НАФАҚА ДАР ҚИСМЕ АЗ КИШВАРҲО

Дар ҳар мамлакат зиёд будани миқдори калонсолон нишонаи хубии зиндагӣ ва дарозумрии аҳолист.

Дар ҳар мамлакат зиёд будани миқдори калонсолон нишонаи хубии зиндагӣ ва дарозумрии аҳолист. Дар ин бобат «пешқадам» – Ҷопон. Маълум, ки онро сарзамини дарозумрҳо низ меноманд.

Вале дар баъзе кишварҳо аз афзунии ашхоси синни нафақа ташвиш мекашанд, мегӯянд дар мо фоизи муайяни аҳолӣ – нафақахӯр, барои боз ҳам зиёд нашудани солхӯрдаҳо бояд чораҳо андешид. Масалан, дар Украина, назар ба маълумотҳои интернет, соли 2018 18,7 фоизи аҳолии умумиро ашхоси синну соли пенсия ташкил мекардааст. Вазъ ин хел давом кунад, соли 2036 нишондиҳанда 30 фоизро ташкил карданаш мумкин, хулоса баровардаанд тадқиқотчиёни демограф.
Фикр мекунем, қисми муайяни аҳолиро ташкил кардани нафақахӯрҳо ҳолати ногувор, фақат дар ҳамон вазъ, ки таваллуд кам бошад. Дар Аврупо бинобар камии таваллуд мушкилиҳои демографӣ рӯи кор меоянд. Хуб ҳам муҳоҷират ҳаст, аҳолӣ аз ҳисоби муҳоҷирон меафзояд.
Нафақахӯрҳо то миқдоран наафзоянд, аз соли 2016 дар қисме аз мамлакатҳои Аврупо синни нафақабароӣ барои занон ва мардҳо як хел – 65 муайян карда шуд. Оянда нафақахӯр ҳисобида шудани 70-ро пуркардаҳо ба нақша даромадааст. Яке аз мақсадҳои асосӣ – сарфа кардани даромади мамлакат.
Воқеан, дар хориҷ пардохти нафақа ба аҳолӣ кай оғоз ёфт? Дар таърихи ҷаҳон кадом кишвар пардохти нафақа дар дами пиронсолиро аввалин ба роҳ гузошт? 
Дар Империяи Рим аввалин Юлий Сезар ба таъиноти нафақаи синни пирӣ асос гузошт. Дар давраи халифагии ҳазрати Умар (разияллоҳу анҳу) низ пардохти нафақа ба фуқарои солхӯрда расм гардид. Аз соли 1673 ба афсарҳои флоти ҳарбии баҳрӣ нафақадиҳӣ оғоз ёфт. Аснои инқилоби бузурги Фаронса (с.1790) қонун дар бораи нафақа қабул гашт. Мувофиқи он хидматчиёни давлатие, ки 50-ро пур карда ва собиқаи кории 30-сола доранд, ба гирифтани нафақа ҳақдор гардиданд. Соли 1825 барои додани нафақа ба амалдорони давлати Пруссия нахустин фонди нафақа таъсис ёфт.
Таъиноти оммавии нафақа дар Олмон бошад, аз соли 1889 ибтидо гирифт. Баъдтар ин гуна тартиб дар дигар кишварҳои Аврупо низ ҷорӣ гашт. Аз ҷумла, дар Дания (аз соли 1891), дар Зеландияи Нав (1898), Австралия (1908), Британияи Кабир (1908), Фаронса (1910), Нидерландия ва Шветсия (1913) ва ғайра.
Дар як қатор кишварҳои қитъаи Амрикои Ҷанубӣ низ тартиби нафақа барои ҳама ҷорӣ шудааст. Аммо дар қитъаи Осиё, масалан, дар Чин ва Ҳиндустон, ки аҳолии зиёд доранд, нафақа танҳо ба ононе, ки дар хидмати давлат буда, ба пирӣ расидаанд, ногиронанд ё саробон гум кардаанд, дода мешавад. Шаҳрвандони оддӣ аз он бенасиб. Дар ҳар як штати Ҳиндустон қонунгузории нафақа ҳар хел аст.
Дар кадом давлатҳо миқдори нафақа бештар? Дар Ирландия аз рӯи индекси 81, Дания (80,3), Австралия (75,3), Финляндия (73,6), Шветсия (72,3), Норвегия (71,2) нафақа муқаррар гардидааст.
ИМА дар ин рӯихат ҷои 16-умро ишғол менамояд. Қобили қайд аст, ки дар ИМА шахсе, ки дар давоми умр кор накарда ва ба давлат андоз насупурда бошад ҳам, вақте ба синни нафақа расид, ҳар моҳ 300 доллар мегирад. Ҷуз ин боз имтиёзҳои зиёд мавҷуд. Аммо ин гуна нафақахӯрҳо дар мамлакат хеле кам. Зеро андак бошад ҳам бо меҳнат бандбудагон ҳар моҳ 700 долларӣ нафақаи пиронсолӣ мегиранд. Ҷуз ин ба шахсе, ки саробон гум кардааст, имконият дода мешавад, дар манзилҳои бисёрошёна истиқомат намояд. Дар мамлакат аз 67-солагӣ нафақаи пиронсолӣ таъин карда мешавад.
Дар Финляндия камтарин миқдори нафақа – 550 евро. Дар Олмон нафақахӯрҳое, ки ҷои зисти хуб надоранд, аз ҷониби давлат бо манзил таъмин карда мешаванд. Дар ин кишвар пиронсоле, ки ба таври миёна нафақа мегирад, аз ҳисоби пасандоз мошин харидан, ду бор дар кишварҳои дигар саёҳат карданаш мумкин. Миқдори миёнаи нафақа дар Испания – 700-900 евро. Дар Фаронса – 1000 евро. Дар ин кишвар вақте нафақахӯр вафот кард, нафақаи ӯро ҳамсараш баробари нафақаи худ гирифтанаш мумкин.

Ҳасанхон ОБИДҶОНОВ,
муаллими таърих.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: