Варзишгарони ватанӣ ба марҳалаи финалии Ҷоми ҷаҳон роҳхат ба даст оварданд

Мунтахаби ҷавонони Ӯзбекистон дар мусобиқоти «FEI Jumping Nations Cup Eurasia League» дар Қирғизистон дар барномаҳои инфиродӣ ва даставӣ ғолиб омада, ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳонӣ роҳ ёфт.

Дар мусобиқа шарафи кишварамонро раиси Федератсияи асппарварӣ ва аспдавонии Ӯзбекистон Баҳромҷон Ғазиев, Бекзод Қурбонов, Нурҷон Туяқбоев, Аъзам Толиббоев ва Хуршидбек Алимҷонов ҳимоя карданд. Дар намуди дуюми барнома аспсаворони ватанӣ бо баландии монеаи 150 сантиметр бидуни холҳои ҷаримавӣ мусобиқаро анҷом дода, ҷои аввалро гирифтанд. Аз пайи онҳо намояндагони Қирғизистон, Қазоқистон ва Русия ҷой гирифтанд.

Бояд гуфт, ки марҳилаи ниҳоии Ҷоми Миллатҳо, ки аз рӯи барномаи даставӣ барпо мегардад, моҳи октябр дар шаҳри Барселона (Испания) баргузор мешавад. Дастаи ватанӣ бори сеюм аст, ки ба ин мусобиқаи бонуфуз роҳхат мегирад.

Ҳамчунин, мунтахаби Ӯзбекистон бинобар ҷамъбасти мусобиқот дар Қирғизистон аз рӯи барномаи инфиродӣ ба финали Ҷоми ҷаҳонӣ роҳ ёфт. Ин мусобиқа соли 2024 дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: