Дар ҷаҳон зиёда аз 205 давлат мавҷуд.
Дар ҳар яки он даҳҳо халқу миллат зиндагӣ мекунад, урфу одат ва арзишҳои миллии онҳо мухталиф. Ҳар яки он дорои бозиҳои миллӣ ва мусобиқаҳои гуногун. Аммо ба дараҷаи ҷаҳонӣ баромадани бозиҳои миллӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ на ба ҳамаи халқҳо насиб гардидааст.
Агар англисҳо тобеъ ё мустамликаи ягон давлати бегона мешуданд, оё бозии футбол ё бокс, ки имрӯз тамоми ҷаҳон ба он таваҷҷуҳ дорад, чунин шуҳратёр мешуд? Агар ақлу заковат, иродаи мустаҳками аҷдоди самурайҳо-ҷопонҳо, ки дар ҷазираи хурде давлати бузургеро сохтаанд, намебуд, магар дзюдо ва каратэ дар ҷаҳон оммавӣ шуда метавонист?
Албатта, дар ҷомеа васеъ паҳн шудани ҳар як навоварӣ ба он вобастааст, ки инсонҳои донишманду бузурги он дар тадбиқи ин ғоя умри худро дареғ надошта, муттаҳид шуда, бо неруву иродаи мустаҳкам хидмат карда тавонистаанд.
Дар мамлакатамон – Ӯзбекистони Нав – имкониятҳои нав, офаридани пойгоҳи Эҳёи сеюм, ҷорӣ намудани тамоюли ба сӯйи ҷомеаи пурқуввати шаҳрвандӣ, ки аз ҷониби роҳбари давлат ба миён гузошта шудааст, хоҳишу иродаи халқест, ки бо меҳру муҳаббат, фидокорона умр ба сар мебаранд.
Мадҳияи Ӯзбекистони мустақил, ки имрӯз онро бо фахр мехонем, оё дар майдонҳои ҷаҳонӣ баланд садо медод? Парчами давлати мо дар олимпиада ва чемпионати ҷаҳон ба шарафи варзишгарони оташқалби мо сарбаландона партавфишонӣ мекард?
Дарҳақиқат, дар арафаи тантанаҳои 31-солагии Истиқлолияти кишвар ҳолати аввала ва имрӯзаи тарбияи ҷисмонӣ ва спорти мамлакатамон пеши назар намоён мегардад.
Дар солҳои аввали Истиқлолият ҳукумати ҷумҳурӣ танҳо ба майдони байналхалқӣ баромадани кураши ӯзбек, ба масъалаи оммавӣ гардонидан ва дастгирии моддиву маънавии он эътибори алоҳида дода бошад, дертар ба сафи он гӯштии миёнбанд, санъати ҷанги ӯзбек, Турон ва бузкашӣ барин бозиҳои миллӣ ҳамроҳ шуданд. Алҳол олимону мутахассисон оиди истилоҳоти як қатор бозиҳои варзишӣ кор мебаранд, ки ин ҳам аз ғанӣ будани мероси маънавии халқамон дарак медиҳад.
Роҳбари давлат дар ҷамъомади видеоселекторӣ, ки моҳи январи солӣ ҷорӣ баргузор шуда буд, чунин таъкид намуд: “Дар барпо намудани Ӯзбекистони Нав ба ду сутуни мустаҳкам, яъне ба иқтисодиёти бузург, ки дар асоси тамоюлҳои бозор ба миён меояд, инчунин ба мероси маънавию маданӣ, миллии аҷдодонамон бояд такя намоем. Маънавият –пойдевори сифат ва мазмуни муносибатҳои сиёсиву иҷтимоии ҷамъият ба шумор меравад”.
Дарҳақиқат, намудҳои спорти миллӣ, ки аз бозиҳои халқӣ сарчашма мегирад, қисми муҳими маънавияти халқ буда, ҳукумати ҷумҳурӣ ба рушди он дар майдонҳои байналхалқӣ эътибори бузург медиҳад.
Аз оғози соли 1991 танҳо ба рушди намуди варзиш – кураш ҳаракатҳо оғоз шуда бошанд, аз соли 2018 сар карда, ба туфайли эътибори алоҳидаи президентамон он расман ба мақоми Бозиҳои Осиёии кураш бардошта шуд.
Дар тӯли 3-4 соли гузашта доир ба рушди кураш, мустаҳкам намудани пойгоҳи моддиву техникии он, ба арсаи байналхалқӣ бардоштани он як қатор қарорҳои таърихӣ қабул карда шуданд, барномаву нақшаҳо, “харитаи роҳ” таҳия карда шуд.
Аниқтараш, эътибор ба кураш аз ин 20 сол пеш оғоз ёфта бошад ҳам, ташкилоти ваколатдори ин намуди спорт – Федератсияи кураши Ӯзбекистонро на маблағ буду на манзили асосӣ. Ба сифати ташкилоти нодавлатию нотиҷоратӣ фаъолият нишон медод, ходимони он моҳҳо, баъзан солҳо бе маош меҳнат мекарданд. Ин бошад ба рушди ин намуди спорт таъсири манфӣ мерасонд. Имрӯз-чӣ?
Имрӯз Федератсияи кураши Ӯзбекистон ба саридора, ба шуъбаҳои вилоятиву ноҳиявӣ, ба таъминоти моддиву маънавӣ соҳиб аст. Ин на танҳо барои марҳилаи нави инкишофи спорти миллии мо,балки барои дар мамлакат мунтазам ба роҳ мондани маҳфилу мусобиқаҳои гӯштини миллӣ таҳти мавзӯъҳои “Сарзамине, ки паҳлавони бисёр дорад, қудратнок аст”, “Гӯштӣ – ғурури миллии мост” ва ғайра замина фароҳам овард.
Дар натиҷа, дар минтақаҳо даҳҳо тренерҳои ҷавон бо кор таъмин гардиданд, ҳазорҳо ҷавонписарону ҷавондухтарон бо варзиш машғул шуданд. Ғайр аз ин, бино ба нақшаи федератсия дар ҳамаи гӯшаҳои кишвар мусобиқаҳои “Ҷоми прокурор”, “Ҷоми ҳоким”, “Паҳлавонони маҳалла” ташкил карда шуданд. Баробари ин дар турнири байналхалқии “Барои ҷоми Президенти Ӯзбекистон”, ки дар мамлакатҳои хориҷӣ гузаронда шуд, иштирок карданд. Аз ҷумла, тавассути мусобиқаҳои гӯштӣ, ки дар Олмон, Булғория, Туркия, Фаронса барин давлатҳо баргузор шуд, санъати миллӣ, ҳунармандӣ, таомҳои миллиамонро ба таври васеъ армуғон намуданд. Хориҷиён аз ин лутфу марҳамат ва меҳмондӯстӣ баҳраманд гардиданд.
Ҳамаи ин дастовардҳо тантанаҳои истиқлолият ва орзуву ормони асринаи халқамон мебошад. Ин тантанаҳо ғояи ҳаётбахши “Дар Ӯзбекистони Нав халқ азиз, инсон азиз”-ро ифода менамояд.
Имрӯз мо, ӯзбекистониҳо аз ҷумлаи онҳое ҳастем, ки гӯштинро ҳамчун як намуди варзиш барои ба яке аз машғулиятҳои оммавитарини ҷаҳонӣ табдил додан ба роҳ баромадаем. Чӣ қадар машаққат доштани ин роҳро медонем. Аз ҳама муҳимаш, пойдевори он дар асоси тамоюли Ӯзбекистони Нав мустаҳкам мегардад, ки ин бешубҳа, оғози пешравию зафарҳои нав мебошад.
Ба гуфтаи роҳбари давлат “...пойдевор чӣ қадар мустаҳкам бошад, халқ ҳам, давлат ҳам ҳамон қадар нируманд мегардад ва бо такя ба ин замин мо метавонем асосҳои Эҳёи сеюмро барпо намоем”.
Тӯлқин РӮЗИЕВ,
мухбири ӮзА.