БАРРАСИИ МУАММОҲОИ СОҲАИ НИГАҲДОРИИ ТАНДУРУСТИИ ВИЛОЯТ

Дар ҳокимияти вилоят масъалаҳои беҳтар намудани сифати хидмати тиббӣ ба аҳолӣ, ба тартиб овардани савдои воситаҳои доруворӣ ва пурзӯр кардани масъулияти ходимони соҳа муҳокима гардид.

Дар ҷамъомад, ки масъулони соҳаи ҳокимиятҳои вилоят, ноҳия, шаҳр ва тиб иштирок карданд, ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов ба натиҷаҳои муҳокимае, ки ду моҳ пеш айнан дар ҳамин мавзӯъ гузаронида шуда буд, таваққуф намуд.
— Барои бартараф кардани камбудиҳое, ки ҳангоми муҳокима зикр гардиданд, инчунин муайян кардани вазъи воқеии муассисаҳои тиббӣ ва ба онҳо ёрӣ додан, инчунин, оид ба рушди соҳаи доруворӣ гурӯҳи корӣ ташкил гардида буд, — гуфт ҳокими вилоят. — Ҷамъ овардани маълумот дар гурӯҳи телеграмии дахлдор низ зарур буд. Дар моҳи январи соли ҷорӣ аз ҷониби гурӯҳи корӣ ба гурӯҳи телеграмӣ 648 маълумот пешниҳод шуд, ки дар 60 фоизи онҳо муаммоҳои воқеӣ танҳо ба ном гузошта шудаанд. Гурӯҳи корӣ дар баъзе муассисаҳои тиббии шаҳри Самарқанд ва ноҳияи Нуробод, ҳангоми иҷрои вазифаҳои муайянгардида ба бемасъулиятӣ роҳ додаанд ва ягон муамморо муайян карда натавонистаанд. Таҳлилҳои қиёсии вазъи минтақаҳо нишон медиҳанд, ки то кунун дар хидматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ камбудиҳои ҷиддӣ ва аз ҳама бадаш нуқсонҳое мавҷуданд, ки одамонро норизо мекунанд. Ғайр аз ин, ходимоне вомехӯранд, ки аз 10 то 15 номгӯй дорувориҳоро ба бланкаҳои ретсептии муайянгардида наменависанд. 
Дар муҳокима ҳокими вилоят ба масъулони дорухонаҳои вилоят ва духтурон хотиррасон кард, ки онҳо бояд дар асоси меъёрҳои аз ҷониби Вазорати нигаҳдории тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон қабулгардида кор баранд. Таъкид гардид, ки нисбати онҳое, ки ба ин меъёрҳо риоя намекунанд, аз ҷониби мақомоти дахлдор баҳои ҳуқуқӣ дода мешавад.
Ғайр аз ин, муаммоҳои вобаста ба набудани шароити мусоид барои беморон дар муассисаҳои тиббӣ ва усулҳои нодурусти табобат бо мисолҳои дақиқ нишон дода шуданд. Аз ҷумла, қайд гардид, ки дар Иттиҳодияи тиббии ноҳияи Ургут беморон барои тафтиши лабораторӣ ва томографияи компутерӣ ба сектори хусусӣ фиристода мешаванд. Ҳол он ки таҷҳизоти дахлдор дар иттиҳодияи тиббии ноҳия ҳам ҳастанд.
Дар рафти ҷамъомад масъалаи фасодкорӣ ва шиносбозиҳо дар соҳа баррасӣ гардиданд. Зикр шуд, ки дар Иттиҳодияи тиббии ноҳияи Каттақӯрғон дар ҳоле, ки 304 нафар ходими миёнаи тиббӣ бо ставкаи 0,5 кор мекунанд, аз ҷониби иттиҳодияи тиббӣ боз 66 нафар ходими миёнаи тиббӣ ба кор қабул шудаанд. Дар ноҳияи Пастдарғам низ ба ҷойи он, ки ҳамаи ходимон бо ставкаи пурраи корӣ таъмин шаванд, 76 нафар бо 0,5 ставка ба кор қабул  гардидаанд.
Дар анҷоми ҷамъомад ба масъулон бобати бартараф намудани камбудиҳо супоришҳо дода шуданд ва муддати муайяни иҷрои онҳо муқаррар гардид. Таъкид шуд, ки масъалаи мазкур пас аз як моҳ боз муҳокима карда мешавад.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: