Қатори «Тирмиз – Тошканд»: се дуздӣ бо баҳонаи мастӣ

Нимаи шаб ва субҳи барвақт, вақте мусофирон дар роҳ истироҳат мекунанд, ашёи шахсии онҳо метавонад ҳадафи дуздон қарор гирад. Чанде пеш дар вилояти Самарқанд чунин ҷиноят ошкор гардид: марде, ки бо қатори мусофирбари «Тирмиз–Тошканд» сафар мекард, дар як шаб се телефони мобилиро дуздидааст.

Тибқи санадҳои расмии ҷамъоваришуда, шаҳрванд М.Ш., соли таваллудаш 1992, зодаи ноҳияи Ургути вилояти Самарқанд, қасдан ба дуздии молу мулки дигарон даст задааст. Ӯ падари се фарзанд, дар яке аз мағозаҳои либосфурӯшии шаҳри Самарқанд кор мекард. Аммо ба ҷойи меҳнати ҳалол, роҳи ғайриқонунии ба даст овардани манфиати моддиро интихоб кардааст.

Тибқи маводи парванда, 9 июни соли 2026, соати 05:20, М.Ш. аз истгоҳи роҳи оҳани Самарқанд ба қатори мусофирбари хатсайри «Тирмиз–Тошканд» савор шуда, дар кати 24-уми вагони 11 нишастааст. Бо оғози ҳаракати қатор бошад, ӯ ба амалӣ кардани нақшаи ҷиноятии худ шурӯъ кардааст.

Аввал ба вагони 4 гузашта, аз фурсати хоби мусофир Д.О. истифода бурда, телефони мобилии тамғаи «Honor X7»-ро, ки дар кати 5 нишаста буд, пинҳонӣ дуздидааст.

Сипас, ба вагони 11 баргашта, телефони «Redmi 10C»-ро, ки ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон А.А., мусофири ҷойи 49, тааллуқ дошт, низ дуздидааст.

Ӯ ба ин қаноат накарда, ба вагони 17 гузаштааст. Дар он ҷо телефони мобилии «Redmi Note 12»-ро, ки ба роҳбалади вагон М.Э. тааллуқ дошта, дар ҳуҷраи хизматии ӯ дар ҷойи кушод монда буд, гирифта, аз ҷойи ҳодиса дур шудааст.

Ҳангоми бозпурсӣ М.Ш. кӯшиш кардааст, ки кирдори худро бо баҳонаҳо сафед кунад. Ӯ изҳор доштааст, ки 8 июн аз хона баромада, рӯзи 9 июн ба муносибати зодрӯзи модараш барои ӯ тӯҳфа ҷустуҷӯ кардааст. Азбаски дар Самарқанд тӯҳфаи мувофиқ пайдо накардааст, қарор додааст ба Тошканд равад.

Ба гуфтаи ӯ, пеш аз сафар дар тарабхона ва клуби шабона миқдори зиёди машрубот истеъмол карда, баъдан дар қатор хоб рафтааст ва ҳодисаҳои баъдиро умуман дар хотир надорад.

Ӯ изҳор доштааст, ки вақте кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ӯро дар қатор бедор кардаанд, дар паҳлуяш ду телефони мобилӣ будааст ва эҳтимол онҳоро дар ҳолати мастӣ надониста гирифтааст. Ҳамчунин аз ҷабрдидагон узр пурсидааст.

Аммо вақте қатор ба истгоҳи роҳи оҳани Ҷиззах наздик шудааст, ӯро аз қатор фароварда, ба бинои мақомоти корҳои дохилӣ бурдаанд. Ҳангоми санҷиш аз ҷайби шимаш телефони сеюми дуздидашудаи ранги сиёҳ низ пайдо шудааст.

М.Ш. дар ҷараёни тафтиш изҳор доштааст, ки телефонҳоро аз либос ё сумкаи касе нагирифтааст ва дар ҳолати мастӣ ҳатто симкортҳоро бароварда наметавонист. Ӯ аз мақомоти тафтишотӣ хоҳиш кардааст, ки гузашт кунанд.

Бо вуҷуди ин, гуноҳи ӯ бо далелҳои шайъӣ ва нишондоди шоҳидон пурра исбот шудааст.

Мувофиқи меъёрҳои амалкунандаи Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, содир намудани ҷиноят дар ҳолати мастӣ шахсро аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод намекунад. Баръакс, ин ҳолат метавонад ҳамчун ҳолати вазнинкунандаи ҷазо арзёбӣ шавад.

Кирдори М.Ш. тибқи моддаи 169-уми Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Ӯзбекистон (дуздӣ) бандубаст шудааст. Азбаски дуздӣ такроран, яъне дар як сафар нисбат ба молу мулки чанд нафар содир шудааст, ба гунаҳкор тибқи қисми дахлдори ин модда метавонад то панҷ соли маҳрумият аз озодӣ таъин карда шавад.

Ин ҳодиса нишон медиҳад, ки хоҳиши ба даст овардани даромади осон ва муносибати бемасъулиятона ба қонун метавонад боиси аз оила ва фарзандон дур мондани падари се фарзанд барои муддати тӯлонӣ гардад.

Таҳлили ин ҳодиса нишон медиҳад, ки дуздон аксар вақт аз хастагии мусофирон, хоби сахти шабона ва беназорат мондани ашёи шахсӣ истифода мебаранд. Барои пешгирӣ аз чунин ҳолатҳо ҳангоми сафар ба қоидаҳои зерин риоя кунед:

 њ Телефонро беназорат нагузоред. Телефонҳои мобилиро рӯйи мизи вагон ё дар паҳлуи пуркунандаи барқ гузошта, аз онҳо дур нашавед.

њ Ҳушёр бошед. Ҳангоми сафар бо шахсони ношинос машрубот истеъмол накунед, зеро он диққат ва қобилияти дуруст арзёбӣ кардани вазъро суст мекунад.

њ Ашёи қиматбаҳоро дар ҷойи бехатар нигоҳ доред. Пеш аз хоб ҳамён, ҳуҷҷат ва дастгоҳҳои гаронбаҳоро дар ҷайби дохилии либос ё дар сумкаи баста, дар наздикии худ ҷойгир кунед.

њ Агар гум шудани ягон ашёи худро пай баред, вақти худро аз даст надода, ба роҳбалади вагон ё кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дарҳол хабар диҳед.

Дар хотир доред: эҳтиёткорӣ ва назорати ашёи шахсӣ ҳангоми сафар метавонанд пеши роҳи нияти ҷинояткоронро гиранд. Амнияти молу мулки шумо, пеш аз ҳама, аз ҳушёрии худатон вобаста аст.

Шерзод ШОДМОНОВ,

муфаттиши гурӯҳи тафтишотии Раёсати тафтишотии Департаменти таъмини амният дар объектҳои нақлиёт ва сайёҳии ВКД Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: