ҲАМКОРӢ БА АФЗОИШИ САЙЁҲОН МУСОИДАТ МЕНАМОЯД

Тайи чанд соли ахир Кумитаи сайёҳии Вазорати экология, ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлими ҷумҳурӣ ҷиҳати афзоиши гардиши сайёҳон аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон ва боз ҳам афзун намудани содироти хадамоти сайёҳӣ беш аз пеш тадбирҳои фаъол меандешад.

Муносибатҳои дуҷониба дар ин самт ба шарофати сафарҳои давлатии президентон ба ҷумҳурии ҳамдигар ба роҳ монда шуда, дар ҷараёни он созишномаҳои муҳими ҳамкорӣ ба имзо расидаанд. Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи сайёҳӣ ба «Овози тоҷик» иттилоъ дод.
Бино ба ин манбаъ тавсеаи ҳамкориҳои мутақобила ҷиҳати ташкили иштироки ҳайатҳо дар ярмаркаҳои сайёҳӣ, баргузории конфронсҳо ва дигар чорабиниҳо натиҷаҳои босамар ба бор меоваранд, ки бо ташаббуси ҳарду ҷониб роҳандозӣ мешаванд. Аз ҷумла, ҳамкорони тоҷикистонӣ мунтазам дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Тошканд, ки таҳти унвони «Туризм дар Роҳи абрешим» баргузор мешавад, фаъолона иштирок мекунанд ва аз рӯи як қатор лоиҳаҳои соҳа созишномаҳо ба имзо мерасонанд, ки барои ҳамдигар фоидабахш мебошанд.
Тавре ки дафтари матбуоти кумита тазаккур медиҳад, дар доираи кор бо созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар шакли бисёрҷониба низ ҳамкории зич ба роҳ монда шудааст. Ба таври мушаххас метавон қайд намуд, ки 9-10 июли соли 2019 ҳайати Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои сайёҳӣ ва нахустин ярмаркаи сайёҳии кишварҳои узви ИДМ дар Самарқанд ширкат варзид. Илова бар ин, ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон дар конфронси онлайни сайёҳии «Роҳи барқароршавӣ» ширкат варзидаанд, ки бо ташаббуси Ӯзбекистон таҳти сарпарастии Созмони ҷаҳонии туризм  1 июни соли 2020 баргузор гардидааст.
Гуфта мешавад, ки ҷониби Тоҷикистон аз соли 2019 ба ин сӯ бо дастгирии фаъолона аз ислоҳоте, ки дар Ӯзбекистон гузаронида мешавад, мунтазам сафарҳои амалии намояндагони худро ба кишвари мо ташкил намуда, дар рушди соҳаи сайёҳӣ таҷриба омӯхтааст. Дар доираи чунин сафарҳо намояндагони Тоҷикистон бо фаъолияти Донишкадаи рушди сайёҳӣ, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва мероси фарҳангии Роҳи абрешим, Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази сертификатсияи хидматрасонии сайёҳӣ» ва сохторҳои минтақавӣ шинос шудаанд.
Дар радифи он, барои таблиғи иқтидори бузурги сайёҳии Ӯзбекистон чорабиниҳои васеъмиқёс баргузор мешаванд. Ба таври мисол, 29-30 марти соли 2021 як қатор ширкатҳои сайёҳии вилояти Сурхондарё дар семинари сайёҳие ширкат варзиданд, ки дар шаҳри Турсунзода (Тоҷикистон) ба вуқӯъ пайваст ва ин ширкатҳо як қатор лоиҳаҳоро муаррифӣ намуданд.
Дар чаҳорчӯби Пойтахти фарҳангии ИДМ эълон шудани шаҳри Душанбе дар соли 2021 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон чорабинии «Шабе дар осорхона» баргузор шуд, ки дар он намояндагони иттиҳодияи «Ҳунарманд»-и вилояти Сурхондарё маҳсулоти худро ба маърази тамошо гузоштанд.
Ҳайати Ӯзбекистон имсол дар ҷашнвораи таомҳои миллӣ низ мушорикат доштанд, ки дар боғи «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе баргузор шуд. Онҳо таомҳои миллӣ ва тарзи пухтани онро намоиш доданд, инчунин намоишгоҳҳои этнографӣ, аксҳо ва наворҳои видеоиро ташкил намуданд. Хусусан, таомҳои миллии ошпазҳои вилоятҳои Бухоро, Самарқанд, Фарғона ва шаҳри Тошканд мавриди таваҷҷуҳи иштирокчиёни зиёди ҷашнвора қарор гирифт. 
Бо такя ба дафтари матбуоти Кумитаи сайёҳӣ қайд кардан ҷоиз аст, ки миёни вилоятҳои ҳамҷавори Фарғона ва Суғд ба маблағи 1,5 миллион доллар ёддоштҳои тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расидааст, ки расонидани хадамоти сайёҳиро мадди назар дорад. Соли 2022 аъзои Иттиҳоди ошпазони Ӯзбекистон дар ҷашнвораи «Оши палав» ширкат варзидаанд, ки бо ширкати ошпазҳои кишварҳои узви ИДМ дар пойтахти Тоҷикистон баргузор шудааст. Онҳо зарфиятҳои сайё-ҳии гастрономиро барои ҳамдигар ва ҷашнвора муаррифӣ кардаанд.
Маълум шуд, ки бо мақсади рушди «туризми зиёратӣ» ва ҷалби сайёҳони тоҷик ба Ӯзбекистон, тибқи созишномаи байни ширкати «Orient Adventure» (Ӯзбекистон) ва ширкати «Сайру саёҳат» (Тоҷикистон) хатсайри мунтазами автобусҳо дар самти Тошканд – Душанбе ифтитоҳ ёфтааст. Зери бренди «Роҳи абрешим» номгӯ ва харитаи зиёратгоҳҳо тартиб дода шуда, мувофиқи он барномаи пайвастани оромгоҳи Яъқуби Чархии шаҳри Душанбе бо мавзеъҳои сайёҳии зиёратии Ӯзбекистон таҳия гардидааст. Ҳамзамон дар ҳамдастӣ бо мутахассисони турк дар саросари Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон барои таблиғи қабристони муқаддаси донишмандони исломӣ, ки ба ҳалқаи «Занҷири тиллоӣ»-и тариқати Нақшбандӣ шомил шудаанд, корҳои илмию маърифатӣ анҷом пазируфтаанд. Инчунин аҳамияти мероси илмӣ ва саҳми онҳо дар тамаддуни исломӣ дар меҳвари ин корҳои таблиғотӣ қарор гирифтааст. 
Моҳи сентябри соли 2023 дар ҷашнвораи «Маҳсулоти миллии Осиёи Марказӣ», ки дар чаҳорчӯби нишасти панҷуми машваратии роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор шудааст, муаррифии имкониятҳои сайёҳии гастрономӣ дар минтақа ба вуқӯъ пайвастааст.  
 Ногуфта намонад, баъди барқарор гардидани робитаҳои ду кишвари ҳамҷавор, ки аз сафари давлатии Президент ба Тоҷикистон дар моҳи марти соли 2018 маншаъ гирифтааст, дар соҳаи сайёҳӣ низ корҳои беназир роҳандозӣ гардидаанд. Дар натиҷа, танҳо дар давоми соли 2018 теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки вориди қаламрави кишвари мо шудаанд, ҳудуди 1 миллиону 100 ҳазор нафарро ташкил намудааст. Интизор меравад, ки дар соли 2024, баъди анҷоми сафари кунунии давлатии Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ва имзои як қатор созишномаҳои муҳим теъдоди сайёҳоне аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон ва аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ташриф меоваранд, ба карат афзоиш хоҳад ёфт. Ин равандро «Харитаи роҳ» дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг ва сайёҳӣ тавсеа хоҳад бахшид, ки зимни сафари давлатии Президент ба Тоҷикистон дар ин рӯзҳо имзо гардид.

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: