САНЪАТ САРҲАД НАДОРАД

Дар театри драмавӣ-мусиқии Самарқанд ҳунарпешагони Театри давлатии академии ба номи устод Абулқосим Лоҳутии Тоҷикистон пас аз сафари эҷодӣ дар Сурхондарё асари мазҳакавии Холиқ Хурсандов «Баъди мурдан хоҳ ою, хо(ҳ) наё»-ро намоиш дода, бо кафкӯбӣ ва гулдастаҳои тару тозаи ҳозирон, инчунин туҳфаҳои хотиравии маъмурияти театри мазкур сарфароз шуданд.

–  Мо аз истиқболи самимонаи мизбонон хеле сарфароз гардида, аз барқарор гардидани риштаи дӯстии байни ду кишвари ҳамҷавор сипосгузор ҳастем, – иброз дошт директори театри ба номи Абулқосим Лоҳутӣ Абдукарим Машрабов, – ниҳоят пас аз чанд сол бо ташаббус ва дастгирии сарварони ду давлат – муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон дару дарвозаҳои баста ба рӯйи мардуми Ӯзбекистон ва Тоҷикистон кушода шуд. Фаромӯш набояд кард, ки ба қавли шоир:
Дӯстиро ҷустуҷӯ 
дорем мо,
Аз амонӣ гуфтугӯ 
дорем мо.
Ҳунарпешагони тоҷик бо ёдгориҳои таърихии Самарқанд шинос гардида, алалхусус аз маҷмӯаи навбунёди «Шаҳри абадӣ» як олам таассурот гирифтанд. 

Баҳодури ЗОҲИР, 
САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: