МУАММОҲО ҲАЛЛУ ФАСЛ МЕЁБАНД

– Сареву савдое, – гуфтаанд.

Ҳар касро дар алоқамандӣ ба ҷаҳонбинӣ ва эҳсоси пешрафту рушди ҷомеа андешаест ба сар. Аз дидгоҳи худ муносибат дорад ба вусъати ҷомеа. Баъзан гуфтаҳое ба гӯш мерасанд, ки гӯё аз вохӯриҳои сайёр бо роҳбарони секторҳо манфиате нест. Борҳо аз забони баъзе мӯйсафедон ва ҳатто ҷавонон шунидаам: – Аз маҷлисбозӣ чӣ нафъ. Ваъдаро калон медиҳанд, дар амал чизе нест. Ин гуна ашхос одатан манфиати шахсиро аз манфиати ҷомеа афзал пиндоранд. Дарк надоранд, имрӯз зиндагии мардуми деҳот ба куллӣ тағйир ёфтааст, ба хусус деҳоти сернуфус. Шароит ва имконоти зисту зиндагии мардум аз имконоти аҳолии шаҳр кам андар кам тафоввут дорад. Ҳар як вохӯрии сайёр бо роҳбарони сектор ва муассисаву ташкилотҳо дар ҳаёти умумии маҳал таъсири амиқ мегузорад. Кулли деҳоти кишвари мо бо ҷараёни барқ, газ, телевизион ва алоқаи мобилӣ таъмин гардидааст. Хонаву ҳавлиҳо бо талаботи замон мос бунёд ва таъмир мегарданд. Ҳаёт, ки идома дорад,  талабу дархост ҳам афзун мегардад. Роҳу равиши зиндагӣ чунин аст. Имрӯз мардуми деҳоти маҳаллаи «Каттасой» аз имконоти ягон маҳаллаи дигар камӣ надоранд, ҷуз муаммои оби ошомиданӣ. Кофтани чоҳҳои артезианӣ дар назар аст, мувофиқи ваъдаи ҳокими вилоят Нормат Турсунов.
Шиносоии роҳбар бо имконот, вазъи зиндагӣ, шунидани талабу дархостҳои мардум ҳалли мушкилот ва ё муаммои мавҷударо осон мегардонад. Чанде пеш дар бораи ташриф ва ошно гардидани ҳокими вилояти Навоӣ Нормат Турсунов ба маҳалли «Каттасой» хабар дода будем. Аз вохӯрии сарвари аввали вилоят бо шаҳрвандони маҳалла як рӯз нагузашта, масъулони муассисаҳои мухталиф фаъолияти амалии худро оғоз намуданд.
Беш аз бист сол гузашт, ки роҳи деҳаи Симбулоқ (Симчашма) мумфарш набуд. Пешниҳоду дархости мардум рӯйи коғаз мемонд, ваъдаҳои болохонадор фаромӯш мегардиданд. Ба ин пасандозии кор баъзе шаҳрвандони деҳа сабабгор буданд. Чанд сол муқаддам баъзе қисмҳои эҳтиётӣ ва сӯзишвории техникаи кормандони шуъбаи роҳсозии ноҳияи Нураторо рабудаанд. Ин баҳона кормандони соҳа техникаи кории худро ба мавзеи дигар кӯчониданд...
Дар вохӯрии сайёр ин нукта ба ҳокими вилоят расонида шуд. Ҳоким ҳалли муамморо ба сарвари шуъбаи роҳсозии ноҳияи Нурато супорид. Таъкид намуд, ки муаммо то 12 августи соли равон бартараф гардонида, ба ман ҳисобот медиҳед. Инак дар давоми як ҳафта роҳи бештар аз як километрро хеле хушсифат, васеъ ва равон мумфарш гардониданд.
Ҳангоми мулоқот бо ҳокими вилоят масъалаи сифати таъмини барқ дар деҳоти номбурда мавриди баррасӣ қарор ёфта буд. Рӯзе пас аз мулоқот дастбакорони шӯъбаи таъминоти барқи ноҳия дар деҳаи Соб хатҳои нақли ҷараёни барқро ба танзим дароварда, нақли ҷараёни барқро аз трансформатори  дуюм роҳандозӣ намуданд. Ва фаъолияти худро аз ба танзимдарории хати ҷараёни барқи Симбулоқ идома доданд. Ба ҳамин тариқ ба танзим даровардани хатҳои нақли ҷараёни барқи Сойкалон (Эҷ) ва Сойхурд дар нақша аст.
Вохӯриҳои сайёр бо роҳбарони секторҳо, хосатан бо роҳбари аввали вилоят аз манфиат холӣ нест. Он муаммоҳое, ки солҳои сол ҳаллу фасли худро наёфта буданд, дар давоми як ҳафта ба манфиати мардум ҳалли худро ёфт. Корҳои созандагию бунёдкорона сарбаландона идома доранд.

Ӯзбакбойи РАҲМОН, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик».  

Вилояти НАВОӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: