СЕМИНАРИ ТАЪЛИМӢ ДАР АСОСИ «ТАҶРИБАИ САЙҲУНОБОД»

Ташрифи сарвари давлат ба ноҳияи Сайҳунободи вилояти Сирдарё, бо мақсади афзун гардондани даромади аҳолӣ дар асоси чораю тадбирҳои дар он ҷо дидашуда, аз ҷумла дар натиҷаи истифодабарии самараноки қитъаҳои назди ҳавлии аҳолӣ (17 ҳазорто хонадон), ба роҳ мондани истеҳсолот ва хидматҳои саноати хурд чун омили муҳими зиёд гардидани даромади аҳолӣ бешубҳа барои ҳамаи ҳудудҳои ҷумҳурӣ чун таҷрибаи муҳим аҳамият дорад.

Имрӯз мувофиқи лаёқаташон оилаҳое, ки дар 19 маҳаллаи ноҳияи номбурда дар шароити мураккаб умр ба сар мебаранд, минитрактор, мотокултиваторҳо мегиранд. Барои онҳо ёварони ҳокимони маҳаллаҳо дар асоси мизони «аз 1 сотих қитъаи назди ҳавлӣ камаш 1-2 миллион сӯм даромад гирифтан» нақшаи тиҷоратӣ таҳия месозанд.
Бо мақсади дар вилоят татбиқ намудани таҷрибаи сайҳунободиён дар ҳокимияти вилояти Бухоро семинари таълимию амалӣ баргузор гардид. Дар он масъулони идораҳои алоқаманди маҷмӯи иқтисоду молияи шаҳру ноҳияҳо, банкҳои тиҷоратӣ, шуғл, ҳокимияти маҳаллӣ иштирок карданд. Таъкид ёфт, ки дар асоси таҷрибаи Сайҳунобод дар вилояти Бухоро низ аз ҳар як маҳалла то ҳафт оилаи камдаромади имконияти меҳнаткунӣ доштаро интихоб намуда, таҳти ҷалб намудани соҳибкорони пуртаҷриба онҳоро мувофиқи қобилияташон ба чорводорӣ, паррандапарварӣ, занбӯриасалпарварӣ, харгӯшпарварӣ, моҳидорӣ ва ғайра равона карда, инчунин ташкил намудани  гармхонаҳо (дар атрофи 3 сотих) ва дар як сол бештар аз 50 миллион сӯм даромад гирифтани эшон чораю тадбирҳои кӯмакрасонӣ дида мешавад. Бо ин мақсад масъулони бонкҳои тиҷоратие, ки ба маҳаллаҳо вобаста мегарданд, бо кӯмаки ёварони ҳоким баҳри созмон додани сарчашмаи даромад ба хонандаҳои интихобшуда, ташаккулёбии маданияти нигоҳубини қитъаҳо, расондани маҳсулоти сабзавоту полиз, ниҳолшинонӣ, кӯчатгирӣ, ободгардонӣ, кабудизоркунӣ, хидматрасонию савдо ба аҳолӣ, истифодабарии самаранок аз иморатҳои холиистода шахсан ҷавобгаранд. Ҷараёни корҳои дар ин бора амалёфта ҳар рӯз дар штаби вилоят муҳокима мегардад.
Дар семинар гузориши роҳбарони садоратҳо ва идораҳои дахлдор шунида шуд. Дар охир бобати дар маҳалҳо оммавӣ гардондани таҷрибаи сайҳунободиён ба масъулони кор тавсия ва супоришҳо дода шуд. 

Амрулло АВЕЗОВ, 
мухбири «Овози тоҷик»
дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: