Рустам Йӯлдошев: Таълими босифат – таҳкурсии мустаҳками рушди Ӯзбекистони Нав

Таълиму тарбия қиёфаи ояндаи мамлакатро муайян намуда, бунёдкори тараққиёти соҳаи стратегии иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвари азизамон мебошад. Сӯҳбати мо бо сардори Садорати таълими томактабӣ ва мактабии вилояти Самарқанд Рустам Йӯлдошев ба масъалаҳои такмилу беҳтар намудани сифати таълим ва омодасозӣ ба соли нави хониш, бурду бохти соҳа ҷараён гирифт.

– Чанде пеш дар қасри санъат ва фарҳанги Самарқанд Форуми панҷуми миллии устодон зери шиори "Таълими босифат – таҳкурсии мустаҳками рушди Ӯзбекистони Нав " баргузор гардид, – гуфт Рустам Дониёрович, –   дар чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ аз тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят масъулони таълиму тарбия, намояндагони ҳамкор, вакилони волидайн, мактабҳои олӣ ширкат варзиданд.
Ҳокими вилоят Адиз Бобоев ба анҷуман ҳусни ифтитоҳ бахшида таъкид намуд, ки вақте ки дар бораи таълим ҳарф мезанем, онро танҳо дар доираи мактаб, дарс, китобҳои дарсӣ ё имтиҳон тасаввур кардан мумкин нест. Таълим соҳаи стратегиест, ки ояндаи кишварро муайян карда, барои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ заминаи мустаҳкам фароҳам меорад. Зеро кӯдаке, ки имрӯз ба остонаи мактаб қадам мемонад, фардо муҳандис, шифокор, омӯзгор, соҳибкор, олим ё роҳбари давлатӣ мешавад. Аз ин рӯ, мақсади асосии ислоҳот дар соҳаи таълим, ки дар Ӯзбекистони Нав амалӣ мешаванд, равшан аст – тарбия намудани насли дорои дониш ва малакаҳои замонавӣ, мустақилфикр, рақобатпазир, масъулиятшинос.
– Рустам Дониёрович, доир ба сохтори таълими томактабӣ ва мактабии вилоятамон маълумот медодед.
– Ҳоло дар вилоят 5657 муассисаи таълимӣ фаъолият мебарад. Аз он 1278 мактаби таълими умумӣ, 57 мактаби ғайридавлатӣ, 20 мактаби ихтисосонидашуда ва як мактаби Президентӣ мебошад.
Дар сохтори таълими томактабӣ бошад, 4303 муассиса фаъолият мекунад. Ба онҳо боғчаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, муассисаҳои дар асоси ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ фаъолияткунанда, боғчаҳои оилавӣ ва марказҳои рушди барвақти кӯдакон дохил мешаванд. Дар паси ин рақамҳо тақдири садҳо ҳазор нафар кӯдак, даҳҳо ҳазор омӯзгор, ҳазорҳо падару модар ва тамоми як насл қарор дорад. Айни замон дар вилоят 281 ҳазору 113 нафар кӯдак бо таълими томактабӣ фаро гирифта шудаанд. Сатҳи фарогирӣ 68,6 фоиз мебошад. Дар ин самт аз имкониятҳои бахши хусусӣ низ самаранок истифода бурда мешавад. Дар солҳои 2025-2026 274 муассисаи хусусии томактабии оилавӣ бо ҷойи умумии 11 097 нафар таъсис дода шуд. Ба онҳо 6400 нафар кӯдаки аз 3 то 7-сола фаро гирифта шуданд. Танҳо дар соли равон боз 12 муассисаи нави томактабӣ ба фаъолият оғоз карданд. Бо ҳисоби ин ва дигар имкониятҳо фарогирии боз 7500 нафар кӯдак бо таълими томактабӣ таъмин гардид.
Дар вилоят ба мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ, сохтмони биноҳои нав ва таъмири муассисаҳои мавҷуда диққати зиёд дода мешавад. Имсол дар вилоятамон бо харҷи 855,9 миллиард сӯм дар 138 мактаб ва 66 боғча корҳои сохтмон ва таъмир анҷом дода мешаванд. Синфхонаҳои равшан, лаборатория, утоқҳои компутерӣ, толорҳои варзишӣ, китобхона ва таҷҳизоти муосири таълимӣ – ҳамаи ин ба баланд шудани сифати таълим хизмат мекунад. Аммо ҳар қадар бино замонавӣ бошад ҳам, қувваи асосии он омӯзгор аст.
Ҳоло дар мактабҳои вилоятамон 62 ҳазору 556 нафар омӯзгор фаъолият мебаранд. Аз он 60 ҳазору 571 нафар, яъне 97 фоиз, соҳиби маълумоти олӣ мебошанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли гузашта хуб аст.

– Имсол нишондодҳои дохил шудани хатмкунандагон ба мактабҳои олӣ чӣ гуна шуд?
– Нисбати соли гузашта хеле хуб. Дар соли хониши 2025-2026 сатҳи дохилшавии хатмкунандагони мактабҳои вилоят ба муассисаҳои таълими олӣ афзуд. 26 фоизи хатмкунандагон ба донишгоҳҳо дохил шуданд.
Натиҷаи дигари муҳим ин аст, ки 2158 хатмкунанда пеш аз муҳлат ба муассисаҳои таълими олии хориҷӣ қабул шуданд. Аз онҳо 1267 нафар соҳиби сертификати IELTS ва 891 нафар соҳиби сертификати CEFR мебошанд. Ҳамзамон, рақобат дар соҳаи таълим низ зиёд шуда истодааст. Дар марҳилаи ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннии асосӣ хонандагони синфи 11-уми вилоят 7 ҷойи ифтихорӣ ба даст оварданд. Аз фанҳои математика, асосҳои давлат ва ҳуқуқ ва забони ӯзбекӣ 3 ҷойи аввал, аз таърих ҷойи дуюм ва аз фанҳои забони русӣ, таърих ва забони модарӣ 3 ҷойи сеюм гирифта шуд.
Ҳоло донистани забони хориҷӣ шарти муҳими муваффақият мебошад.
Дар вилоят шумораи омӯзгороне, ки аз забонҳои хориҷӣ сертификатҳои байналмилалӣ ва миллӣ доранд, ба 4479 нафар расидааст.
Ҳамчунин, ба мактабҳои таълими умумӣ 131 мутахассиси хориҷӣ ҷалб шуда, бо иштироки онҳо дарсҳо гузаронида шуданд.
Соли оянда нақша дорем, ки 1573 нафар омӯзгори забони хориҷӣ соҳиби сертификатҳои миллӣ ва байналмилалӣ шаванд. Барои ин бо иштироки профессорону омӯзгорони таҷрибадор семинарҳои омӯзишӣ ташкил карда мешаванд.

Мусоҳиб Зоҳир Ҳасанзода,

хабарнигори "Овози тоҷик" дар вилояти Самарқанд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: