ЗАМИН БАРОИ ҶАВОНОНИ БЕКОР

Дар ҷамъомади видеоселекторӣ, ки сарвари давлатамон зимни сафари худ ба вилояти Қашқадарё баргузор намуд, барои бо ҷойи кор таъмин намудани ҷавонони бекор ва дар ин замина ташаккул додани «таҷрибаи Қашқадарё» супориш дода шуд, ки заминҳои байни қаторҳои боғу токзорҳо тақсим карда шаванд.

Дар доираи татбиқи супоришоти мазкур дар ноҳияи Яккабоғ дастур дода шуд, ки дар байни қаторҳои боғи корхонаи хусусии «Дармон ферма» барои ҷавонон 12 гектар замин ҷудо карда шавад, то онҳо бо усули «туқсонбости» сабзавот парвариш кунанд. Инчунин ба ҷавонон 100 килограмм сирпиёз ҷудо карда шуд.
Инчунин, дар ҳудуди маҳаллаи «Эсат»-и ноҳия бо мақсади ташкил намудани боғи ҷавонон дар 30 гектар замин ба ихтиёри ҷавонони бекор 22 ҳазору 500 дона қаламчаҳои ток дода шуд.
Дар семинар намояндагони аҳли ҷамъият ва ҷавонони бекор иштирок доштанд.
Дар ноҳияи Яккабоғ барои бо боғпарварӣ шуғл варзидани ҷавонон 350 гектар, токпарварӣ – 150 гектар ва кишт бо усули «туксонбостӣ» – 30 гектар ҷудо карда шуд. Ба ин раванд 424 нафар ҷавонон ҷалб карда шуданд. Дар назар аст, ки аз ҳисоби кори иловагӣ онҳо соҳиби манбаи даромад шаванд.
     
Улмас БАРОТОВ, мухбири ӮзА.
Суратгир: Ҷ. НОРҚОБИЛОВ (ӮзА).

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: