiePteLtd»-и Сингапур Муҳаммад АМИН:
– Анҷумани Барномаи махсуси СММ дар Боку воқеаи пураҳамият буда, муҳимияти ҳамкориҳои бисёрҷанбаи байни кишварҳои Осиёи Марказиро таъкид месозад. Иштироки Президент Шавкат Мирзиёев дар ин чорабинӣ аз афзудани нақши Ӯзбекистон дар мулоқоти минтақавӣ ва байналмилалӣ шаҳодат медиҳад.
Масъалаҳои ҷиддие, ки дар доираи ҳамоиш баррасӣ мешаванд, ба рушди иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоявӣ ва нақлиётиву коммуникатсионии робитаҳои байни кишварҳои минтақа тааллуқ доранд. Онҳо бобати мустаҳкам намудани қаробати иқтисодӣ ва ҳамкорӣ қадаме ба пеш буда, пойдевори муваффақ шудан ба пешрафти устувор ва шукуфоӣ дар Осиёи Марказиро таъмин менамоянд.
Мубодилаи афкор бинобар масъалаҳои рӯзмарраи ҳамкории тарафайни минтақавӣ ба дарёфти қарорҳои муштарак ва стратегияҳое, ки ба беҳтар намудани вазъи иқтисодии минтақа ва таҳкими муносибатҳои сулҳпарваронаву дӯстонаи байни давлатҳо нигаронида шудаанд, мусоидат менамоянд.
Муътақидам, ки натиҷаҳои ҳамоиш барои рушди минбаъда ва ҳамкории амиқи байни кишварҳои Осиёи Марказӣ имкониятҳои нав фароҳам меоварад.

АИ «Дунё».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: