Артиши миллии мо ба қисми ҷудонопазири ҷамъият, ба қувваи пешбари ояндаи кишвар табдил гардида, барои дар рӯҳи ватандӯстӣ тарбия намудани насли наврас ва хидматчиёни ҳарбӣ, мустаҳкамкунии мавқеи фаъоли ҳаёти онҳо, баланд бардоштани ҳисси масъулиятнокии шаҳрвандон хидмат менамояд.
Ҳифзи Ватан новобаста ба синну сол, касб ва фаъолият вазифаи шарафноки ҳар як шаҳрванд мебошад.
Ҳар сол дар мамлакатамон 14 январ – Рӯзи муҳофизони Ватан васеъ ҷашн гирифта мешавад. Чорабиниҳои дар арафаи ин иди умумхалқӣ баргузоршуда, меҳру муҳаббати насли наврасро нисбат ба Модар-Ватан афзуда, ба тарбияи онҳо дар рӯҳи садоқат ба Ватан, ғояҳои истиқлол омили муҳим мегарданд.
Дар Академияи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ бо ҳамкории Иттиҳоди эҷодии журналистон таҳти шиори «Артиши миллии мо – сипари мустаҳками Ӯзбекистони Нав» чорабинии маданиву маърифатӣ баргузор гардид.
Дар ҷамъомад намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ, собиқадорони Вазорати мудофиа, устодон ва курсантҳои академия иштирок карданд.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси Иттиҳоди эҷодии журналистон Холмурод Салимов таъкид намуд, ки солҳои охир бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани салоҳияти ҷанговаронаи Қувваҳои Мусаллаҳ аз ҷониби Сарвари давлат зиёда аз даҳ қарору фармон имзо шудаанд. Барои баланд бардоштани нуфузи хидмати ҳарбӣ масъалаҳои ҳимояи иҷтимоии аъзоёни оилаи хидматчиёни ҳарбӣ ва собиқадорон ҳаллу фасл мешаванд.
– Артиши миллиамон сол аз сол такмил ёфта, дараҷаи тайёрии қӯшунҳои он ҳам аз ҷиҳати техникӣ ва ҳам аз ҷиҳати тактикӣ баланд мегардад. Имрӯз хидмат дар сафи Артиши миллӣ орзуву омоли ҳар як ҷавонмарди мамлакат мебошад. Хидматҳои низомиёнро халқу Ватани мо ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад кард. Солҳои охир ҳукумати ҷумҳурӣ барои беҳтар намудани аҳволи иҷтимоии низомиён ғамхориҳои зиёд зоҳир мекунад. Соли ҷорӣ ба чандин низомиён калиди хона супурда шуд, – гуфт роҳбари академия Бобур Шоёқубов.
Дар ҷамъомад Б. Шоёқубов доир ба хидмати ҳарбии худ дар даврони шӯроҳо, бартарияту афзалиятҳои хидмату фаъолияти ҳарбиёни имрӯза, ислоҳоте, ки солҳои охир таҳти сарварии Президент Ш. Мирзиёев дар соҳа ва Артиши миллӣ амалӣ мешавад, мақсаду моҳияти қарору фармонҳои сарвари кишвар вобаста ба Қувваҳои Мусаллаҳ ҳарф зад.
Дар поёни чорабинӣ мутасаддиён ба саволҳои ходимони воситаҳои ахбори оммавӣ ҷавоб гардонданд.
Далер АЗИЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».