Дар рӯзҳои истироҳат ва ид муассисаҳои тиббии кишвар фаъолияти худро бефосила идома медиҳанд. Дар ин бора Хадамоти матбуоти Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон хабар дод.
Ҳамватанони мо 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистонро бо рӯҳияи болида истиқбол мегиранд. Ба муносибати ин ҷашн кормандони дорои ҳафтаи кории панҷрӯза чор рӯз ва кормандони дорои ҳафтаи кории шашрӯза се рӯз пайиҳам истироҳат мекунанд.
Пас, дар ин рӯзҳо муассисаҳои тиббии кишвар чӣ гуна фаъолият хоҳанд кард?
Бо мақсади ҳифзи саломатии аҳолӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти муассисаҳои тиббӣ, бахусус дар рӯзҳои ид ва истироҳат, дар назди Вазорати тандурустӣ ситоди махсус таъсис дода шудааст.
Ҳамин тариқ, рӯзҳои 29 август то 1 сентябр дар ҳамаи беморхонаҳои ноҳиявӣ (шаҳрӣ), вилоятӣ ва ҷумҳуриявии кишвар, марказҳои махсусгардонидашудаи тиббӣ, клиникаҳои муассисаҳои таҳсилоти олии тиббӣ, инчунин дар 39 маркази байниноҳиявии осеби якҷоя ва бемориҳои шадиди рагҳои хунгузар кормандони соҳаи тиб тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун ва дар асоси навбатдорӣ ба аҳолӣ хизматрасонии тиббӣ мерасонанд.
Ҳамзамон, дар рӯзҳои истироҳат ва ид дар Маркази ҷумҳуриявии илмии ёрии таъҷилии тиббӣ ва 13 филиали минтақавии он, инчунин дар шуъбаҳои ёрии таъҷилии тиббӣ, ки дар ҳудуди 200 маҳалли аҳолинишин ҷойгиранд, табибону ҳамшираҳои навбатдор шабонарӯзӣ фаъолият хоҳанд кард.
Рӯзҳои 29 август – 1 сентябр хадамоти «103» низ фаъолияти муқаррарии худро идома медиҳад. Аз ҷумла, беш аз 2 ҳазору 900 бригадаи ёрии таъҷилии тиббӣ дар 14 филиали минтақавии Маркази ҷумҳуриявии ёрии таъҷилии тиббӣ, 189 истгоҳ, 40 зеристгоҳ ва 1 ҳазору 492 нуқтаи такягоҳӣ дар саросари кишвар барои қабули зангҳои аҳолӣ ва меҳмонони мамлакат ҳамеша дар ҳолати омодабош қарор хоҳанд дошт.
Илова бар ин, дар рӯзҳои ид ҳамаи муассисаҳои таваллуд ва муассисаҳои табобатии кӯдаконаи кишвар низ фаъолияти худро бефосила идома медиҳанд.
Хадамоти матбуоти Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон