Кор рӯйи офаридани филми таърихие бахшида ба ду симои бузург оғоз ёфт
Кор рӯйи офаридани филми таърихие бахшида ба ду симои бузург оғоз ёфт
Президенти мамлакатамон муҳтарам Шавкат Мирзиёев моҳи июни соли сипаригардида, вақте сафари навбатиашро дар Тоҷикистон анҷом медод, дар шаҳри бостонию бӯстонии Хуҷанд пешниҳодеро ба миён гузошт, ки ин буд: «Фикр мекунам, вақти эҳё намудани анъанаҳои хуби киносозони ду давлат фаро расидааст. Ман басе мехостам филми бадеие дар бораи дӯстии ду халқ, хоссатан, дар бораи дӯстии Абдураҳмони Ҷомию Алишер Навоӣ ба навор гирифта шавад. Сарфи назар аз мушкилоти пешистода, мо бояд ин корро анҷом диҳем. Насли ҷавон бояд дар бораи таърих, аҷдод ва дӯстии рахнанопазири халқҳоямон маълумоти кофӣ дошта бошад».
Ин пешниҳоди зиндагисозро аҳолӣ, зиёиён, аҳли илму адаб ва киносозони ду кишвар гарм пазируфтанд. Пешвои миллати тоҷик, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар тақвияти ин пешниҳоди созанда изҳор дошт: «Муносибатҳои Ҷомию Навоӣ намунаи дӯстии мустаҳками пиру мурид, устоду шогирд ва қадрдонию қадршиносии орӣ аз ғараз буд. Ҷомӣ Навоиро дар боғи дӯстӣ ба шохи вафо монанд кардааст. Навоӣ ба муносибати вафоти Ҷомӣ як сол азо гирифта, ба ӯ марсияи пурсӯзу гудозе бахшидааст. Ин марсия дар адабиёти форс-тоҷик аз беҳтарини шеърҳост».
Бале, мо дар бораи дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек бисёр гуфтаему мегӯем. Вале бузургоне чун Ҷомию Навоӣ дар амал нишон додаанд, ки дӯстии беғараз чӣ гуна мешавад. Ду дунё барои душманӣ танг аст, вале дӯстони беғараз метавонанд рӯйи марзе ба андозаи як гилем қонеъ ва хушдилу хушҳол ба сар баранд.
Ҳоло бо иштироки ходимони кинои ду мамлакат корҳо оиди офаридани филми бадеӣ дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ шурӯъ шудаанд. Хабарнигорамон доир ба рафти корҳо дар ин самт бо ҷонишини директори Агентии кинематогафияи Ӯзбекистон Шуҳрат Ризоев суҳбат орост.
— Акои Шуҳрат, доир ба рафти офаридани филми бадеӣ дар бораи ду симои бузург — Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ сухане чанд мегуфтед.
— Ҳамагон огоҳӣ доранд, ки роҳбари давлатамон моҳи июни соли сипаригардида дар рафти сафари хеш ба Тоҷикистон ин пешниҳодро ба миён гузошта буд. Пешниҳодро ҷониби Тоҷикистон бо қаноатмандӣ пазируфт. Бояд гуфт, ки доир ба муносибатҳои ду симои бузург — Абдураҳмони Ҷомию Алишер Навоӣ осори зиёди илмию бадеӣ ва филмҳои мустанад офарида шудаанд. Аммо то имрӯз дар филмҳои офаридашуда муносибатҳои дӯстонаи ду нобиғаи давр ба андозаи кофӣ рӯшан карда нашудааст. Мисолан, дар филми бадеии «Алишер Навоӣ», ки соли 1947 аз ҷониби Комил Ёрматов ба навор гирифта шудааст, симои Ҷомӣ хира ба назар мерасад. Муносибатҳои дӯстонаи ду шоири бузург дар осори худашон низ ифода ёфтааст. Бо вуҷуди ин, дар ҳар ду мамлакат аз ҳисоби олимон барои ҷамъоварии адабиёте, ки мавзӯи мавриди назарро фаро мегиранд, гурӯҳҳои корӣ созмон дода шуд. Бино ба адабиёт ва маълумоти фароҳамовардашуда бо иштироки киносозони ду ҷумҳурӣ сенария офарида мешавад. Дар айни ҳол сенариянависон Рустам Ҷабборов (Ӯзбекистон) ва Сафар Ҳақдодов (Тоҷикистон) ба кор шурӯъ кардаанд. Коргардонҳои филм Фурқат Усмон (Тоҷикистон) ва Файзулло Файз (Ӯзбекистон) ба дунболи коранд.
Баъди таълифи сенария корҳои либосдӯзӣ, интихоби актёрон, саҳнасозӣ... оғоз меёбад. Рафти корҳо аз тариқи онлайн таҳти назорат гирифта шудааст.
— Барои алоқамандони кино донистани он, ки дар ин филми таърихӣ нақшҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоиро кадом актёрон мебозанд, мароқангез аст. Дар ин хусус чизе гуфта метавонед?
— Таассуф, ки гуфта наметавонам. Зеро сенарияи филм ҳанӯз омода нашудааст. Фикр мекунам, киносозони ҳар ду ҷумҳурӣ дар рафти корҳо ба як қарор меоянд.
— Мо бар онем, ки киносозони ҳар ду ҷумҳурӣ як филми пурмуҳтаво, диданӣ ва ибратпазиреро ба мардум пешниҳод менамоянд. Филмро тамошобинони сатҳи донишу ҷаҳонбиниашон гуногун тамошо мекунанд. Шунидем, ки филм дар тӯли як сол омода мегардад. Оё дар ин муддат метавон як филми таърихии мукаммал офарид?
— Барои ба навор гирифтани филм як муддати муайян пешбинӣ нашудааст. Сенарияро навишта истодаанд. Баъди ба охир расидан онро аъзои комиссияи муштарак, ки аз ҷониби ду мамлакат интихоб шудаанд, таҷдиди назар менамояд. Сипас он аз назари Шӯрои бадеӣ мегузарад.
— Ин ду нобиға дар қаламрави Афғонистони ҳамсояи имрӯза ба сар бурдаанд. Ҳоло дар ин кишвар ҷанг идома дорад. Гуфтанӣ будам, ки киносозон бобати ба навор гирифтани манзараҳо ва муҳити зист дар кишвари ҳамсоя ба мушкилиҳо мувоҷеҳ намешаванд?
— Албатта, корҳои банаворгирӣ дар Афғонистон ба ҷараёни зиндагӣ дар он мамлакат вобаста аст. Фикр мекунам, роҳи ҳалли ин масъала ёфт мешавад ва мо ба мақсад мерасем...
— Ин сухан ба Ленин тааллуқ дорад, ки гуфтааст: «Кино беҳтарини санъатҳост...»
— Ин сухан ба он маънист, ки тамошобин дар кино муҳтавои як ҳодисаро бо иштироки қаҳрамонон ва персонажҳо зинда пеши назар оварда метавонад. Мисли ин аст, ки шумо дар тӯли як ё ду соат аз як китоби бузургҳаҷме баҳра бурда бошед. Дар китоб манзараҳо ва симои қаҳрамононро тасаввур менамоед, дар кино бошад ҳамаро мебинед...
Фикр мекунам, вақте халқҳои мо доир ба дӯстии ибратпазири ду симои бузург — Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ филмеро тамошо мекунанд, беш аз пеш ба якдигар наздик мешаванд. Мегӯянд, ки Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ ба рамзи дӯстии халқҳои ӯзбеку тоҷик табдил ёфтаанд. Филми мазкур ин маъниро рӯшантар ба маъраз мегузорад.
Дӯстии халқҳои ӯзбеку тоҷик на як бору ду бор аз имтиҳони таърих гузаштааст. Ягон нерӯ ин ду халқи ҳамқисматро аз ҳам ҷудо карда натавонистааст. Ба қавли Хоҷа Ҳофиз:
Аз ҷон тамаъ буридан
осон бувад, валекин,
Аз дӯстони ҷонӣ мушкил
тавон буридан...
— Барои суҳбати пурмуҳтавоятон ташаккур.
— Саломат бошед.
А. СУБҲОНОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик».