Музокироти ҳайатҳои Ӯзбекистону Эрон дар ҳайати васеъ сурат гирифт

  • Музокироти ҳайатҳои Ӯзбекистону Эрон дар ҳайати васеъ сурат гирифт

Мулоқотҳои Пезиденти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Эрон Иброҳим Раисӣ бо ҳузури ҳайатҳои расмии ду кишвар дар ҳайати васеъ идома ёфт.

Махсусан таъкид шуд, ки асоси рушди муносибатҳои Ӯзбекистону Эрон робитаҳои қадимаи фарҳангиву таърихии халқҳои мост.

Дар робита ба ин, сафари Президенти Ӯзбекистон ба Эрон ба хотири ба сатҳи нави ҳамкориҳои ҳамаҷониба боло бурдани ҳамкориҳои ҷонибҳо пешбинӣ шудааст.

Президентҳо ба ҷамъбасти мулоқот дар доираи маҳдуд, инчунин анҷумани тиҷоратии як рӯз қабл бо иштироки беш аз 200 соҳибкорони Ӯзбекистон ва Эрон баргузоргардида баҳои баланд доданд.

Нигоҳ доштани муколамаи созанда байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва ҳамкории зичи парлумонҳои ду кишвар қайд гардид.

Дар соҳаи тиҷорату иқтисод афзоиши бемайлони муомилоти моли мутақобила ба мушоҳида мерасад. Изҳори боварӣ карда шуд, ки тавсеаи истифодаи иртибототи нақлиётӣ ва транзитии ҷонибҳо ба фаъол шудани робитаҳои корӣ ва афзоиши ҳамлу нақли бор мусоидат хоҳад кард.

Муҳимияти табодули таҷриба дар соҳаҳои инноватсия, зеҳни сунъӣ, нанотехнология, кибернетика, интиқоли технология таъкид шуд.

Барои рушди ҳамкориҳои байниминтақавӣ, аз ҷумла, роҳандозии робитаҳои мустақими байни вилояти Бухоро ва музофоти Ҳамадон, инчунин шаҳрҳои Самарқанд ва Исфаҳон изҳори назар карда шуд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки афзоиши парвозҳои мунтазам байни пойтахтҳои ду кишвар ба густариши робитаҳои тиҷоратӣ ва гардиши мутақобилаи сайёҳон мусоидат хоҳад кард.

Ба мақсади амиқсозии минбаъдаи ҳамкории фарҳангиву башардӯстӣ қарор қабул шуд, ки барои чуқур омӯхтани дастхатҳои қадима, ки дар фондҳои Академияи фанҳои Ӯзбекистон маҳфузанд, гурӯҳи якҷояи илмӣ ташкил карда шавад.

Дар поёни музокирот сарони давлатҳо дастур доданд, ки як қатор “харитаҳои роҳ”-и муштарак таҳия карда ва механизмҳои татбиқи босамари тавофуқоти ҳосилшуда тасдиқ карда шаванд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: