Дар Сурхондарё мавсими ғунучини пахта оғоз ёфт

Соли ҷорӣ пахтапарварони вилояти Сурхондарё: хоҷагиҳои фермерӣ, кластерҳо ва оилаҳои пудратӣ ба 62 ҳазору 850 ҳазор гектар замин навъҳои гуногуни пахта кишт намуда, ҳосили дилхоҳ ба даст оварданд.

Маълум аст, ки пахта яке аз бойигариҳои асосии миллии Ӯзбекистон маҳсуб меёбад. Вилояти Сурхондарё бошад, дар парвариши ин намуди маҳсулот ҳамоно дар сафи пеш қарор дорад. Соли ҷорӣ пахтапарварони вилоят: хоҷагиҳои фермерӣ, кластерҳо ва оилаҳои пудратӣ ба 62 ҳазору 850 ҳазор гектар замин навъҳои гуногуни пахта кишт намуда, ҳосили дилхоҳ ба даст оварданд. Ҳоло дар аксар ноҳияҳо ба ғунучини он оғоз намуданд.

Аз ҳисоби иқлими гарму мусоиди воҳа, заминҳои ҳосилхезу захираҳои об ва таҷрибаҳои бойи деҳқонон парвариши пахта дар вилоят хеле ривоҷ ёфтааст. Ба ҷуз Бойсун дигар дар ҳама навоҳии вилоят пахта парвариш карда мешавад. Ба муносибати оғоз намудани мавсими ғунучини пахта ҳокими вилоят Улуғбек Қосимов ба ноҳияҳои Тирмиз, Ангор ва Музработ ташриф фармуда, бо ҷараёни ҳосилғундорӣ, шарту шароите, ки барои меҳнаткашон омода гардидааст, аз наздик шинос шуд. Барои руҳбаланд намудани деҳқонону пахтачинҳо суҳбатҳо ороста бо мукофотҳо рағбатнок гардонид. Маълум, ки барои самарадории меҳнат рағбат, шарту шароити мусоид зарур аст. Ба мутасаддиён тавсия дод, ки ҳашарчиёнро бо хӯроки гарму оби тозаи ошомиданӣ ва масканҳои истироҳатӣ пурра таъмин созанд. Зеро ин омил барои саривақт ва пурра ҷамъ овардани ҳосил муҳим аст.

Барои он ки дар ғунучини ҳосил натиҷаҳои дилхоҳ ба даст ояд, дар вилоят 1277 гурӯҳи пахтачинӣ ташкил гардида, дар ихтиёри онҳо 1010 трактор ва 1965 присеп вобаста карда шудааст. Инчунин, соли ҷорӣ барои босифат ва саривақт ғунучин намудани пахта 60 мошини нави пахтачинӣ низ харид шудааст. Пахтапарварону ҳашарчиён ният доранд, ки соли ҷорӣ низ чун ҳамасола аввалин шуда нақшаи пахтасупориро барзиёд иҷро намоянд.

Олим ПАНҶИЗОДА,

хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: