Рӯзҳои 19–21 апрели соли 2027 дар пойтахти Ӯзбекистон – шаҳри Тошканд намоишгоҳи ҳафтуми байналмилалии саноатии «Иннопром. Осиёи Марказӣ» баргузор мегардад. Дар ин бора агентии иттилоотии ТАСС бо такя ба Намояндагии тиҷоратии Русия дар Ӯзбекистон хабар додааст.
Зикр мегардад, ки ин намоишгоҳ дар солҳои баргузории худ ҳамчун яке аз майдонҳои муҳими байналмилалӣ барои рушди ҳамкориҳои саноатӣ, густариши шарикии технологӣ ва ба роҳ мондани робитаҳои тиҷоратӣ мавқеи худро устувор кардааст.
Намоишгоҳе, ки моҳи апрели соли ҷорӣ дар Тошканд баргузор гардид, беш аз 10 ҳазор иштирокчиро аз 35 кишвари ҷаҳон ба ҳам овард. Дар он намояндагони беш аз 5 200 ширкат, аз ҷумла 1 100 корхона аз 64 минтақаи Русия иштирок карданд.
Масоҳати умумии намоишгоҳ 18 ҳазор метри мураббаъро ташкил дода, беш аз 350 иштирокчӣ маҳсулот ва дастовардҳои худро ба намоиш гузоштанд.
Азиза Алимова, ӮзА