Дар даврони Истиқлол Ӯзбекистон дар соҳаи варзиш ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Аз ҷумла, куштии миллӣ, ки ватани аслии он маҳз Ӯзбекистон асту сол то сол рушд карда, дар арсаи байналмиллӣ эътироф гардидааст, мақоми барҷаста касб мекунад.
Мусобиқаи байналмилалии куштии миллӣ, ки ба муносибати 1200-солагии мутафаккири бузург Ҳаким Тирмизӣ 21 ноябр дар шаҳри Тирмиз гузаронида шуд, далели гуфтаҳои болост.
Дар мусобиқа қариб аз 20 кишвари дунё зиёда аз 100 нафар паҳлавонони хориҷиву ватанӣ ширкат варзиданд. Субҳи барвақт варзишгоҳи “Алпомиш”-и Тирмизшаҳр пуропури тамошобин буда, намуди идона дошт.
Ҳокими вилоят Улуғбек Қосимов оид ба аҳамияти варзиш, мақоми куштии миллӣ дар арсаи байналхалқӣ суханронӣ намуд.
Дар турнир паҳлавонон дар се вазн – 73 кг, то 81 кг ва беш аз 90 кг қувваозмоӣ намуданд. Мусобиқа хеле пурбаҳс ва номуросо гузашт. Ҳар паҳлавон дар “Майдони мардҳо” қувваи дасту бозу ва нерӯи худро нишон доданд. Чунон ки мегӯянд: “Далерӣ кун, ки майдон аз далер аст” зафар насиби ҳамоне мегардад, ки ба машқу тамрини пайваста шуғл варзида, дар набарди пуршиддат сидқан талош меварзад.
Пас аз қувваозмоиҳои паҳлавонон аз рӯи вазнҳо ғолибон аниқ гардиданд. Аз рӯи вазни то 73 кг ҷойи якум насиби Ҷавоҳир Аҳмадов (Сурхондарё), ҷойи дуюм ба Умар Серов (Тоҷикистон), ҷойи сеюм ба Давлат Эгамов (Сурхондарё) ва Нур Амансукуров (Қазоқистон) насиб гардид. Аз рӯи вазни то 81 кг бошад, ба ҷойи якум Иброҳим Қурбонназаров (Сурхондарё), ҷойи дуюм Верзат Аргунов (Қазоқистон), ҷойи сеюм Муҳаммаддӯст Эшдавлатов (Қашқадарё) ва Сайфиддин Сайфиддинзода (Тоҷикистон) сазовор гардид. Аз рӯи вазни беш аз 90 кг бошад, ҷойи якумро Муҳаммадкарим Хуррамов (Сурхондарё), ҷойи дуюм Ҳусниддин Ҳусанов (Сирдарё), ҷойи сеюмро Бекмурод Олтибоев (вилояти Тошканд) ва Гиоргий Чагелишвилӣ (Гурҷистон) ишғол карданд.
Ба ғолибони турнир аз рӯи вазни то 73 кг ва то 81 кг чунин мукофотҳо тақдим гардид: ба ҷойи якум 5000 доллари амрикоӣ, ҷойи дуюм 3000 доллар ва ҷойҳои сеюм 1500 доллари амрикоӣ мукофот дода шуд. Ба паҳлавонони ғолиби вазнашон беш аз 90 кг бошад, ба ҷойи якум 10 000 доллари амрикоӣ, ба ҷойи дуюм 5000 доллари амрикоӣ ва ба ҷойҳои сеюм 2500 доллари амрикоӣ мукофот тақдим гардид.
Натиҷаҳои мусобиқа нишон доданд, ки паҳлавонони Ӯзбекистон, бахусус намояндагони вилояти Сурхондарё ҷойи аввалро ишғол намуданд
Олим ПАНҶИЗОДА,
хабарнигори “Овози тоҷик”
дар вилояти Сурхондарё.