Санъат ба тарбияи насли аз ҷиҳати маънавӣ бой хидмат менамояд

  • Санъат ба тарбияи насли аз ҷиҳати маънавӣ бой хидмат менамояд

Роҳбари давлат бо мактаби мусиқа ва санъати бачагонаи рақами № 1 шаҳри Тошканд шинос гардид.

Мактаб соли гузашта аз ҳисоби маблағи буҷаи ҷумҳурӣ сохта шуда, барои 250 хонанда муқаррар гаштааст. Дар соли хониши ҷорӣ ба синфи якум 145 хонанда қабул гардид.

Дар ин ҷо ҷавонон аз рӯи 12 самт берун аз барномаи мактаб таҳсил менамоянд. Хонандагон дар асоси озмоишҳои эҷодӣ интихоб мегарданд.

Дар қариб 50 синфхонаи таълимӣ ва компутерӣ, инчунин дар толор барои чорабиниҳо шароитҳои намунавӣ фароҳам оварда шудааст. Дар китобхона беш аз 5500 китоби дарсӣ ва партитура ҷамъоварӣ гаштааст.

Президент таъкид намуд, ки санъат барои тарбияи насли аз лиҳози маънавӣ ғанӣ хидмат менамояд, муҳаббат ба санъат бояд аз синни бачагӣ ташаккул ёбад. Бо ин мақсад ба аҳамияти ҳамоҳангсозии барномаҳои таълими умумӣ ва мусиқӣ ишора гардид. Вазифаи пурзӯр намудани ҳамкории байни мактабҳои санъат, муассисаҳои таълими олӣ, театрҳо ва дигар муассисаҳои маданият гузошта шуд.

Дар мамлакатамон тамоми мактабҳо бо дастгоҳҳои мусиқӣ таъмин гаштаанд, ки ин ба рушди таваҷҷуҳ ва истеъдоди ҷавонон мусоидат менамояд. Ин инчунин ба насли ҷавон таҳвил намудани анъанаҳои мақом, санъати бахшӣ ва мусиқии классикӣ хидмат менамояд, ки онҳо арзишҳои мадании мо ба шумор мераванд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: