Президенти Ӯзбекистон Сарвазири Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт

  • Президенти Ӯзбекистон Сарвазири Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт
  • Президенти Ӯзбекистон Сарвазири Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт
  • Президенти Ӯзбекистон Сарвазири Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт
  • Президенти Ӯзбекистон Сарвазири Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар доираи барномаи сафари давлатӣ ба Душанбе 19 апрел Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзодаро ба ҳузур пазируфт.

Масъалаҳои густариши минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқии Ӯзбекистону Тоҷикистон баррасӣ шуданд.

Сарвари давлати мо қайд кард, ки дирӯз Шартномаи таърихии муносибатҳои иттифоқӣ ба имзо расид. Ба ин муносибат аҳамияти аз ҷониби ҳукуматҳои ҳар ду мамлакат бечунучаро татбиқ намудани тамоми созишномаҳои дар сатҳи олӣ ҳосилгардида таъкид гардид.

Қайд гардид, ки барои ин мақсадҳо бояд “харитаи роҳ”-и муштарак таҳия намуда, мулоқоти сарвазирон ба таври мунтазам ташкил карда шавад.

Густариш додани гардиши мол, рушди тиҷорати наздисарҳадӣ ва инфрасохтори савдо, амиқсозии кооператсияи саноатӣ дар чунин соҳаҳо аз қабили автомобилсозӣ, энергетика, электротехника, истихроҷи маъдан, нассоҷӣ, дорусозӣ, кишоварзӣ ва ғайра вазифаҳои афзалиятноки муайян шудаанд.

Аҳамияти истифодаи комили иқтидори минтақаҳои ду кишвар, инчунин густариши табодули фарҳангиву гуманитарӣ махсусан қайд гардид.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: