Мақсад ва мазмуни асосии ҳаёти оилавӣ тарбияи фарзанд ба шумор меравад. Тарбия бошад, ҷараёнест, ки фарзандро ба ҳаёти мустақил омода месозад. Беҳуда бузургони мо нагуфтаанд: «То ниҳол тар аст, рост бояд кард».
Ниҳолеро, ки аз аввал рост парвариш мекунанд, ба дарахти тануманди сояафкан табдил меёбад. Аммо агар онро бепарво гузоранд, баъдтар рост кардани шохаҳои каҷ қариб номумкин мешавад. Ин ҳикмат ба тарбияи инсон низ комилан дахл дорад.
Кӯдак саҳифаи сафедест, ки аввалин ҳарфҳои зиндагиро дар он падару модар менависанд. Ҳар як сухани нек, ҳар як рафтори шоиста ва ҳар як амали хайр дар қалби ӯ нақше мегузорад, ки солҳо боқӣ мемонад. Агар фарзанд дар муҳити меҳру эҳтиром ва масъулият ба воя расад, ӯ низ дар оянда инсони ватандӯст, бомаърифат ва хушахлоқ хоҳад шуд. Вале агар аз тарбия ғофил монем, натиҷаи он на танҳо барои як оила, балки барои ҷомеа низ гарон хоҳад буд. Имрӯз баъзе падару модарон на ба тарбияи ахлоқиву маънавӣ, балки ба бекаму кост хӯрондану пӯшондани фарзанд эътибор доданро дар навбати аввал мегузоранд.
Имрӯз ҷаҳон бо суръати бесобиқа тағйир меёбад. Интернет, шабакаҳои иҷтимоӣ ва технологияҳои нав барои фарзандон имкониятҳои бузург фароҳам овардаанд. Аммо дар баробари ин, хатарҳое низ вуҷуд доранд, ки аз иттилооти бардурӯғ, бегонапарастӣ, беҳудагузаронӣ ва коҳиши фарҳанги муошират иборатанд. Дар чунин шароит масъулияти падару модарон ва омӯзгорон боз ҳам бештар мегардад. Танҳо бо назорати оқилона, суҳбати самимӣ ва намунаи шахсӣ метавон фарзандонро аз таъсири манфӣ эмин нигоҳ дошт.
Мактаб баъд аз оила муҳимтарин макони тарбия аст. Омӯзгор танҳо омӯзонандаи фан нест, ӯ роҳнамои маънавӣ ва тарбиятгари шахсият аст. Як сухани пурмеҳр, як маслиҳати саривақтӣ ё як муносибати одилона метавонад роҳи зиндагии хонандаро ба самти некӣ тағйир диҳад.
Имрӯз баъзе падару модарон барои таъмини рӯзгор аз саҳар то шом меҳнат мекунанд ва бо сабаби он ки ба тарбияи кӯдакашон вақт надоранд, ӯро ба дасти кӯдакбон (доя) месупоранд ва фикр мекунанд, ки ҳамааш хуб мешавад. Саволе ба миён меояд. Оё нигоҳбонии кӯдаки хурдсолро ба кӯдакбон супоридан дуруст аст? Оё ӯ чун модар хурдсолро парвариш карда метавонад? Волидон ба кӯдакбон чӣ гуна талабҳо мегузоранд?
Ба қарибӣ ба бинои серошёнаи мо оилаи ҷавоне кӯчида омад. Ҷавонзан аз ҳамсояҳо пурсидааст, ки барои ӯ кӯдакбон лозим, духтарчаи 1,5 солаашро ба ӯ супорида, бояд кор кунад. Рӯзе бо ӯ, ки Сабоҳат ном доштааст, то истгоҳи автобус ҳамроҳ рафтем.
– Чаро кӯдаки хурдсолатро ба доя месупорӣ, оё ба ӯ боварӣ дорӣ? – пурсидам аз Сабоҳат.
– Маҷбур ҳастам. Барои хариди хона аз наздикон қарздор шудем. Ман бояд ба шавҳарам кумак расонам. Ба боғчаи бачагона муроҷиат кардам, гуфтанд, ки кӯдакат ҳоло хурд аст. Барои ҳамин ҳам ба ман доя лозим. Ду-се рӯз ӯро санҷида мебинам, мувофиқи талаб бошад, ба ҳамон нигоҳ карда музди корашро медиҳам, – гуфт Сабоҳат.
Аз як тараф ҷавонзан ҳақ, ӯ маҷбур аст, ки барои эҳтиёҷи зиндагӣ кор кунад. Аммо ӯ дарк намекунад, ки то сахтакак шудани норасидааш бояд худаш нигоҳубин кунад.
Кӯдакбон чӣ гуна бояд бошад?
Бо ин суол ба рӯҳшиносон муроҷиат кардем.
– Мутахассисон ба тарбияи кӯдакбон супоридани тифли ширхораро тавсия намедиҳанд. Ба фикри онҳо кӯдак то 3-солагӣ бояд бо модар ва наздиконаш бошад. Агар зарурат пайдо шавад, аввало кӯдакбони дорои таҷрибаи ҳаёт, 35-40-сола ва маълумоти тиббидоштаро интихоб кунад, чунки ҷисми кӯдак дар вақти ривоҷёбист. Инчунин, кӯдакбон бояд таҷрибаи педагогӣ, психологӣ дошта бошад. Омода кардани хӯрокҳои гуногунро донад. Дар ин давр кӯдак хоҳишу талабҳояшро ифода карда наметавонад. Меҳрубонӣ, ширинсуханӣ ва муносибати дӯстонаро кӯдак аввало аз тарбиятгар меомӯзад, – гуфт зимни суҳбат рӯҳшиноси шифохонаи оилавии мавзеи Қизилшарқи шаҳри Тошканд Наргиза Алимова. – Тифл гавҳарест беолоиш, нозук ва аз ҳамаи нақшу суратҳо холӣ. Ӯро ба кадом сӯ раҳнамун созем, ба ҳамон сӯ майл мекунад. Аз хурдӣ ба кӯдак омӯхтани хислатҳои хуб, аз қабили накӯкорӣ, меҳрубонӣ, дӯстӣ ва оилапарварӣ вазифаи ҳар як падару модар, тарбиятгар ва наздикони ӯ мебошад.
– Оре, рӯзгоре момоёни мо пеш аз тифлашонро макондан ният кардаанд: »Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим, кӯдакам инсони хуб, донишманду бузург мешавад». Ниятҳои неки онҳо бо воситаи шир ба ҷисми кӯдак гузаштааст ва онҳо нотарс, ҷасур, боақлу доно ба воя расидаанд, – мегӯяд рӯҳшиноси боғчаи бачагонаи рақами 21-уми ноҳияи Чилонзор Шоира Собирова. – Ба дасти кӯдакбон супорида, аз пайи кори худ рафтани модарони ҷавон сабабгори ҳодисаҳои нохуш шудааст. Кӯдакбонҳое ҳастанд, ки тарбияи фарзанди касро ҳамчун даромади оила дониста, ба ӯ хунукназарона рафтор мекунанд. Тасаввур кунед, ҷавонзане дар аробача кӯдаки 1,5-2-соларо гирифта сайр мекард. Ногоҳ дугонаи деринаашро дид, онҳо то дер суҳбат карданд. Ҳаво каме сард, оби даҳону бинии кӯдак равон, тагаш тар шуд, шикамаш гурусна монд, аммо кӯдакбон парвое надорад...
Ё мисоли дигар, кӯдакбон духтараки 4-5-соларо, ки нигаҳбониашро ба зимма гирифта буд, барои овардани нон ба мағоза мефиристад. Духтарак аз роҳи калони мошингард мегузашт, ногоҳ ӯро мошине зад...
Ба рӯй надодани чунин ҳодисаҳо кӣ кафолат медиҳад? Дар ҳар сурат модари ҷавон ҳамеша бояд ҳушёр бошад. Тарзи хӯрокхӯрӣ, гигиена, шисту хез, ба даҳон андохтани ашёҳо, тару хушки латтаи кӯдак ба кӯдакбон вобаста аст.
– Кӯдакбони донову зирак рӯҳияти кӯдакро дарк карда метавонад. Ҳангоми машғулот ӯ аз китобҳои шавқовар, расмҳои ранга ва бозичаҳои гуногун истифода мебарад. Барои кӯдакони аз 3 то 6-сола кӯдакбони дорои маълумоти педагогӣ лозим аст, ӯ ҳангоми машғулотҳо бо кӯдак бояд кӯдаквор рафтор кунад. Ба бача чун модар меҳрубон, ғамхор бошад, вақти хобондани ӯ навозишкорона алла гӯяд.
Кӯдакбон дар ташаккули ахлоқ, ҷаҳонбинӣ ва эҳсоси амнияти кӯдак низ нақши муҳим дорад. Ӯ бояд муоширати хуб дошта бошад, бо кӯдак бо лаҳни нарм ва эҳтиромона суҳбат кунад, одоби намунавӣ дошта бошад, – мегӯяд мураббии калони боғчаи бачагонаи рақами 17-уми ноҳияи Нурато Сайёра Муродова.
Дар гузашта ҳам оё дояҳо буданд?
Бале, аз манбаъҳо маълум аст, ки дар гузашта низ дояҳо (кӯдакбонҳо) вуҷуд доштанд ва дар бисёр ҷомеаҳо нақши муҳим мебозиданд. Аммо вазифаи онҳо танҳо нигоҳубини кӯдак набуд, балки дар тарбия ва ба воя расонидани фарзандони хонаводаҳо низ саҳм мегирифтанд.
Дар ҷомеа, махсусан, дар оилаҳои сарватманд ё хонаводаҳои ашроф, барои нигоҳубини кӯдакон занони соҳибтаҷриба ва боэътимодро ба ҳайси доя интихоб мекарданд. Онҳо кӯдакро нигоҳубин мекарданд, ба ӯ ғизо медоданд, одоби муошират, эҳтироми калонсолон ва баъзе расму ойинҳои миллиро меомӯзонданд. Агар доя кӯдакро бо шири худ парвариш мекард, ӯро дояи ширдеҳ меномиданд ва байни фарзанди доя ва кӯдаки ширхӯрда муносибати бародарӣ ё ҳамширагӣ ба вуҷуд меомад, ки дар фарҳанги тоҷик ва суннати исломӣ аҳамияти махсус дошт.
Дар китоби қадимии «Авесто» оварда шудааст, ки аҷдоди мо ба ҷисмонан солим ва донову боақл тарбия ёфтани фарзандашон эътибори ҷиддӣ додаанд. «Авесто» тӯли асрҳо ба ҷавонон хулқу одоби хуб, амалҳои нек, ватанпарвариву инсондӯстиро омӯхтааст. Ба писарбачаҳо дар навбати аввал илму ҳунар, давлатдорӣ, сиёсат ва машқҳои ҳарбиро ба тарзи маҷбурӣ омӯзондаанд. Барои азхуд кардани амалҳои ба мардон хос – ҷасурӣ, далерӣ ва бузургӣ аз хурдӣ фарзандашонро ба тарбияи паҳлавони номдор ва дорои илму дониши баланди замонааш супурдаанд.
Дар достонҳои «Рустам ва Сӯҳроб», «Сиёвуш», «Бежан ва Гурозон»..., ки аз «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ хонда будем, мебинем, ки маслиҳатгар ва ҳамрозу ҳаммаслаки маликаҳо на модаронашон, балки дояҳои онҳо будаанд. Маълум мешавад, ки дар тарбияи духтарбача дояҳо мавқеи алоҳида доштаанд.
Донишманде фармудааст: «Дузд, роҳзан, гиёҳманд ва хиёнаткорони имрӯза нафаронеанд, ки ба тарбияи дирӯзаашон эътибор надодаанд». Ё худ подшоҳи мамлакате дуздӣ ва ғоратгарии писари ягонаашро дида, на модари ӯро, балки дояашро ҷазо медиҳад.
Дар замони тараққикардаи имрӯза муассисаҳои томактабии хусусӣ, ки аз ҷониби соҳибкорон, шарикии давлатӣ барпо шудаанд, фаъолият мебаранд. Онҳо бо тамоми шароити замонавӣ муҷаҳҳазанд ва модарони ҷавон метавонанд кӯдаконашонро супурда, бо хотирҷамъӣ аз пайи кори худ шаванд.
Ҳикмати халқии «То ниҳол тар аст, рост бояд кард» на танҳо як мақоли одӣ, балки барномаи зиндагии ҳар як падару модар, омӯзгор аст. Биёед, тарбияи фарзандонро вазифаи муқаддаси худ донем. Зеро ниҳоли имрӯз – дарахти фардост ва меваи он тақдири миллатро муайян мекунад.
Саодат Бекназарова,
хабарнигори «Овози тоҷик».