НИЗОМИ НАВИ ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ БА ТАЪМИНИ ҚАДРИ ИНСОН ХИДМАТ МЕКУНАД

Мардум на фардо ва на дар оянда, балки имрӯз хуб зиндагӣ кардан мехоҳад.

Аз ин рӯ, солҳои охир дар мамлакатамон барои ҳалли саривақтии мушкилоти ҳаётан муҳими аҳолӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ, пайваста баланд бардоштани дараҷаи некуаҳволии мардум ва аз зиндагӣ қаноатманд гардондани онҳо таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода мешавад.
Хусусан, дастгирии аҳолии ба ҳифзи иҷтимоӣ эҳтиёҷманд ва баланд бардоштани фаровонии моддии онҳо яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ гардид. Аз ҷумла, дар моддаи 1-уми Конститутсияи навтаҳрир муайян карда шудааст, ки Ӯзбекистон давлати иҷтимоӣ аст.
Бо қарори дахлдори Сарвари давлат аз 1 июни соли 2023 Агентии миллии ҳифзи иҷтимоии назди Президенти Ӯзбекистон таъсис дода шуд. Дар давраи кӯтоҳи гузашта шумораи қонунҳое, ки дар самти сиёсати иҷтимоӣ қабул шудаанд, ду баробар афзуд. Дар ин маврид солҳои 1992-2016 24 қонун қабул шуда бошад, солҳои 2017-2024 ин рақам 44-торо ташкил медиҳад. 
Инчунин, солҳои охир дар мамлакатамон ба дастгирии аҳолии ба ҳифзи иҷтимоӣ эҳтиёҷманд таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, дар самти такмили ҳифзи иҷтимоии ноболиғон ва занон, кор бо ҷавонон, пиронсолони бекас ва оилаҳое, ки дар вазъияти вазнин қарор доранд, корҳои назаррас анҷом дода шуданд.
Бо анҷомҳои замонавии протезию ортопедӣ ва воситаҳои реабилитатсия таъмин намудани қишри эҳтиёҷманди аҳолӣ, барои ҷорӣ намудани таҷрибаи хидматрасонии иҷтимоии аҳолӣ бевосита дар маҳалҳо тамоми имконияту шароит фароҳам оварда шудааст. Ин гуна мисолҳоро бисёр овардан мумкин.
Бесабаб нест, ки ба ин масъала диққати калон дода мешавад. Сабаб дар он аст, ки бо мақсади ба ҷомеа шомил намудани оилаҳои камбизоат, маъюбон, кӯдакони аз парастории падару модар маҳрум ва дигар табақаҳои иҷтимоии ниёзманд, пеш аз ҳама, ҷалби онҳо ба таълиму тарбия, ҳифзи саломатӣ, касбомӯзӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои бо кор таъмин кардан аз ҷумлаи вазифаҳои таъхирнопазир мебошанд.
Дар ҷаласаи видеоселекторие, ки таҳти раёсати Президент Шавкат Мирзиёев ба муҳокимаи вазифаҳои аввалиндараҷа дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ доир гардид, масъалаҳои ташкили хидматрасонии иҷтимоӣ ва кумак дар сатҳи маҳалла низ баррасӣ шуданд. 
Дар навбати аввал, оид ба ташкили кор дар ин самт вазифаҳои мушаххас дода шуда, зикр гардид, ки барои фароҳам овардани шароити бемамониат барои меҳнат ва омӯзондани касбу ҳунар ба маъюбон аз таҷрибаи «муайян кардани қобилияти меҳнатӣ» даст кашидан лозим аст. Вобаста ба ин маъюбӣ на аз рӯйи беморӣ, балки аз рӯйи ҳаракати мустақилона, қобилияти мулоқот ва иштирок дар ҳаёти иҷтимоӣ ва низоми кор бо онҳо муайян карда мешавад.
Аз 1-уми июни соли равон тартиби муайян кардани шахсони ниёзманди ҳифзи иҷтимоӣ ва низоми кор бо онҳо тағйир меёбад. 
Дар ин маврид меъёрҳои муайян кардани табақаи ниёзманд таҳия ва маҳз ба кадом навъи кумак ниёз доштани онҳо муайян карда мешавад. Муҳимтар аз ҳама барои ҳар як ниёзманд барномаи хидматрасонии индивидуалии иҷтимоӣ пешбинӣ хоҳад шуд.
Дар баробари ин, новобаста аз он, ки кадом намояндаи «ҳафтгонаи маҳалла» ба хонадоне медарояд, мушкилоту имконоти он оиларо муайян карда, «портрети иҷтимоӣ»-и он кашида мешавад. Баъди ёрдам ба миён омадани чӣ гуна тағйирот таҳти назорат гирифта мешавад.
Имрӯз дар Ӯзбекистон давраи нав оғоз ёфт. Ин суханони баландпарвоз нест. Ин дигаргуниҳоро дар мисоли беҳтар шудани шароити зиндагонии одамон, ислоҳоти дар Ӯзбекистони Нав баамаломадаро дарк ва эҳсос намудани ҳар як шаҳрванд дидан мумкин аст. Шароити боз ҳам бештар барои маъюбон, фароҳам овардани фазои бидуни монеа ба болоравии рӯҳияи онҳо хидмат мекунад.
Барои таъмини иҷрои вазифаҳои дар ҷаласа гузошташуда ҳар яки мо, аз ҷумла депутатҳо бояд аз ин низоми нав дар маҳалҳо самаранок истифода бурда, дар роҳи наҷиби дастгириву умедбахшии одамони эҳтиёҷманд камарбаста бошем. Барои сари вақт таъмин намудани иҷрои супоришҳои роҳбари давлатамон назорати муассири парлумонӣ ва депутатиро ба роҳ монем.
То мардуми дилшикаста ва маълӯл эҳсос кунанд, ки дар Ӯзбекистон ҳеч як шаҳрванд бо мушкилоти худ дар канор намемонад, чунки дар паси вай давлат ҳаст ва дар ҷомеа зиндагии комил дошта метавонад.

Мавҷуда ҲАСАНОВА,
депутати Палатаи қонунгузории
Олий Маҷлис.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: