Дар майдони сохтмони фабрикаи КМКО пешайвон фурӯ рафт: ҳалокшудагон ва ҷароҳатбардоштагон хастанд

Дар вилояти Тошканд бар асари боридани барф дар майдони сохтмони фабрикаи коркарди миси Комбинати маъдани кӯҳии Олмалиқ пешайвон фурӯ рехт. Дар ин бора хидмати матбуоти вазорати вазъиятҳои фавқулода хабар медиҳад.

«Имрӯз, 20 феврал, тахминан соати 08:00 дар корхонаи коркарди мис-3, ки дар ҳудуди минтақаи саноатии шаҳри Олмалиқ воқеъ аст, бино ба маълумоти пешакӣ бар асари боридани барфи тӯлонӣ конструксияҳои оҳанӣ фурӯ рехтаанд", - гуфта мешавад дар хабар.

Дар натиҷа се корманди ширкати сохтмонӣ (шаҳрвандони Ҳиндустон) дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. 29 коргари дигар (инчунин шаҳрвандони Ҳиндустон) бо ҷароҳатҳои вазнини гуногун дар беморхона бистарӣ шуданд. Ба чор нафар ҷароҳатбардоштагон ёрии зарурии тиббӣ расонда шуд.

Вазорати ҳолатҳои фавқулода қайд кард, ки бо иштироки ташкилотҳои масъул гурӯҳи корӣ барои омӯзиши сабабҳои ҳодиса ва рафъи оқибатҳои он ташкил карда шуд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: