Велосипедронони Ӯзбекистон бори аввал дар Бозиҳои олимпӣ чор роҳхат ба даст оварданд

Давраи ғун кардани холҳои рейтингӣ дар Олимпиадаи Париж-2024 дар самти велосипедронии шоҳроҳ ба охир расид.

Боиси хушнудист, ки аз рӯи натиҷаҳои раддабандии эълонкардаи Иттиҳодияи байналмилалии дучархасаворон (UCI) ба тими занонаи дучархасаворони Ӯзбекистон 3 литсензия ва мардон 1 литсензия дода шуданд.

Ду иҷозатнома дар тоифаи занон ба мусобиқаҳои гурӯҳӣ ва 1-то ба барномаи пойгаи инфиродӣ тааллуқ доранд. Ба духтарони мо муяссар шуд, ки 1942 хол гирифта, дар байни 103 командае, ки дар ин силсила иштирок доштанд, ҷои 17-умро ишғол намоянд. Бояд гуфт, ки нишондоди тими занонаи Ӯзбекистон дар байни мамлакатҳои Осиё баландтарин мебошад.

Инчунин, тими мардона бо 1228 имтиёз дар байни 105 иштирокчӣ мақоми 32-юмро касб кард. Бо ин натиҷа онҳо имкони ширкат дар сабқати гурӯҳӣ пайдо карданд. Тибқи низомнома, ҳамаи квотаҳо барои тими миллӣ пешбинӣ шудаанд. Ситоди мураббиён баъдтар номи дучархасаворонеро, ки дар Олимпиадаи Париж-2024 хати старт мегиранд, эълон хоҳанд кард.

Бояд тазаккур дод, ки дастаи велосипедронии Ӯзбекистон бори нахуст 4 литсензия ба бузургтарин мусобиқоти чорсола ба даст овардааст.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: