Чанде қабл дар осорхонаи Устод Садриддин Айнӣ дар Самарқанд рӯнамоии асари фарзанди фарзонаи Самарқанд, оҳангсози машҳури тоҷик Зиёдулло Шаҳидӣ (1914-1985) ва духтари ӯ – сарнигаҳдори осорхонаи Шаҳидӣ дар Душанбе, раиси Бунёди байналмиллалии фарҳангии Зиёдулло Шаҳидӣ, узви вобастаи Донишгоҳи Кембриҷ (Англия) профессор Мунира Шаҳидӣ баргузар гардид. Дар чорабинӣ аҳли санъат, адабиёт, фарҳанг, ходимони расонаҳои ахбори оммавии Самарқанд ширкат варзиданд.
– Муҳтарам Мунира Зиёдуллоевна, сабаб чӣ буд, ки вохӯрӣ бо Шумо маҳз дар осорхонаи Устод Садриддин Айнӣ ҷараён гирифт?
– Эҷодиёти Зиёдулло Шаҳидӣ – яке аз пайравони Устод Айнӣ, Самарқандро ба сифати зодгоҳ ва макони бунёди хонавода бо ҳамсафари умраш Марҳабохонум тараннум мекард. Айёми ҷавониаш дар Душанбе сипарӣ гардидааст, Маскавро ҳамчун шаҳре ёд менамуд, ки дар он донишҳои худро доир ба фарҳанги мусиқии муосир ба даст овард ва дар он ҷо нахустин бор садои мусиқии полифонии ӯ барои иҷрои камера, оркестри симфонӣ ва арияи операҳояш танин андохтанд. Бад-ин тариқ, Зиёдулло Шаҳидӣ ҳадафмандона ҷойгоҳи худро дар фазои бекарони мусиқии ҷаҳони муосир пайдо мекард.
Ғояи эҳёи Роҳи абрешим дар давраи муосир ба яке аз самтҳои асосии илму санъати асри ХХ табдил ёфт. Моҳияти он дар муқовимати зеҳнӣ ба сиёсати мустамликадорӣ ва ба он «тақсимбандии дағалона»-е буд, ки мардумонро ба сохторҳои маҳдуди миллӣ ҷудо мекард. Татбиқи амалии ин самти илмиву фарҳангӣ дар ҳамкории эҷодии намояндагони илму санъати кишварҳои Осиёи Марказӣ таҷассум ёфт.
Пешбарандаи ормони ҳамдилӣ ва ҳамкории кишварҳои минтақа аввалин Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Устод Айнӣ буд. Маҳз бо мусоидати Садриддин Айнӣ нахустин операи тоҷикӣ дар асоси достони Абдулқодири Бедил (1644-1721) офарида шуд. Муаллифи ин операи тоҷикӣ Зиёдулло Шаҳидӣ гардид...
– Устоди муҳтарам, доир ба пайдоиши операҳои З.Шаҳидӣ сухане чанд мегуфтед?
– Ғояи опера бар муҳаббати Мадан ва раққосаи – ҳиндӣ Комде бунёд ёфта, робитаҳои байниқавмиро тавассути ишқ ва ҳамдигарфаҳмӣ меситояд. Аммо барои ман ва ҳамфикронам ғояи мусиқии Зиёдулло Шаҳидӣ дар Роҳи абрешим, ҳамчун муқовимат ба сиёсати мустамликадории «ҷудоӣ андозу ҳукмронӣ намо», аз соли 2013 ба таври равшан амалӣ шуд, замоне, ки се падидаи таърихӣ – Наврӯз, Роҳи нави бузурги абрешим ва 100-солагии Зиёдулло Шаҳидӣ дар рисолати ЮНЕСКО ба ҳам пайвастанд.
Операи «Ғуломон», ки дар асоси роман ва хотираҳои С. Айнӣ дар бораи муборизаи Бухорои қадим барои зиндагии нав офарида шуда буд, соли 1978 дар саҳнаи Театри опера ва балети Душанбе гузошта шуд ва ба ин васила ба самти нави андешаи эҷодӣ такон бахшид. Ҳамин гуна аввалин силсилафилми телевизионии тоҷикӣ – «Ҳеҷбудагон» (коргардонии Тоҳир Собиров) ба вуҷуд омад. Ороиши мусиқии ин филмро Зиёдулло Шаҳидӣ анҷом дода буд.
Соли 1996, вақте ки ман ҳамчун стипендиат дар кафедраи таърихи ғояҳои Донишгоҳи Ҳутеборг кор мекардам, маро ба Лондон барои иштирок дар кори конфронси байналмилалии кормандони осорхона ва бойгониҳои мусиқӣ даъват карданд. Вазифаи ман равшан намудани масъалаҳои ташаккули бойгониҳои фарҳанги мусиқии Тоҷикистон ва махсусан, Осорхонаи фарҳанги мусиқии ба номи З. Шаҳидӣ буд. Барои омода кардани маърӯзаи худ ман ба Китобхонаи машҳури Британия – British Library шитофтам, то бо таҳлили интиқодии он чӣ дар сарчашмаҳои англисӣ дар бораи нигаҳдории муосири бойгониҳои мусиқӣ мавҷуд аст, аз нав биандешам, ки дар ин замина дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон, чӣ корҳо анҷом меёбанд.
Аммо маҳз ҳамон вақт ман ба як такони фарҳангӣ дучор шудам. На дар энсиклопедияҳои мусиқии муосир ва на дар корҳои махсуси илмӣ ман баррасиеро дар бораи фарҳанги мусиқии Осиёи Марказӣ дар садсолаи охир пайдо накардам.
Соли 2004, бино ба даъвати сафири онвақтаи Австрия дар Осиёи Марказӣ Аннамари Гурер, ман ба Вена барои хондани лексия дар Институти шарқшиносии Ҳаммер-Пургштал сафар кардам. Ҳаммер-Пургштал шарқшиноси австриягист, ки бо тарҷумаҳои худ аз шоирони форс ба забони олмонӣ Волфганг Ҳутеро барои офаридани «Девони Ғарбиву Шарқӣ» илҳом бахшида буд. Ман, аз ҷумла, дар бораи рушди адабиётшиносии тоҷик дар давраи шӯравӣ сухан гуфтам.
Соли 2014, дар доираи таҷлили 450-солагии Шекспир, бо ташаббуси Толибхон Шаҳидӣ «Ду рақс» аз операи «Комде ва Мадан» дар иҷрои оркестри симфонии Британия таҳти роҳбарии дирижёр Филип Морис дар толори Кадогани Лондон садо дод. Ҳамагӣ баъди чанд ҳафта, моҳи октябри ҳамон сол, дар заминаи симпозиуми байналмилалии «Харитаи мусиқии ҷаҳон» дар Консерваторияи ба номи Чайковскийи Маскав, мизи гирд ва ду консерт бахшида ба 100-солагии Зиёдулло Шаҳидӣ баргузор гардид.
14 майи соли 2026 дар Осорхонаи фарҳанги мусиқии ба номи ин композитори шуҳратманди тоҷик шоми ёдбуди мероси Зиёдулло Шаҳидӣ баргузор гардид. Овозхони насли нав – Ҷаҳонгир Расулов бо иҷрои олиҷаноби суруди маъруфи «Муҳаббат» бар матни Мирзо Турсунзода ва овозхони барҷастаи итолиёвии фазои байналмилалӣ Либузе Сантаризе, ки суруд ва романси машҳури Комде «Имшаб хоб аз Мадан хабар нест»-ро аз операи «Комде ва Мадан» иҷро кард, оғози ҳамкории нави эҷодиро гузоштанд.
Дар анҷом метавон гуфт, ки ташаккули тасаввурот дар бораи мусиқии Роҳи нави абрешим беш аз пеш ба кори сулҳ хидмат хоҳад кард. Дар ҷое, ки сулҳ ҳаст, дар он ҷо шукуфоии иқтисодӣ ва фарҳангӣ низ ҳаст.
– Муаллима, барои суҳбати дилнишину гуворо як олам ташаккур.
– Дарвоқеъ, аз фурсат истифода бурда, тавассути рӯзномаи «Овози тоҷик» мардуми сарбаланди Ӯзбекистонро бо 35-умин солгарди истиқлол самимона табрик мегӯям.
Суҳбаторо
Зоҳир Ҳасанзода,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.