НИГОҲ АЗ ҲИНДУСТОН: МАҚСАДИ АСОСИИ ӮЗБЕКИСТОН ПЕШ БУРДАНИ СИЁСАТИ МУСТАҚИЛОНАИ ХОРИҶӢ МЕБОШАД, КИ БА МУНОСИБАТҲОИ ДӮСТОНА БО ШАРҚ, ҒАРБ ВА ҶАНУБИ ҶАҲОН АСОС ЁФТААСТ

Яке аз марказҳои таҳлилии пешбари Ҳиндустон «Gateway House» мақолаи рӯзноманигор ва нависандаи мустақил Аҷай Камалакаранро дар бораи сиёсати хориҷии муосири Ӯзбекистон нашр кард.

«Ӯзбекистон дар макони беназири ҷуғрофӣ, яъне дар чорроҳае, ки ба Осиёи Ҷануб, Шарқ, Ғарб, Марказӣ ва Русия мебарад, ҷойгир шудааст», – қайд мекунад коршинос. – Ояндаи кишвар аз истифодаи самараноки ин мавқеи стратегӣ ва муносибати мутавозин ба манфиатҳои гуногуни геосиёсии рақобаткунанда вобаста аст. Дар натиҷаи дастгирии мардуми прагматикии кишвар, ки муносибатҳои дӯстона бо тамоми давлатҳои бузургро муҳим мешуморанд, Тошканд ҳамкориҳои худро дар ин самт мусбат ҳамоҳанг мекунад». 
Муаллиф роҷеъ ба ҳамкориҳои Ӯзбекистон бо кишварҳои ИМА, Русия, Ҳиндустон ва Чин изҳори назар кардааст.
«Дар дӯконҳои китобфурӯшии назди бозори Чорсу (асри XVI)-и Тошканд, дар байни маҷмӯаҳои шеър ва дигар адабиёт, шумо инчунин метавонед китобҳои зиёдеро оид ба имтиҳони байналмилалии забони англисӣ ё IELTS пайдо кунед», — менависад ӯ. — Сӣ сол пеш қариб ҳамаи сокинони маҳаллӣ бо забони русӣ озодона харф мезаданд ва имрӯз дар Ӯзбекистон ба омӯзиши забони англисӣ ва дигар забонҳои хориҷӣ шавқу ҳаваси калон зоҳир мешавад. Барои бисёре аз ҷавонон, ИМА ба макони дилхоҳ барои таҳсил, кор, тиҷорат ва сафар табдил ёфтааст».
Имрӯз Вашингтон муносибатҳоро бо Тошканд инкишоф медиҳад. Ташрифи Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен ба пойтахти Ӯзбекистон моҳи марти соли 2023 далели равшани он мебошад. Роҳбари департаменти сиёсати хориҷии ИМА дар ҷараёни сафараш, аз ҷумла, ба ислоҳот дар соҳаи муносибатҳои меҳнатӣ дар кишвар таҳти роҳбарии Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, кумак ба Афғонистон, инчунин, натиҷаҳои азхудкунии равон намудани сармояи ИМА дар омӯзиши забони англисӣ аз соли 2018, баҳои баланд дод, таъкид мекунад Аҷай Камалакаран.
Вай таваҷҷуҳро ба он ҷалб кард, ки Ӯзбекистон дар равобит бо Русия, Чин ва дигар кишварҳои пешрафта ва созмонҳои байналмилалӣ мавқеъи мутавозинро риоя мекунад. 
Коршинос бо таъкид бар он, ки Ҳиндустон дӯсти деринаи Ӯзбекистон аст, изҳори назар мекунад, ки имрӯз дар равобити дуҷониба саҳифаи нав кушода мешавад, ҷонибҳо бояд муносибатҳои сармоягузории мутақобиларо тақвият бахшанд ва қайд кард, ки Ӯзбекистон барои гирифтани раводиди соддакардашудаи электронӣ ба соҳибкорон ва сайёҳони Ҳиндустон имконият фароҳам овардааст.
Муаллифи мақола қайд мекунад, ки муносибатҳои Ӯзбекистону Ҳиндустон анъанавӣ мустаҳкам ҳисобида мешаванд. Сафари Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Модӣ соли 2022 ба Самарқанд ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои СҲШ аз ҷониби ҳама гарм истиқбол шуд. Кишварҳо дар мавриди бо роҳи осоишта ба эътидол овардани вазъ дар Афғонистон нуқтаи назари муштарак доранд. Машқҳои низомии ду кишвар бо номи «Дӯстлик» дар ду сол як маротиба баргузор мешаванд, ки охиринаш дар моҳи марти соли ҷорӣ баргузор шуда буд.
Муаллиф дараҷаи хамкории фарҳангиро чунин шарҳ медиҳад: «Шоҳруҳхон ва дигар актёрҳои Ҳиндустон дар Ӯзбекистон хеле машҳуранд. Асарҳои мусиқие, ки барои филмҳои ҳиндӣ навишта шудаанд, дар чорабиниҳои гуногуни маданӣ танин андохта, сериалҳои телевизионӣ намоиш дода мешаванд. Ҳар як меҳмони оддии ҳиндӣ дар Ӯзбекистон метавонад шавқу рағбат ва таваҷҷуҳи намояндагони мардуми маҳаллиро, ки ба фарҳанги ҳиндӣ эҳтироми хоса доранд, ҷалб кунад. Аксари сайёҳони хориҷӣ пайваста дар бораи меҳмоннавозии гарми сокинони маҳаллӣ изҳори назар мекунанд».
«Ӯзбекҳо мекӯшанд, ки бо ҳама дӯст бошанд. Чунин муносибат имкон медихад, ки ба масъалахои актуалии тараққиёт диққати калон дода шавад. Мақсади асосии мамлакат пеш гирифтани сиёсати мустақили хориҷӣ дар асоси муносибатҳои дӯстона бо Шарқу Ғарб ва Ҷануби ҷаҳон мебошад. Имрӯз дар ин масъалаи ҳассос мувозинат ба даст оварда мешавад», – хулоса мекунад коршинос мақолаи худро. 

АИ «Дунё, 
ДЕҲЛӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: