ТУРФА ШОГИРДЕ, КИ ДАР ҲАЙРАТ КУНАД УСТОДРО

Хушхабари аз фанни забон ва адабиёти тоҷик ғолиби зинаи ҷумҳуриявии олимпиадаи асосии фаннӣ шудани хонандаи мактаби рақами 39-уми ноҳияи Самарқанд Меҳрубон Мардонова барқвор паҳн гардид.

 Ва мо бо супориши рӯзнома ба таълимгоҳи мазкур рафтем, то устоду шогирдро бо комёбии назаррас шодбош гӯем ва суҳбате биороем.
Ин чӣ бахти бузург аст, ки ба туфайли талабаи адабиётдӯст мактабамон натанҳо дар вилоят, дар кишвари азизамон маълуму машҳур шуд, – гуфт бо ҳисси шодмонӣ сарвари таълимгоҳ Дилдора Ҳабибова. – Чанде пеш ҳокими ноҳия Сироҷиддин Усмонов бо роҳбаладии мудири шуъбаи таълими халқ Баҳриддин Мардонов барои муборакбодӣ омаданд ва ба устоду шогирд туҳфаҳои хотиравӣ супурданд. Муҳаррири бахши тоҷикии Ширкати симо ва садои вилоят Собирҷон Бурҳонов барои барномаи «Чашми дил» баъзе лаҳзаҳоро ба навор гирифта рафт. Ана ҳоло шумоён ҳамчун намояндагони рӯзномаи «Овози тоҷик» дар мактаби мо ҳастед. 
Медонам, мехоҳед дар бораи Меҳрубон ва устоди ӯ Ирода Давронова ба муштариён ҳикоя кунед. Бояд гӯям, ки Ирода Давронова муаллимаи навовар ва қолабшикан аст. Вай ҷараёни фикрронии хонандагон ва тарзи баёни онҳоро назорат намуда, дар мавриди зарурат барои пайдарпай, мантиқӣ, дар доираи мавзӯъ ва мутобиқи меъёрҳои забонӣ ифода кардани фикру андеша ба талабагон мусоидат мекунад. Ана барои чӣ шогирдонаш дар озмунҳои гуногун ҷойҳои фахрӣ мегиранд. Аҷибаш он аст, ки дар вақти бекор ба маънои том «иҷоранишин»-и китобхонаи мактаб мегарданд. Агар хато накунам, ҳозир ҳам бо шогирдонаш дар ҳамон ҷо бояд бошад.  
Мо бо роҳбаладии Дилдора Ҳабибова ба китобхона омада, устоду шогирдро саргарми интихоби асарҳои нав дидем.
– Талаба бояд ҳамвора ташнаи дониш, мутолиа, дар пайи андӯхтани илм бошад, – пас аз шинос ва аз мақсадамон огоҳ шудан иброз дошт Ирода Давронова. – Камолоти ҳар як шахс ба илму амал вобаста аст. Ман ин суханҳоро аз таҷрибаи худ мегӯям. Барои беҳтар намудани сатҳу сифати ҷараёни таълиму тарбия роҳу равишҳои наву муносибро ёфта, дар арсаи шинохт ва истифодаи қобилиятҳои зеҳнии хонандагон мо, омӯзгорон корҳои шоистае анҷом медиҳем, ки ба пешрафтҳои назаррас соҳиб мешавем. Пӯшида нест, ки яке аз роҳҳои шинохта ва маъмули инкишофи қобилияти фикрронӣ ва нутқи мураттаби хонандагон таваҷҷӯҳи онҳо ба кори эҷодӣ мебошад. Воқеан, шогирди ман Меҳрубон Мардонова аз синфи ибтидоӣ тарзи иншо навиштанро омӯхтааст, ки дар олимпиадаи ҷумҳурӣ кор дод.
– Муаллима дуруст мегӯянд, – ба суҳбат ҳамроҳ шуд Меҳрубон. – Аввал ман аз рӯи расм, сонӣ дар мавзӯи озод ва аз рӯи мавзӯи муайян иншо навиштанро омӯхтам.
– Ва таи се сол ғолиби озмуни вилоятӣ шудӣ, – муаллима шогирдашро хурсанд ба оғӯш кашид.
– Иншо муҳимтарин намунаи фаъолияти эҷодии хонандагон буда, дар тамоми марҳилаҳои таълим барои инкишофи қобилияти тафаккури эҷодӣ ва маҳорати сухангӯии хонандагон нақши созанда дорад, – суханашро идома дод Давронова. – Ёд дорам, он айём Меҳрубон дар синфи нӯҳум таҳсил мегирифт. Ман барои иншо мавзӯъ додам. Рости гап, навиштаи Меҳрубон ба ман писанд афтод. Ҳамон рӯз дар мактаб маҷлиси падару модарон баргузор шуда буд, ки модар ва модаркалони Меҳрубон барои дигар набераҳои мактабхон омаданд. Ман аз модари ӯ илтимос кардам, ки барои иҷрои вазифаи хонагӣ ба шогирдам шароит фароҳам оварад. Ва чунин шудааст, ки ӯ дар муддати кӯтоҳ ба комёбиҳои назаррас соҳиб шуд.
Дар озмуни ҷумҳурӣ, ки дар мактаби рақами 26-уми шаҳи Тирмиз баргузор гардид, аз ҳама даъвогарон бештар хол гирифт ва пирӯз гашт. Хурсандиовар аст, ки озмун шаффоф, ошкоро, боадолат гузашт, ки барои ин ба ташкилкунандагон миннатдорӣ изҳор мекунем.
– Меҳрубон, нақшаҳои ояндаи шумо аз чӣ иборат аст? – пурсидем аз ғолиби олимпиада.
– Имсол номаи камолро гирифта, ҳуҷҷатҳоямро ба факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд месупорам, – гуфт вай. – Ниятам чун устодам Ирода Шаҳриёровна омӯзгор шудан аст.
– Дар вақти холӣ бо чӣ корҳо машғул мегардед?
– Мутолиаи китобро дӯст медорам. Аз синфҳои ибтидоӣ асарҳои устод Садриддин Айнӣ, Пӯлод Толис, Сотим Улуғзода, Болта Ортиқов, тарҷумаҳои Чехов, Тургенев, Марк Твен, Андерсен ва дигаронро мехонам.
Мо ба Меҳрубон комёбиҳои нав ба нав таманно намуда, боварӣ ҳосил кардем, ки ӯ бо эҷодиёти хеш ба адабиёти тоҷик саҳми арзанда мегузорад. Бале, турфа шогирде, ки дар ҳайрат кунад устодро!

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик» 
дар вилояти Самарқанд.
Дар акс: Меҳрубон Мардонова бо устодаш Ирода Давронова.
Аксбардор: Баҳодури ЗОҲИР.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: