ДАР ДОИРАИ ИҚДОМҲОИ ҲУҚУҚӢ 300 НАФАР ШАҲРВАНДОН ҲУҶҶАТҲО ГИРИФТАНД

Дар доираи иқдоми ҳуқуқии “Ҳеҷ кас бе ҳуҷҷат намемонад” гурӯҳҳои корӣ корҳои барӯйхатгириро, ки барои омӯзиши мушкилоти аҳолӣ дар асоси нақша ва ҷадвалҳо нигаронида шудаанд, ба роҳ мемонанд.

Муроҷиатҳои шаҳрвандон, ки ба хидматҳои давлатӣ алоқаманданд, аз ҷониби кормандони шуъбаҳои адлияи ноҳиявӣ (шаҳрӣ), марказҳои хидматҳои давлатӣ ва мақомоти САҲШ-и вилояти Қашқадарё омӯхта мешаванд. 
Коркунони адлия дар рафти барӯйхатгирӣ то имрӯз зиёда аз 300 саволро, ки ба факти таваллуд, ақди никоҳ, вафот ва ҷойи истиқомат вобастаанд, ба кайд гирифтанд.
Масалан, муайян карда шуд, ки С.Ниёзова, духтари А.Ниёзова, ки дар деҳаи Жейнови ноҳияи Миришкор зиндагӣ мекунад, ҳуҷҷат надорад ва аз ин рӯ, шаҳодатномаи ақди никоҳ нагирифтааст. Бо кумаки кормандони масъул ба Севараи 27-сола шаҳодатномаи таваллуд дода шуд. Худи ҳамон рӯз ӯ шаҳодатномаи ақди никоҳ ва шаҳодатномаи таваллуд гирифт.
Ба зиёда аз 1400 нафар шаҳрвандон дар маҳалҳо хидмати давлатӣ расонда шуд. Аксари муроҷиатҳо ба имтиёзҳо ҳангоми истифодаи хадамоти давлатӣ, саволҳо дар бораи нафақа, соҳибкорӣ ва кадастр марбут буданд. Ин масъалаҳо ба таври қонунӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба шаҳрвандон ёрии амалӣ расонда мешавад.

Улмас БАРОТОВ,
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: