ДӮСТИ МО, БАРОДАРИ МО

Ҳар боре ба ягон вилоят ё шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ сафари эҷодӣ кунам, ба маслиҳати устодон амал карда, аввал ҳатман ба таҳририяти рӯзномаи ҳамон маҳал меравам.

Зеро корманди  нашрия, ба хусус муҳаррир набзи зиндагии  он минтақаро бештар медонад, аз ин рӯ кас дар интихоби мавзӯъ ё қаҳрамон хато намекунад.
Ҳангоми сафар ба Самарқанди бостонӣ ба «Кохи матбуот», ба назди яке аз  устодони журналистони вилоят, сармуҳаррири рӯзномаҳои «Зарафшон» ва «Самаркандский вестник», Журналисти шоистаи Ӯзбекистон, узви Сенат Фармонака Тошев дар ҳама маврид дилпурона, бе ягон истиҳола медароям.  Баъди  ошноӣ бо ҷараёни кори эҷодии таҳририят  бори дигар аз осорхонаи ин ҷо дидан мекунем. Фармонака бо меҳрубониҳои зиёд баробари шогирдаш – боз як журналисти моҳир Ғолиб Ҳасанов дарҳол сармуҳаррири рӯзномаи «Овози Самарқанд» Баҳодур Раҳмоновро ба меҳвари суҳбати  самимӣ мекашад. Аз Самарқанди наву кӯҳна ҳарф мезанем. Ва аз ин даргоҳ боре ҳам холӣ намебароем. Фармонака ҳатман китоби  тозанашрашро  армуғон мекунад. 
Агар  ӯ ба Тошканд ояд, қариб ҳамон диду боздид такрор мешавад. Фавран боз як шогирди содиқаш, сармуҳаррири маҷаллаи «Ӯзбекистон қишлоқ хӯжалиги» Тоҳир Долиев ва боз чанд эҷодкорони ба дил наздикашро ҷамъ оварда, сари як пиёла чой  маҳфили гарми ҳамдилонро меорояд. Ӯ ҳамеша самимона ба ҳар яки мо китоб туҳфа, мақолаҳо «заказ» мекунад.
Донишгоҳи асосии Фармон Тошев, ин рӯзномаи «Зарафшон» ва роҳҳои пурпечутоби зиндагист. Вай зимни суҳбат перомуни  масъалаҳои мубрами журналистика ва мактаби таҳрир ҳатман аз устодаш шодравон Аҳмадҷон Мухторов ёд мекунад. 
Фармон Тошев муаллифи даҳҳо асари шеърию насрӣ  ва публисистист. Драматург ҳам ҳаст. Аммо мо намедонистем, ки ӯ маҳорати  тележурналистию дикторӣ ҳам дорад. Аз ин маҳорати устоди сухан дар ҷашни 25-солагии телевизиони ғайридавлатии «СТВ-Самарқанд» воқиф шудем. (Ин нахустин телевизиони ғайридавлатӣ соли 1991 ташкил ёфтааст). Устод дар маросими ботантана микрофон дар даст чун ибтидои солҳои 90-ум ба «рол» даромада, ду-се хабарро қироат намуд.
Фармонака аз пуркортарин муҳаррирони  рӯзномаи вилоятист. Теъдоди «Зарафшон» нисбат ба дигар рӯзномаҳои вилоятӣ чандин сол боз дар сатҳи баландтар аст (ҳоло ҳафтае се маротиба қариб 13 ҳазор нусха, пурра ба алифбои лотинӣ чоп мешавад). Таҳияи рӯзномаи  «Самаркандский вестник» низ  вақти зиёди  сармуҳаррирро мегирад. 
Иҷрои бечуну чарои кору масъулият дар Палатаи болоии парлумон – Сенат, супоришҳо дар сатҳи  ҳокимияти вилояти Самарқанд аз кас чи қадар ғайрату тавонро тақозо мекунанд! Фармон  Тошев ин ҳама  масъулияти бар зимма  доштаашро бомуваффақият ба сомон расонида, ба ҷавонон аз журналистика дарс мегӯяд, ҳар сол даҳҳо шогирдонро ба камол мерасонад, ба аёдати  рӯшанфикрони куҳансол вақт меёбад. Бар замми ин дар шабакаи иҷтимоӣ шеъру ҳикмат, суханони дил, армонҳояшро ифшо мекунад. Муаллифи ин сатрҳо низ аз ҳар навиштаи ӯ  баъзе паҳлуҳо, маънию моҳияти зиндагиро омӯхтааст.
Зиёда аз ин дар барномаи мустақими телевизионии «Муносибат» фаъол иштирок намуда,  ба даъвоҳои беасоси баъзе маҳмадоноҳо  нағзакак ҷавоб мегардонад.
Фармон Тошев  чандин сол раисии шуъбаи  вилоятии Иттифоқи журналистонро бар дӯш дошт. Ҳангоми кор дар Иттифоқи журналистон борҳо шоҳид шудаам, ки шуъбаи самарқандии иттифоқи эҷодӣ  тадбирҳои пешбинишударо муташаккилона ва дар сатҳи баланд мегузаронд. Мавсуф зотан хеле масъулиятшинос аст. Аз ин сабаб ба дараҷаи арбоби ҷамъиятию давлатӣ расидааст.
— Фармон Тошев ташкилотичии моҳир ва раҳбари ғамхор аст, – мегӯяд Журналисти шоистаи ҷумҳурӣ, собиқ корманди рӯзномаи «Овози тоҷик« Муайяна Хӯҷаева. – Солҳое, ки раиси шуъбаи вилоятии Иттифоқи журналистон буд,  аз ҳоли  журналистони куҳансол хабар гирифта, онҳоро ба ҳаёту мавқеи фаъоли иҷтимоӣ ҷалб мекард. Мо аз ҳаёти пурхурӯши таҳририятҳо дур нашудем. Шахсан худи ман борҳо кумаки маънавию моддии ин шахси оқилро эҳсос кардаам.
Оре, инсони нек дар ҳама бобат хайрандеш аст. Одати аҷиб дорад Фармонака, чун ман ба ӯ ба ӯзбекӣ муроҷиат  кунам, вай ба тоҷикӣ  ҷавоб мегӯяд.  Агар ба тоҷикӣ ҳарф занам, ба  муколамаи ӯзбекӣ мегузарад. Аз қалб сухан мегӯяд. Хуллас, «ҳамдилиро беҳ аз ҳамзабонӣ» медонад.
Ҳоло ин марди хирад, журналист, умуман эҷодкор ба баҳори 70-умини умри пурмазмунаш қадам мениҳад. Боғи умраш ҳамеша пурбор ва ботароват бод!

Шоқаҳҳор САЛИМОВ, 
узви Иттифоқи журналистони 
Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: