Ҷоизаи ба номи Зулфия ба кӣ ва чӣ гуна имтиёзҳо медиҳад?

Тибқи қонунгузорӣ, Ҷоизаи давлатии ба номи Зулфия ба занони лаёқатманди аз 14 то 30-сола, ки дар соҳаҳои маориф, илм, адабиёт, фарҳанг, санъат, варзиш, технологияҳои иттилоотӣ ва фаъолияти иҷтимоӣ ба муваффақиятҳои хоса ноил гардидаанд, дода мешавад.

Ҷоиза lдар ҳар сол ба ду намояндаи Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд дода мешавад.

Барои гирифтани ҷоиза ҳуҷҷатҳо оид ба фаъолияти намунавии довталаб, дастовардҳо дар самти фаъолияти он, инчунин дар фаъолияти ҷамъиятӣ дар давоми 3 соли охир пешниҳод карда мешаванд.

Ба бакалавриат донишандӯзони муассисаҳои таҳсилоти умумии миёна, миёнаи махсус ва касбӣ, ки барандаи ҷоиза шудаанд, ба бакавлариат, донишҷӯёни бакалавриат ба магистратураи муассисаҳои таҳсилоти олиӣ аз рӯи самт ва ихтисоси дахлдор бе имтиҳонҳои дохилшавӣ дар асоси грантҳои давлатӣ қабул карда мешаванд.

Инчунин, ба лауреатҳои ҷоиза мукофоти пулӣ ба миқдори 50 баробари ААҲ (17 миллион сўм) тақдим карда мешавад, хабар медиҳад вазорати адлия.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: