Осиф Алӣ Зардорӣ аз нав Президенти Покистон интихоб шуд.
Дар ин хусус АЗЕРТАҶ бо истинод ба расонаҳои Покистон хабар дод.
Осиф Алӣ Зардорӣ аз эътилофе, ки Сарвазири Покистон Шаҳбоз Шариф роҳбарӣ менамояд, номзад буд.
Ӯ дар интихоботи ду палатаи парлумони Покистон ва маҷлисҳои қонунгузори чаҳор вилоят бо 411 овоз интихоб шуд. Рақиби ӯ Маҳмудхон Ачакзай, ки аз ҷониби тарафдорони сарвазири собиқ Имрон Хон пуштибонӣ мешуд, ҳамагӣ 181 овоз ба даст овард.
10 март Осиф Алӣ Зардорӣ дар Кохи Президент ҳамчун 14-умин Президенти Покистон савганд ёд намуд.
Ёдовар мешавем, ки Осиф Алӣ Зардорӣ солҳои 2008-2013 Президенти Покистон буд. Ӯ бо марҳум Беназир Бҳутто, ки солҳои 1988-1990 ва 1993-1996 сарвазири Покистон буд, издивоҷ намуда буд.