Бонки марказии Ӯзбекистон дар хариди тилло соҳиби ҷои дуюм

Бонки марказии Ӯзбекистон дуввумин харидори бузурги тилло шуд. Дар моҳи декабри соли гузашта ҷумҳурӣ 9 тонна металли гаронбаҳо харид. Дар ин бора World Gold Council хабар додааст.

Захираи тиллои ҷаҳонии бонкҳои марказӣ  дар моҳи декабр 28 тонна афзоиш ёфтааст. Туркия бузургтарин харидор боқӣ мемонад, ки захираҳои худро дар як моҳ 28 тонна зиёд кардааст. Пас аз Ӯзбекистон, Чин низ ба сегонаи аввал ворид шуд - 9 тонна.

Қазоқистон дар моҳи ахири соли гузашта ба фурӯшандаи асосии тилло табдил ёфт. Мамлакат назар ба як моҳи пештара панҷ баробар зиёд — дар моҳи декабр 10 тонна (дар моҳи ноябр 2 тонна) металли қиматбаҳо фурухтааст. Ғайр аз ин, Қирғизистони ҳамсоя моҳи декабр 2 тонна фурухтааст.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: