Дар ҳудуди маҷмӯи «Шаҳристон»-и шаҳри Бухоро бахшида ба айёми Наврӯз фестивали «Пазандаи моҳир» баргузор гардид.
Ин тадбир, ки бо ташаббуси садорати оила ва занону духтарони вилоят якҷоя бо садорату ташкилотҳои дигар роҳандозӣ гардид, бо мақсади аз нав барқарор намудани хӯрокҳои серғизои миллии дар вартаи фаромӯшӣ афтидаистода ва ба бонувони ҷавон омӯхтани ин гуна таомҳо сурат гирифт. Ба ҷашнвора аз ҳар як шаҳру ноҳия қариб сад нафар пазандагони моҳир, бо таомҳои баҳорию қандалоту шириниҳои худ, инчунин сокинон ва меҳмонони шаҳри кӯҳна ташриф оварданд. Ин ҷо барои занон ва духтароне, ки соҳибкориро пеша кардан мехоҳанд, чун мактаби маҳоратомӯзӣ аҳамият дошт.
Дар ҷашнвораи гастрономӣ маҳсулоти тайёркардаи Гулсара Йӯлдошеваи вобкандӣ, Шоиста Турсуноваи пешкӯӣ, Нодира Аҳмедова, Ҳурмат Раҷабова, Дилшода Ашуроваи рометанӣ, Гулноз Раҳимоваи шофирконӣ, Дилфуза Шодиеваи когонӣ ва дигарон аз ҷониби мутахассисону иштироккунандагони тадбир баҳои баланд гирифт. Барномаи дилкаши консертӣ ҷозибаи фестивалро афзуд.
Амрулло АВЕЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Бухоро.