Президент бо футболбозони ҷавон ва мутахассисони соҳа табодули афкор кард

  • Президент бо футболбозони ҷавон ва мутахассисони соҳа табодули афкор кард

Сарвари давлатамон аз Маркази дастаҳои мунтахаби футбол, ки дар ноҳияи Юқоричирчиқ сохта мешавад, боздид кард.

Ин марказ дар ҳамкорӣ бо Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) ташкил шудааст. Ҳоло стадиони дорои 8000 ҷой сохта шудааст. Сохтмони боз 7 майдони тамрин, майдони футболи соҳилӣ, майдони футболи хурд, ҳавзи шиноварӣ, маҷмааи барқарорсозӣ, хобгоҳҳо дар назар аст.

Дар суҳбат бо шахсони расмии соҳа масъалаҳои ҷалби директори баландихтисос аз хориҷи кишвар, рушди тамоми сохтори футбол мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Оид ба ташкили пойгоҳи минтақавӣ дар Қароқалпоқистон, Қашқадарё, Ҷиззах, Намангон ва Тошканд, такмил додани мактабҳои мураббиён супоришот дода шуданд.

Президент ба масъалаҳои оммавӣ гардондани футбол дар байни ҷавонон ва фароҳам овардани шароит барои он таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуд.

– Футбол дар Ӯзбекистон як намуди дӯстдоштаи варзиш аст. Гуфтан мумкин аст, ки аз даҳ нафар нӯҳ кас ба он шавқу ҳавас дорад. Аз ин маъруфият истифода бурда, футболро ба таври куллӣ инкишоф додан лозим аст. Масалан, дар мамлакати мо 10 ҳазор мактаб, 208 ноҳияву шаҳр ҳаст. Пас, футбол дар мактаб, дар маҳалла, дар ҷамоаҳо чӣ гуна мешавад? Чӣ бояд кард, то кӯдакони дӯстдори футбол худро дар ин соҳа нишон диҳанд? Сеюм, мо бояд фикр кунем, ки ҷавононе, ки карераи футболи худро ба анҷом расонидаанд, бо чӣ кор машғул хоҳанд шуд, ба онҳо чӣ гуна касби иловагиро омӯзонд, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

Сарвари давлат бо футболбозони наврас низ суҳбат кард.

– Халқи мо футболро хеле дӯст медорад. Футбол ҳамчун "дӯсти оила". Ҳамаи мо баромади командаи яккачини миллиамонро бо ифтихор ва ҳаяҷонн калон тамошо мекунем. Дар оила шумо фарзандони падару модари худ ва дар майдон фарзандони тамоми халқи мо ҳастед. Инро ҳамеша дар хотир нигоҳ доред, – гуфт Президент.

Аҳамияти ташаккули ҳисси Ватан дар байни футболбозон қайд карда шуд.

– Футболбозон дар саросари ҷаҳон сафар мекунанд, дар дастаҳои хориҷӣ бозӣ мекунанд. Бояд онҳо таъриху шароити Ӯзбекистонро хуб донад. Онҳо сафирони иродаи неки мо, намунаи ибрат барои кӯдаконанд, – гуфт роҳбари давлат.

Масъалаҳои дар кишвар ривоҷ додани тибби футбол ва барқарорсозӣ дар асоси дастовардҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ низ баррасӣ шуданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: