Бартараф намудани мушкилоте, ки аз нарасидани захираҳои энергетикӣ дар кишвари мо ба вуҷуд омадаанд ва дар рӯзҳои сард ба қадри имкон бо манбаъҳои энергетикӣ устувор таъмин намудани истеъмолкунандагон ба масъалаи муҳими имрӯза табдил ёфтааст.
Омилҳои зиёде ҳастанд, ки боиси ин мушкилот шудаанд. Афзудани эҳтиёҷ ба захираҳои табиӣ махсусан таъсири калон мерасонад.
Танҳо як мисол. Имрӯз истеъмоли энергия дар иқтисодиёти мо нисбат ба дигар кишварҳо 2 баробар зиёд аст. Ин беҳбуди самаранокии энергия, истифодаи манбаъҳои муқобили барқароршавандаи энергия ва суръат бахшидан ба ислоҳот дар бахшро тақозо мекунад.
Талаботи инсоният ба сарватҳои табиӣ дар ояндаи наздик низ пайваста меафзояд. Вазъият ба он далолат мекунад. Аниқтараш, мушкилоти энержӣ ба як масъалаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, дар натиҷаи тағйирёбии иқлим, афзоиши аҳолӣ ва рушди саноат талабот ба неруи сӯзишворӣ ва гармӣ махсусан дар мавсими тирамоҳу зимистон торафт бештар меафзояд.
Таҷрибаи кишварҳои мутараққӣ нишон медиҳад, ки баробари индустриалӣ шудани кишварҳо, истифодаи онҳо аз таъминоти боэътимоди неруи барқ низ меафзояд. Зеро афзоиши манбаи даромад бевосита ба рушди табақаи миёна ва дар натиҷа беҳтар шудани тарзи зиндагӣ вобаста аст.
Агар ба мисоли мамлакати мо назар кунем, дар шаш соли охир шумораи аҳолии мо 13 фоиз, корхонаҳои саноатӣ 2 баробар афзуда, аз 45 ҳазор ба 100 ҳазор нафар расид. Натиҷаи ҳамин аст, ки талабот ба неруи барқ камаш 35 фоиз афзуд ва ин нишондиҳанда сол аз сол меафзояд. Ҳисобу китоб карда шудааст, ки то соли 2030 талаботи солонаи истеъмолкунандагони ҷумҳурӣ ба гази табиӣ аз 54,2 миллиард метри мукааб ба 65 миллиард метри мукааб ва ба неруи барқ аз 74 миллиард кВт соат то 110 миллиард кВт соат афзоиш хоҳад ёфт.
Монополия бекор карда мешавад
Истеҳсоли сарватҳои табиӣ қувваи зиёдеро талаб мекунад. Барои ин таҷҳизоти замонавӣ ва технологияи пешқадам зарур аст. Хусусан дар шароите, ки талабот якчанд маротиба зиёд мешавад, таҷҳизоти куҳна ва корношоям ба раванди кор тоб оварда наметавонад. Онҳо назар ба таҷҳизоти ҳозиразамони буғу газӣ 2 баробар зиёд сузишворӣ сарф мекунанд.
Мутаассифона, аксари энергоблокҳои неругоҳҳои барқии гармидиҳии кишвари мо куҳна буда, зиёда аз 25 сол боз истифода мешаванд. Аз ин рӯ, давраи фаъолсозии хусусигардонӣ дар соҳа фаро расидааст. Ин яке аз ислоҳоти дар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва идораи давлатӣ пешбинишуда мебошад.
Тавре Сарвари давлатамон дар Муроҷиатномаи навбатии худ изҳор дошт, имсол мо хусусигардонии васеъро оғоз мекунем, ҳудуди ҳазор корхона ба фурӯш гузошта мешавад. Бар замми ин, дар Стратегияи рушди барои солҳои 2022-2026 пешбинишудаи Ӯзбекистони Нав суръат бахшидан ба равандҳои хусусигардонӣ дар соҳаи энергетика, барҳам додани монополия дар таъмини неруи барқ ва ҷорӣ намудани механизмҳои бозорӣ бо муқаррар намудани кафолатҳои ҳифзи иҷтимоӣ тавассути тезонидани равандҳои трансформатсия дар бахши нафту газ пешбинӣ шудааст.
Хусусигардонии корхонаҳои давлатӣ, яъне фурӯши саҳмияҳо ба сармоягузорон ва роҳандозии шарикии давлатию хусусӣ яке аз ислоҳоти наве буд, ки шаш сол пеш дар кишвари мо оғоз шуд. Ин таҷриба самара дода истодааст ва ҳоло онро боз ҳам инкишоф додан лозим аст.
Аз ҷумла, аз ҳисоби трансформатсия кардани корхонаҳо бо иштироки давлат, дар иқтисодиёт коҳиш додани ҳиссаи корхонаҳои бесамар бояд истифода бурдан аз технологияҳои самаранокии истеҳсолиашон баланд ва сармояҳои аз ҷиҳати сифат нав, ба тамоюлҳои идоракунии иҷтимоӣ ва корпоративӣ асосёфтаро ҳавасманд кардан лозим аст.
Бо пойгоҳи кафолатноки захираҳои энергетикӣ таъмин намудани саноати нефту газ ва химия, ки соҳаҳои пешбарандаи иқтисодиёт мебошанд, махсусан муҳим аст. Барои ин суръат бахшидан ба ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ба иктишофи геологӣ, истихроҷ ва коркарди маъдан, инчунин ҳамаҷониба дастгирӣ намудани зиёд гардондани захираҳои заминаи ашёи хоми маъданӣ тақозо карда мешавад. Кор тавассути лоиҳаҳои калон, ҳамкории самаранок бо сармоягузорон сурат мегирад. Яъне лои-ҳаҳои сармоягузорӣ ҳар қадар зиёд бошанд, ҳамон қадар беҳтар аст.
Тибқи ҳисобҳо, барои ҳосил намудани иқтидорҳои иловагӣ оид ба захираҳои энергетикӣ камаш 25-30 миллиард доллар маблағ лозим аст. Аммо вазъи молиявии имрӯзаи ҶС «Ӯзбекнефтгаз» ва ҶС «Иссиқлик электр стансиялари» имкон намедиҳад, ки лоиҳаҳои ин гуна арзишдошта ба амал бароварда шаванд. Дар навбати худ, қарз гирифтани ин корхонаҳо боиси афзоиши ҳаҷми қарзи берунии кишвар мегардад. Аз ин рӯ, ягона роҳи офаридани иқтидорҳои нав ин таъмини сармоягузории хусусӣ ба соҳа ва зина ба зина ислоҳ кардани бозори захираҳои энергетикӣ мебошад.
Бо фармони дахлдори сарвари давлатамон муайян шудааст, ки то охири соли 2023 «Ӯзбекистон миллий электр тармоқлари», то охири соли 2024 бошад, ҶС «Ӯзтрансгаз» рейтинги байналмилалии қарзро ба даст оварда, ба таври мустақил аз бонкҳои байналмилалӣ ва бозори сармоя маблағ ҷалб кунанд. Барои такмили фаъолияти ин корхонаҳо ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти онҳо ба соҳа бахши хусусӣ ҷалб карда мешавад. Нахуст дар чордаҳ шаҳру навоҳӣ ба ихтиёри операторони хусусӣ вазифаи хариду фурӯши яклухт гази табиӣ ва неруи барқ гузошта мешавад.
Илова бар ин, хусусигардонӣ ва трасформатсияи 17 корхонаи бузурги монополии давлатӣ дар назар аст. Аз ҷумла, камаш 49 фоизи ҳиссаи давлатии ҶС «Ӯзбекнефтгаз», 51 фоизи ҳиссаи давлатии ҶС «Иссиқлик электр стансиялари» ва ҳиссаҳои давлатии аз ин баланд хусусӣ гардонда мешаванд. Дар ҶС “Ӯзтрансгаз”, ҶС “Ҳудудгазтаъминот”, ҶС “Ӯзбекистон миллий электр тармоқлари”, ҶС “Ҳудудий электр тармоқлари”, ҶС “Ӯзбекгидроэнерго” низ механизмҳои самарабахш ташкил кардани раванди трансформатсия ва хусусигардонӣ нишон дода шудааст.
Манбаи барқи беҳад
Роҳи дигари самараноки қонеъ гардонидани талабот ба неруи барқ истифодаи манбаъҳои муқобили энергия мебошад. Истеҳсоли қувваи электр аз офтоб, шамол, об ва дигар неъматҳои табиат дар ҷаҳон аллакай оммавӣ шудааст. Ин захираҳои барқароршаванда барои инсоният бештар арзишманданд, зеро онҳо ба муҳити зист комилан безараранд.
Тибқи таҳлилҳо, аз панҷ як ҳиссаи захираи аввалияи энергияи аз ҷониби аҳолии сайёра истеъмолшаванда аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия гирифта мешаванд. Интизор меравад, ки ин бахш то соли 2040 ҳар сол бо суръати 2,6 дарсад рушд кунад.
Мамлакати мо захираҳои бузурги энергияи офтобӣ дорад ва дар як сол кариб 300 рӯз офтобӣ аст. Дар аксар ноҳияҳои мо нишондиҳандаи аз ҳад зиёд 5,5-6 киловатт/метрро ташкил медиҳад ва имкониятҳои техникии он ба 200 миллион тонна нафт баробар аст. Бо дарназардошти он, ки ин назар ба тамоми манбаъҳои энергияи истеъмолӣ се баробар зиёд аст, аз имкониятҳои мавҷуда самаранок ва оқилона истифода бурдан айни муддао хоҳад буд.
Бо назардошти ин, як қатор лоиҳаҳо оид ба суръат бахшидан ба технологияи ба даст овардани манбаъҳои муқобили энергия амалӣ карда мешаванд. Дар ояндаи наздик истифодаи манбаъҳои хурди барқароршавандаи энергия дар минтақаҳо хеле зиёд мешавад. Масалан, дар корхонаҳои калони саноатии шаҳрҳои Олмалиқ ва Бекобод неругоҳҳои электрикии офтобии иқтидорашон 1000 мегаватт насб шуда, соле 2,5 миллиард киловатт-соат қувваи электр истеҳсол карда мешавад. Тавассути ин 30 фоизи истеъмоли неруи барқи аҳолии вилояти Тошкент таъмин гардида, илова ба он 500 миллион метри мукааб газ сарфа карда мешавад.
Дар руши энергетикаи шамол низ Ӯзбекистон салоҳияти бузург дорад. Аз ҷумла, дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳои Навоӣ, Қашқадарё, Сурхондарё, Ҷиззах ва Тошканд ба воситаи бунёд намудани осиёбҳои шамолӣ ба натиҷаҳои хуб муваффақ мегарданд. Тавре дар Муроҷиатнома зикр шудааст, агар мо ҳарчи зудтар ба «энергетикаи сабз» гузарем, дар қонунҳои мо дар ин бора механизмҳои мушаххас муқаррар карда шаванд, некӯаҳволии мардум боло рафта, имкониятҳо барои соҳибкорон васеъ мешаванд.
Албатта, имрӯз суръати замон аз ҳарвакта дида тезтар аст. Баробари боло рафтани некуаҳволӣ талабу эҳтиёҷоти аҳолӣ низ меафзояд. Аз ин рӯ, дар соҳаи энергетика баробари тезондани рақамикунонӣ, ба охир расондани раванди хусусигардонӣ ва трансформатсия, оид ба пурзӯр гардондани назорати давлативу ҷамъиятӣ бобати сарфакории захираҳои энергия бояд асосҳои ҳуқуқиро мустаҳкам кард.
Дар назар аст, ки то соли 2026 суръати тавлиди неруи барқ ба таври иловагӣ 30 миллиард киловатт-соат афзоиш дода, ҳаҷми умумии он ба 100 миллиард киловатт-соат расонда шавад. Дар асоси тамоюли шарикии давлатию хусусӣ 3 неругоҳи барқии ҳароратӣ сохта мешавад, ки дар як сол ба таври иловагӣ 634 мегаватт ё 5,1 миллиард киловатт-соат неруи барқ истеҳсол мекунад.
Соли гузашта 7-тои ин гуна неругоҳҳо ба истифода дода шуд. Соли оянда 11 лоиҳаи бузурги иқтидораш 4,5 ҳазор мегаватт ба анҷом мерасад. Аз ҷумла, аз ҳисоби неругоҳҳои барқии офтобӣ ва шамолӣ, ки дар вилоятҳои Бухоро, Ҷиззах, Қашқадарё, Навоӣ, Самарқанд, Фарғона ва Тошканд бунёд карда мешаванд, иловагӣ 14 миллиард киловат электр истеҳсол карда мешавад ва ба воситаи ин қувваи барқе, ки ба аҳолӣ расонда мешаванд, 50 фоиз зиёд карда мегардад.
Фарҳод ЗАЙНИЕВ,
муовини раиси Кумитаи масъалаҳои саноат, сохтмон ва савдои Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис