ВОҲАИ СУРХОН БО ШОДИЁНАҲОИ НАВРӮЗӢ ЗЕБОТАР МЕГАРДАД

Баҳор дар кишвари мо аз Сурхондарё оғоз мегирад. Ниҳолу дарахтон бедор мешаванд, гирду атроф ҷомаи сабз ба бар мекунад.

Дар пуштаву кӯҳпояҳо бойчечак месабзад, садои мурғҳои хушхон гӯшҳоро менавозад. Дар ин воҳаи бостониву ҳамешаҷавон баъд аз омадани арӯси сол – баҳор дар дегҳо суманакҳо пухта, пиру ҷавон ба пешвози Наврӯз мебароянд. 
Ҷашни Наврӯз, ки дар худ меҳру мурувват, файзу саховат, ободониву озодагӣ барин фазилатҳои ба халқи мо хосро таҷассум намудааст, бармаҳал оғоз меёбад. 
Дар вилоят бинобар гармтар омадани обу ҳавои зимистонӣ сайру гаштҳои наврӯзӣ дар маҳалла ва деҳоти воҳа аллакай сар шуданд. Мувофиқи қарори Президенти мамлакат аз 4 март «Дар бораи тайёрӣ ва баргузор кардани ҷашни умумихалқии Наврӯз дар соли 2024» таҳти ғояи асосии «Олам аз ту нурборон бод Наврӯз!» тантанаҳои наврӯзӣ дар ноҳияҳо ба чорабиниҳои асосии идона табдил ёфтанд. 
Алҳол дар ноҳияҳои Бойсун, Бандихон ва Ҷарқӯрғон бахшида ба ин ҷашни куҳан ва ҳамешаҷавон чорабиниҳои тантанавӣ дар савияи баланд гузаронида мешаванд. Дар онҳо ба намоишҳое, ки ҳувияти миллӣ ва урфу одатҳои моро инъикос мекунанд, баҳори зеборо ҳамчун айёми эҳёи табиату инсон васф менамоянд, ҳаёти орому осуда ва фаровони кунуниро тараннум месозанд, эътибори махсус дода мешавад. Ислоҳоти куллан демократӣ, ки имрӯз дар мамлакат амалӣ мешаванд, дигаргуниҳои мусбие, ки дар ҳаёти ҳамарӯза, шууру ҷаҳонбинии одамон рух медиҳанд, ба сифати бо қадрият ва анъанаҳои азалии Наврӯз ҳамоҳанг инъикос меёбанд. 
Барномаҳои шавқбахши консертии санъаткорон, намоишҳои театрикунонидашудаи саҳнавӣ, суруду оҳангҳо, бадеҳагӯӣ, байтхонӣ ва ғайра ба ҳама як ҷаҳон хушиву шодӣ мебахшанд. 
– Эътибори зиёде, ки дар мамлактамон ба баланд бардоштани қадри инсон нигаронида шудаанд, ба куллан дигаргун гардидани шууру ҷаҳонбинии мардум хидмат мекунанд, – мегӯяд Холдор Суюнов, ки дар ноҳияи Бандихон зиндагӣ дорад. – Дар ин ҷараён эътибор ба модарзамин, обу табиати мафтункор, умуман урфу одатҳои чандинҳазорсола меафзояд. Дар деҳот деҳқонӣ ба манбаи даромади ҳаёт табдил ёфтааст, мавқеъ ва аҳамияти Наврӯз дар ҳаёти ҳамарӯзаи мо меафзояд. Соли равон низ аз муътадил омадани баҳор истифода бурда, мо дар заминҳои худ ба кишту кори тухмиҳои гуногун оғоз намудем. Дар ҷашни Наврӯзи ноҳия ҳаёти ободу озод, зиндагии пуру фаровони имрӯзаи мо тараннум мешаванд, ки ин ба ҳамаамон шодиву нишот эҳдо менамояд. 
Дар вилоят ин ҷашни куҳанро дар ҳоле, ки ҳанӯз дар бисёр ҳудудҳои кишвар зимистон ҳукм дораду атрофу акноф барфпӯшанд, истиқбол мегиранд. Дар саҳро кор меҷӯшад. Ниҳол мешинонанд, боғҳои нав бунёд мекунанд, тухмии маҳсулоти озуқаворӣ мепошанд, парвариши сабзаҳои навдамидаи ғалла ба роҳ монда шудааст. Боди сабуки баҳорӣ ба димоғҳо бӯйи гулу гиёҳҳоро расонда, деҳқонону кишоварзонро ба оғӯши саҳро даъват менамояд. 
Мувофиқи маълумот сайругаштҳои умумихалқии наврӯзӣ, ки дар ноҳияҳои вилоят оғоз ёфтанд, 18 март ҷамъбаст мешаванд. Чорабинии асосии ҷашни наврӯзии аҳолии Тирмиз ва вилоят дар Қасри муҳташами санъати маркази шаҳр баргузор мегардад. Ҳоли ҳозир барои дар сатҳи баланд гузаронидани ин иди умумихалқӣ тайёрии ҳамаҷониба дида мешавад. Намоишномаҳои таъомҳои миллӣ, маснуоти ҳунармандии миллӣ ва ғайра ташкил мегарданд. Сайри суманак ва бозиҳои шавқовари халқӣ, мусобиқаҳои варзишӣ баргузор мешаванд. Мусобиқаҳои гӯштӣ низ ба пиру ҷавон як олам хушнудӣ бахшида, суннатҳои миллии моро васеъ намоиш медиҳанд.   
– Мусобиқаи азими гӯштӣ, ки дар сайри умумихалқии аҳли вилоят ташкил хоҳад шуд, паҳлавонҳои номдори моро ҳам ҷалб менамояд, – мегӯяд роҳбари хидмати ахбори ҳокимияти вилоят Муродбек Давлатов. – Дар ин мусобиқа мукофотҳои пулӣ, аспу гов, уштур ва дигар туҳфаҳои гаронбаҳо пешбинӣ шудаанд. Ғолиби мутлақи мусобиқа соҳиби мукофоти асосӣ – мошини сабукрав хоҳад шуд. Ба ин гӯштии азим, ки дар кишвари алпомишҳо баргузор мегардад, паҳлавонҳои машҳури вилоят даъват шудаанд. 
Дар гузашта низ мусобиқаҳои халқӣ ҳамчун гӯштӣ, бузкашӣ ва ғайра дар рӯзҳои Наврӯз ба амал омадаанд, ки ба ғояҳои инсонпарваронаи халқҳои дунё ҳамоҳанг буда, сулҳу дӯстӣ, осудагиву зиндагии ҳамҷиҳатро таҷассум кардаанд. Шодиёнаҳои ҷашнӣ, ки дар фасли эҳёву офариниш дар воҳаи ҷанубии мамлакатамон ибтидо гирифтанд, бо таҷассуми чунин қадриятҳои олиҷаноб хеле пуршукӯҳ ва дорои аҳамият мебошанд.

Холмуъмин МАМАТРАИМОВ,
хабарнигори (ӮзА).             

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: