МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ ГРАФИКА

Графика (вожаи юнонӣ — graphike ва grapho ба маънои менависам, нақш, расм мекашам) навъи санъати тасвириест, ки сиёҳқаламӣ ва асарҳои нафиси чопӣ (ҳаккокӣ, литография ва ғ.)-ро дар бар гирифта, ба санъати наққошӣ (расмкашӣ) асос ёфтааст.

 Графика дар ибтидо ба маънои хат ва санъати хаттотӣ низ меомад. Асоси санъати графика усули песа (моҳирона ба кор бурдани тобишҳои ранги сиёҳу сафед) мебошад. Аз ин рӯ, дар графика баръакси дигар навъҳои санъати тасвирӣ, хелҳои гуногуни ранг кам истифода мешавад. Ғайр аз ин, тавре ки дар асарҳои наққошӣ дида мешавад, тафсилоти пурраю мукаммал хоси графика нест.
Графика бино ба таъиноташ, ба графикаи дастгоҳӣ (сиёҳқаламии дастгоҳӣ), китобӣ, рӯзномаву маҷаллавӣ (тасвир, санъати ороиши китоб), амалӣ (марка, эълоннома, диплом, ифтихорнома) ва плакат ҷудо мешавад.
Дар графика, баробари асарҳои навъи дигари санъат — наққошӣ, пайкарасозӣ, меъморӣ низ офарида мешаванд.
Графика аз давраи Эҳё инҷониб барои ифодаи ғояҳои пешқадам, тараннуми зебоии табиат, аз зиндагии инсон, инчунин, инъикоси ҳаёти маданӣ ва сиёсии халқҳо нақши муҳим доштааст.
Бисёр наққошони ҷаҳон Микеланжело. А. Дюер, Х. Рембрант. К. Хукосой, О. Дом, Ф. Мазерел, П. Пикассо, К. Коливис. В. Серов. В. Фоворский ва дигарон дар графика мумтоз будаанд.
Графикаи мардуми форсигӯй таърихи қадимӣ дорад ва бино ба маълумоти сарчашмаҳо намунаҳои он дар «Авасто», «Аржанг» дарҷ ёфтаанд, вале онҳо то замони мо нарасидаанд. Инчунин, дар мураққаъҳо (пораҳои матои гуногуни ба ҳам дӯхташуда, қуроқ) низ ба намунаҳои мукаммали асарҳои графикӣ метавон дучор омад.
Навъҳои гуногуни графика, аз ҷумла, сиёҳқаламиро намояндагони мактаби минётури форс-тоҷик Беҳзод, Қосималӣ, Ризо ва дигарон истифода бурдаанд.
Ба инкишофи графика махсусан равнақ ёфтани чопи китоб ва инкишофи матбуоти даврӣ таъсири назаррас гузошт. Аз ҷумла, графикаи тоҷик, алалхусус, графикаи рӯзнома, маҷалла ва плакат, ҳанӯз дар аввали солҳои 20-уми садаи ХХ инкишоф ёфта буд. Дар ташаккули он рӯзномаи «Овози тоҷик», «Бедории тоҷик» (бо иловаҳои мусаввари «Ширинкор», «Ҷаҳоннамо») ва маҷаллаҳои «Роҳбари дониш», «Мушфиқӣ» нақши муҳим доштанд.
Графика, махсусан графикаи китобӣ, солҳои 30-юм баробари кушода шудани комбинатҳои полиграфӣ, дар Осиёи Марказӣ инкишоф ёфтанд. Дар давраи ҷанг ва баъди ҷанг маҳорати касбии графикҳо баланд ва доираи мавзӯи эҷодиёташон васеътар гардид. Имрӯз низ бо усули графика осори баландмазмун офарида мешавад.

Таҳияи 
Д. АБДУЛЛОЕВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: