Дар Ўзбекистон барои шаҳрвандони Қатар низоми бидуни раводид ҷорӣ карда шуд

Фармони Президент «Дар бораи муқаррар намудани низоми бидуни раводид ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои шаҳрвандони Давлати Қатар» (ФП № 86 аз 05.06.2023) қабул гардид.

Мувофиқи Фармон, барои шаҳрвандони Давлати Қатар режими бидуни раводид ба мӯҳлати 30 рӯз аз рӯзи ворид шудан ба қаламрави Ӯзбекистон муқаррар карда мешавад.

Шумо метавонед бо феҳристи кишварҳое, ки барои шаҳрвандони онҳо ба мӯҳлати 30 рӯз низоми бидуни раводид муқаррар шудааст, аз рӯи истиноди зерин пурра шинос шавед, хабар медиҳад Вазорати адлия.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: