БОЗШАВИИ МАРКАЗИ БАЙНИНОҲИЯВИИ ПЕРИНАТАЛӢ

Маросими ифтитоҳи ин марказ дар шаҳри Марғелон баргузор гардид.

Дар маросим ҷонишини ҳокими вилоят Файзулло Қосимов ва сардори Садорати тандурустии вилоят Абдуқаюм Тӯхтақулов ширкат ва суханронӣ карданд. 
Ба гуфтаи Ф.Қосимов ин маркази нави перинаталӣ, ки мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, минбаъд барои 150 нафар занони ҳомила хидмати беминнат мекунад. 
– Аз соли 2022 дар ҳамкорӣ бо ҳокимияти вилоятҳо маҳз дар заминаи 46 иттиҳодияи тиббии ноҳиявию шаҳрӣ чунин марказҳои байниноҳиявии перинатал ташкил карда мешаванд. Дар шаҳрҳои Қӯқанд ва Марғелон 3 маҷмааи таваллудхона ва дар ноҳияи Бешариқ маркази байниноҳиявии перинатал бунёд карда шуд,– изҳор намуд Қосимов.
Дар маросими лентабурӣ собиқадорони соҳаи тандурустӣ низ ширкат намуданд. Баъд меҳмонон бо шароити маҷмааи таваллудхона ошно шуданд. Маълум шуд, ки шароити барои модарону кӯдакон фароҳамовардашуда ба талабҳои давру замон куллан ҷавоб дода метавонад.
– Ин маркази перинатал барои занон ва кӯдаконе хидмат мерасонад, ки дар шаҳри Марғелон, ноҳияҳои Тошлоқ, Қӯштепа, Риштон ва Ёзёвон зиндагӣ мекунанд. Иншоот дорои таҷҳизоту дастгоҳҳои замонавӣ дар ивази 9,2 миллиард сӯм арзи вуҷуд намуд. Умедворем, ки ин марказ бо сарбаландӣ аз ӯҳдаи расонидани хидмати беминнат мебарояд,– гуфт Абдуқаюм Тӯхтақулов.
Дар ин маҷмаа шуъбаи ба ҳушоварӣ низ фаъолият мекунад, ки тифлакони навбадунёомада аз хидмати солимгардонии он баҳраманд хоҳанд шуд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА..

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: