«Шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳуқуқи интихобшавӣ ва интихобнамоиро ба вакили ҳокимияти давлатӣ соҳибанд.
Ҳар як интихобкунанда ҳуқуқи як овоз доданро дорад. Ҳуқуқи озодона ва баробари овоздиҳӣ бо хоҳишу иродаи худ дар доираи қонун кафолат дода мешавад».
(Сарқонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон, моддаи 117.)
Ба ҳамагон маълум аст, ки маъракаи интихобот барои муайян намудани вакилони халқ дар идораи мамлакат маъракаи аз ҳама муҳим ва тақдирсоз ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, бояд ҳар як шаҳрванди соҳибовоз дар маъракаи интихобот, ки 22-юми декабр дар сар то сари Ӯзбекистон мегузарад, ҳастии худро маълум намуда, дар интихоби вакилони арзанда набояд ба иштибоҳе роҳ бидиҳад.
Баробари ба вуҷуд омадани ҳамаи навгониҳо дар интихобот бояд донем, ки интихобот худ чист?
Интихобот ё овоздиҳӣ – ин шакли дар амал тадбиқ намудани иштироки шаҳрванд дар интихобнамоӣ ва интихобшавӣ дар маъракаи интихобот ба ҳисоб меравад.
Бояд гуфт, ки имрӯзҳо мутасаддиёни ҳавзаи интихоботии рақами 680-уми ноҳияи Сариосиё, ки он дар бинои мактаби таълими умумии рақами 38 ҷойгир аст, ин санаи муҳими тақдирсозро бесаброна интизоранд ва баҳри шаффофу ҳаққонӣ гузаштани он кӯшишҳо ба харҷ дода истодаанд.
Ногуфта намонад, ки соли ҷорӣ рӯйхати овоздиҳандагон дар шакли электронӣ ба амал бароварда мешавад. Ҳамаи интихобкунандагон дар сайтҳои электронӣ ҷойгиранд. Дар адои ин вазифаи пурмасъул хидматҳои оператори компутерӣ Саидалӣ Авазов калон аст. Баҳри табъи дил гузаронидани ин ҷараён саҳми раиси ҳавзаи интихоботӣ Баҳриддин Мирзоев, ҷонишини он Абдуҷаббор Шукуров ва котиб Фариштамоҳи Саидумар арзанда мебошад.
Имрӯзҳо ҳар шахсе, ки ба ҳавзаи интихоботии рақами 680 ташриф меорад, аз омодагӣ ва сафарбарнамоии хонаҳо ва ҷойи гузаронидани овоздиҳӣ ва саҳни он, ки хеле зебо ва шинам ороста шудааст, хушҳол мегардад.
Ҳамдиёрони азиз! Шумо низ кӯшиш ба харҷ диҳед, то дар ин санаи муҳим фаъолона ширкат намоед. Овози шумо ба тақдири панҷсолаи кишварамон дахлдор мебошад.
Фарида МУҲИДДИНОВА,
омӯзгори мактаби таълими ҳамагонии рақами 38-уми ноҳияи Сариосиё.