ШАРАФМАНДИИ ИНСОН БА НОМИ Ӯ НИЗ ВОБАСТА АСТ

Дар байни маърифатдӯстони кишварамон олимони нуктасанҷу донандаи илмҳои таърих бисёранд, ки туфайли онҳо мо саҳифаҳои таърихи бостониро аз нав варақ зада, навигариҳои илми он замонро барои худамон бори дигар кашф менамоем.

Яке аз чунин олимони ҳамадон фарзанди асили Бухорои Шариф Комилҷон Раҳимов мебошад, ки муштариёни рӯзномаамон ӯро аз тариқи мақолаҳои ба илми тасаввуф бахшидааш мешиносанд.
Комилҷон соли 1982 дар шаҳри Бухоро таваллуд ёфтааст. Пас аз хатми мактаби миёна  дар даргоҳҳои муқаддаси илмии Бухоро – мадрасаи Мири Араб ва дар самтҳои бакалавру магистратураи факултаи филологияи ӯзбеки Донишгоҳи давлатии Бухоро таҳсили илм намудааст. Ӯ бо ин қонеъ нагашта, аз ҳисоби гранти давлатӣ дар факултаи забони арабии Донишгоҳи Қоҳира  такмили ихтисос намуд.  Дар ин муддат баробари таҳкими илму дониши худ пайваста ба донишҷӯён ва омӯзгорони ин донишгоҳ таҳти мавзӯъҳои  “Қадамҷойҳои исломии Ӯзбекистон”, “Урфу одатҳои миллии мардумӣ”, “Ёдгориҳои меъмории Бухоро” ва «Мактаби хаттотии Бухоро”  ба забони арабӣ маърӯзаҳо эрод намуд. Мақолаҳои ӯ дар ин забон дар рӯзномаҳои “Ал-Аҳром”, “Ал-Масаия”, “Абу-л-ҳавл” рӯйи чопро дидаанд. 
Соли 2018 кори илмиро таҳти мавзӯи “Асари “Шарҳ ат-Таарруф”-и Мустамлии Бухорӣ ва таъсири он ба манбаъҳои тасаввуфи Мовароуннаҳру Хуросони асрҳои XI-XV” анҷом дода, доктори фалсафа оид ба фанҳои таърих (PhD) гардид. Соли 2022 барои гирифтани дараҷаи илмии доктори илм оид ба фанни таърих (Dsc) таҳти мавзӯи “Решаҳои таълимоти Хоҷагон-Нақшбандия ва манбаъҳои ташаккулёбии он (асрҳои IX-XIV )” кори илмии навбатиро бомуваффақият анҷом дод. Ӯ ҳамчун катибашинос, ховаршинос, манбаъшинос ва тасаввуфшинос корҳои зиёдеро ба анҷом расондааст.
30-то монография, 2 маҷмӯаи илмӣ ва беш аз 250 мақолаи дар нашрияҳои маҳалливу хориҷӣ чопгардида собит месозад, ки Комилҷон Раҳимов яке аз олимони серкор мебошад. Ғайр аз ин, мавсуф бо зиёда аз 60 маърӯзааш дар конфронсҳои илмиву амалӣ ва илмиву назарии маҳалливу хориҷӣ иштирок намудааст.
Ҳар як таҳқиқоти илмии ӯ дар омӯхтани пайдоиш, рушд ва аҳамияти тасаввуф нақши алоҳида дорад. Ӯ  соли 2011 монографияи аввалини худро бо ҳамкории Наҷмиддин Комилов (рӯҳаш шод бод!) таҳти мавзӯи “Тариқати Хоҷагон ва рушди илмҳои ирфониву фалсафӣ дар Бухоро (асрҳои IX-XV)” ва монографияи навбатӣ “Таърихи тасаввуфи Мовароуннаҳр: ташаккул ва танзими он (асрҳои VIII-XI)”-ро соли 2021  ба чоп расонд, ки ин таҳқиқот  оид ба масъалаҳои ба вуҷуд омадани тасаввуф дар Осиёи Марказӣ, тариқати Нақшбандия, ҳаёт ва фаъолияти ҳафт пирро дар бар мегирад. Монографияи дуюм дар хориҷ  ба забонҳои русӣ, тоҷикӣ, қазоқӣ, озарӣ, туркӣ ва арабӣ низ рӯйи чопро дидаанд.
Бухорои Шарифро аҳли олам ҳамчун қуббат ул-исломи дин хуб медонанд. Таҳқиқотҳои навбатии муҳаққиқ  низ ба нақши ин шаҳри қадима дар рушди илмҳои исломӣ бахшида шудааст. Инчунин, “Бухоро: шаҳри қуббат ул-ислом” ва рисолаи илмиву таърихие, ки ба фаъолияти яке аз устодони Имом ал-Бухорӣ – Абӯҳафси Кабири Бухорӣ бахшида шудааст, “Алломае, ки Бухороро қуббат ул-ислом кардааст” аз ин ҷумла мебошанд.
Корҳои муҳаққиқ дар соҳаи тарҷумонӣ низ беназир аст. Ӯ асарҳои “Адаб ун-нафс” ва “Хатм ул-авлиё”-и Ҳаким Тирмизӣ, ҷузъи ба алломаҳои Мовароуннаҳр бахшидаи асари “Ал-Ансоб”-и Абдулкарим ас-Самъонӣ (бо ҳамкории Абдулғафури Бухорӣ) аз забони арабӣ, асари “Макорим ул-ахлоқ”-и Ғиёсиддини Хондамир, ки ба ҳаёт ва фаъолияти Алишери Навоӣ бахшида шудааст, “Таърихи Муллозода”-и Аҳмад ибн Маҳмуд Бухорӣ, “Васиятнома”-и Хоҷа Абдулхолиқи  Ғиждувонӣ, “Орифнома”-и Хоҷа Орифи Ревгарӣ, “Рисолаи Азизон”-и Хоҷа Алии Рометаниро аз забони форсии тоҷикӣ ба забони ӯзбекӣ тарҷума кардааст.
К. Раҳимов ҷиҳати аз наздик ошноӣ пайдо кардани ҳамдиёрону хориҷиён бо мероси илмиву таърихӣ ва маданиву маърифатии кишвар низ шуғл меварзад. Аз ҷумла, ӯ аз соли 2008 инҷониб вазифаи ҷонишини сармуҳаррири  маҷаллаи илмиву ирфонии “Нақшбандия”-ро  дар ӯҳда дорад. Инчунин,  аз соли 1994 дар маркази маҷмӯи Баҳоуддини Нақшбанд анҷумани илмиву амалии “Нақшбандхонӣ” гузаронида мешавад, ки Раҳимов ташкилкунандаи  доимии ин анҷуман мебошад.    
Бояд таъкид намуд, ки солҳои охир робитаи илмии олимони Ӯзбекистон бо доираҳои илмии мамлакатҳои хориҷӣ, аз ҷумла, бо олимони Русия ва ташкилотҳои илмию маънавии он рушд меёбад. Хусусан, алоқаи шарқшиносони мамлакатамон бо Идораи маркази динии мусулмонони Русия мақоми ҷудогона дорад. Бинобар қарори раёсати ин идора ва фармони раиси он, Сармуфтӣ Шайхулислом Талъат Сафо Тоҷиддин соли ҷорӣ барои саҳми муносибаш бобати дар ҳудуди шӯрои собиқ барқарор намудани арзишҳои динию ахлоқӣ ва рушд додани бедории динию ахлоқӣ ва мустаҳкам намудани сулҳ, дӯстию якдигарфаҳмии байни халқҳои Русияю Ӯзбекистон, инчунин хидматҳои дигараш Комилҷон Раҳимов бо ордени идораи мазкур “Вера и честь” (“Боварӣ ва шараф”) тақдиронида шуд. Ин мукофот эътирофи хидматҳои арзандаи олим дар хориҷи мамлакат ва самараи интишорёбии асарҳои ӯ, иштироки фаъолонааш дар тадбирҳои илмии манбаъшиносӣ, исломшиносӣ ва таърихи тасаввуф дар Русия мебошад.
Ба қарибӣ 500-солагии мадрасаи Мири Араб, ки ҳазорон олимону донишмандони ҷаҳонро илму адаб омӯхтааст, васеъ ҷашн гирифта шуд. Конфронси байналхалқие, ки бахшида ба ин сана  таҳти мавзӯи “Нақши Бухорои куҳан дар тамаддуни ислом” баргузор шуд, узви Форуми осудаҳолии Абу-Дабӣ, муфтиҳои мамлакатҳои Миср, Озарбойҷон, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Туркманистон, олимони  исломшинос ва намояндагони зиёди соҳа иштирок намуданд.
Дар конфронс ба як гурӯҳ ҳамватанонамон, ки дар омӯзишу тарғибу ташвиқи мероси илмиву мадании аждод  ва азнавбарқарорсозии арзишҳои маънавӣ ҳиссаи муносиб гузоштаанд, мукофотҳои байналхалқӣ супорида шуд. Аз ҷумла, мувофиқи фармони раиси яке аз ташкилотҳои бонуфузи мусулмонони Русия — Маркази мувофиқгардонии мусулмонони Қафқози Шимолӣ Муфтӣ, шайх Исмоил Бердиев, доктори илмҳои таърих, ходими илмии пешоҳанги Донишкадаи шарқшиносии ба номи Абӯрайҳони Берунӣ Комилҷон Раҳимов бо ордени “За утверждение духовных ценностей” (“Барои хидматҳояш дар муқаррар намудани арзишҳои маънавӣ”) тақдир шуд.
Шарафмандии инсон ба ному насаби ӯ низ вобастагии қавӣ дорад. Комилҷон кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки  бо роҳи донишомӯзию такмили илму малака худшиносу хештаншинос гардад.
Меҳнатдӯстию хоксорӣ, худогоҳию ватандӯстӣ, садоқат ба фазилатҳои ҳамидаи аҷдод сифатҳои ба худ хоси вай  мебошад. Ӯ мехоҳад оламу одамон аз дурдонаҳо – мероси гаронбаҳои маънавии аҷдод бархурдор бошанд. 
     Набия НОДИРОВА,
хабарнигори “Овози тоҷик”.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: