Соҳибкорони вилояти Сиваси Туркия дар ҷараёни муаррифие, ки дар ин кишвар ба вуқӯъ пайваст, бо имкониятҳои сармоявӣ ва тиҷоративу иқтисодии Ӯзбекистон шинос шуданд.
Дар чорабинӣ тақрибан 60 тоҷир, роҳбарони минтақаҳои Оҷонсии рушди Туркия ва Созмони дастгирии тиҷорати хурду миёна (KOSGEB), ҳамчунин Палатаи тиҷоративу саноатии вилоятӣ ширкат карданд.
Ҷонибҳо имкониятҳои иловагиро барои рушди савдои тарафайн ва пешомади лоиҳаҳои муштаракро бо Ӯзбекистон баррасӣ намуданд.
Дар доираи муаррифӣ бо роҳбарияти ширкати «Dermokil» имкониятҳои истеҳсоли маҳсулоти косметикӣ, бо ширкати «Gokler» бошад, таҷҳизоти тиббӣ ва маснуоти мебел дар Ӯзбекистон муҳокима гардиданд.
Бинобар ҷамъбасти чорабинӣ муоҳида бобати ташкил кардани сафари ҳайат моҳи ноябри соли равон иборат аз 25 тоҷир бо сарварии раиси Палатаи савдо ва саноати вилояти Сивас ба Тошканд ба имзо расид.
Бояд гуфт, ки вилояти Сивас дар Анатолияи Марказӣ ҷойгир шудааст. Минтақа 637 ҳазор аҳолӣ дорад. Дар Сивас хоҷагии қишлоқ ва саноат як хел инкишоф ёфтаанд. Дар ин ҷо канданиҳои фоиданок, аз ҷумла филизоти сиёҳ, мис, қурғошим, никел, азбест, марганес, ангиштсанг, хром ва мармар истихроҷ карда мешаванд. Дар он 5 минтақаи саноатӣ амал мекунад. Истеҳсоли маводи сохтмон, маҳсулоти хӯрокворӣ, саноати бофандагӣ, мебел, автомобилӣ, филизотӣ хуб инкишоф ёфтааст.
АИ «Дунё»,
шаҳри АНҚАРА,
ТУРКИЯ.