Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷои-заи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ҷоизаи ҷавонони Тоҷикистон ва ба номи Мирзо Турсунзода, дорандаи ордени «Шараф» — Фарзонаи Хуҷандӣ 3-юми ноябри соли 1964 дар шаҳри Хуҷанди бостонию бӯс-тонӣ дида ба дунё кушудааст.
Маҷмӯаи нахустини ашъораш — «Тулӯи хандарез» (1987) бо пешгуфтори устоди бузурги шеъри муосири форсӣ Лоиқ Шералӣ рӯйи чопро дида буд.
«Шабохуни барқ», «Ояти ишқ», «Паёми ниёкон» (чопи Эрон), «То бекаронаҳо», «Меъроҷи шабнам», «Булбуле дар қафаси синаи ман», «Мӯҳри гули мино», «Гузидаи ашъор» (чопи Белорусия), «Парниёни ҷон», «Набзи борон» (чопи Теҳрон), «Ҳама гул, ҳама тарона» дафтарҳои шеърии навбатии ӯянд, ки дар солҳои гуногун ба дасти чоп расидаанд.
Дар нашриёти «Советский писатель» (Маскав) гулчини ашъораш бо номи «Двадцать лепестков» («Бист барги сабз») ба табъ расидааст. Ҳамчунин, силсилашеърҳояш дар ИМА, Англия, Олмон, Фаронса, Миср, Арабистони Саудӣ ба дасти нашр расидаанд.
Соли 2014 дар ҳаёти адабӣ ва шоираи рангинхаёл ҳодисаи масарратбахше рух дод: девони ғазалиёти ӯ бо ороиши пероиши назаррабо ба дасти алоқамандони каломи бадеъ расид. Дар пешгуфтори ин девони гаронбаҳо, ки 500 ғазали мондагори шоираро дар бар мегирад, омадааст: «Соҳибдевон будан дар гузашта баҳои баландтарин маҳсуб мешуд ва барои таъкиди мақоми суханвар ҳамин қадар кофӣ буд, бигӯянд, ки «Фулонӣ аз шуарои соҳибдевон аст». Ҳоло мо гуфта метавонем, ки Фарзонаи Хуҷандӣ «Аз шуарои соҳибдевон аст» ва ин девони пурбор ғазалҳоеро дар бар мегирад, ки ба хотири вазну қофия гуфта нашудаанд, дар онҳо назари шоиронаю орифона, обуранги тозаи бадеӣ, дард ва шеваи хоси баён ҳаст.
Маликаи шеъри муосири тоҷик имрӯзҳо зодрӯз дорад. Ба ин муносибат ду ғазали дилангези ӯро ба мухлисонаш ва алоқамандони каломи бадеъ, ки дар кишвари мо низ кам нестанд, пешкаш менамоем.
Бахши адабиёт ва ҳунари «Овози тоҷик».
Фарзонаи ХУҶАНДӢ
Шаст занам бар офтоб, нур шикор мекунам,
Бегила мезиям дигар, шукри баҳор мекунам,
Чист давоми буданам, бохтану рабуданам,
Кам шудану фузуданам, тарки шумор мекунам,
Чун қади пири кӯзпушт хам зада бому дар маро,
Чанди дигар ба каҳкашон гаштугузор мекунам.
Бо ҳама айб агар ҳанӯз бар ҳасади ту лоиқам,
Даст бидеҳ, рақиби ман, бо ту канор мекунам.
Ишқ, наё, наё, наё, ишқ нарав, нарав, нарав,
Бо ту чӣ кор мекунам, бе ту чӣ кор мекунам?
Панҷараи мижа кушо, атсаи ёсуман шунав,
Мераваму нафас-нафас субҳ нисор мекунам.
Эй ту таваллуду завол в-эй ту таназзулу камол,
Сӯйи ту роҳ мебарам в-аз ту фирор мекунам.
***
Зиҳӣ, эй насими улвӣ, ба нафас бидеҳ вузӯям,
Хате аз ғубор дорад варақи заҳири рӯям.
Ту зи соли ман чӣ пурсӣ, ки дар ин қаламрави вақт
Ба тулӯъ чун ғурубам, ба ғуруб чун тулӯям.
Надиҳам ба лаб иҷозат сухани нашустаеро,
Нашавад, ки ишқ ранҷад, ман агар ҷуз ӯ бигӯям.
Чу ба чашми оҳувона шудам инъикоси Маҷнун,
Хати сабзи туст, ҷоно, хати сабзи ҷустуҷӯям.
Ту бигӯиям, ки ҳайфо, сари гесувон буридӣ,
Назари тамаъ надорад ба саре каманди мӯям.
Ба умед маҳмили ман раҳи ношинос пӯяд,
Ту киӣ, ай интизорам, ту киӣ, ай орзуям.
Ба азизи худ расидам ба тариқи марямона,
Ту биё ба шодбошам: дигар ин мане, ки ӯям.