Дар вилояти Тошканд дар 9,9 гектар замин бино-иншооти футбол сохта мешавад

Барои Маркази миллии футбол ва воҳидҳои сохтории он дар ноҳияи Ӯрта Чирчиқи вилояти Тошканд 9,9 гектар замини захираи давлатии ғайрикишоварзӣ дар шафати маркази омодагии дастаҳои мунтахаби футболи миллӣ ҷудо карда шуд.

Дар ин бора ҳокими вилояти Тошканд Зойир Мирзоев қарори дахлдор  имзо кард.

Дар ин замини ҷудошуда бинову иншооти зарурӣ барои маркази футбол ва воҳидҳои сохтории он, майдончаҳои футбол, иншооти пӯшидаи футзал ва футбол, меҳмонхона, маркази тиббию реабилитатсионӣ, ҳавзи шиноварӣ, ошхона сохта мешаванд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: