Қуллаи меҳнат – пирӯзии устод

Дар зиндагӣ дастовардҳое ҳастанд, ки танҳо як шахсро шод намекунанд, балки қалби як муассиса ва ҳатто як маҳалро саршор аз ифтихор месозанд. Пирӯзии омӯзгори синфҳои ибтидоии мактаби рақами 53-юми ноҳияи Олтинсойи вилояти Сурхондарё Фарида Шоймардонова дар озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол – 2026» аз ҷумлаи ҳамин дастовардҳои арзишманд мебошад.

Ин пирӯзӣ тасодуфӣ нест. Он натиҷаи меҳнати содиқона, ҷустуҷӯҳои пайваста, таҷрибаи ғанӣ ва муҳаббати самимӣ ба касби омӯзгорист.

Омӯзгор танҳо дарс намедиҳад, ӯ ба дили кӯдак тухми дониш мекорад, завқи китобхониро бедор месозад, роҳи дуруст рафтанро меомӯзонад ва дар ташаккули ҷаҳонбинии насли наврас нақши муассир мегузорад.

Хусусан, омӯзгори синфҳои ибтидоӣ масъулияти басо бузург дорад. Зеро аввалин ҳарф, аввалин ҷумла, аввалин китоб ва аввалин қадамҳои кӯдак ба ҷаҳони илму маърифат маҳз аз синфҳои ибтидоӣ оғоз меёбанд. Дар ин марҳилаи ҳассос меҳрубонӣ, сабр, дониши мукаммал ва маҳорати баланди омӯзгорӣ аҳамияти хосса пайдо мекунад.

Фарида Шоймардонова дар фаъолияти бисёрсолаи омӯзгории худ тавонистааст ба ин масъулияти бузург бо садоқат қаробат ҷӯяд. Ҷустуҷӯйи роҳҳои нави таълим, истифодаи усулҳои муосир, муносибати фардӣ ба ҳар як хонанда ва кӯшиши пайваста барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия аз вижагиҳои фаъолияти касбии ин омӯзгори соҳибтаҷриба ба шумор меравад.

Иштирок дар озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол – 2026» барои ҳар як омӯзгор худ як мактаби бузурги таҷриба ва маҳорат аст. Дар чунин озмунҳо дониш, ҷаҳонбинӣ, маҳорати дарсдиҳӣ, фарҳанги муошират, қобилияти эҷодӣ ва муносибат ба касб мавриди санҷиш қарор мегиранд.

Шоймардонова дар ин майдони муҳими рақобат бо сари баланд ширкат варзида, маҳорати баланди омӯзгорӣ ва таҷрибаи худро ба таври шоиста нишон дод.

Пас аз эълони натиҷаҳо шодии ҳамкорон, шогирдон ва аҳли ҷомеаи маҳал ҳадду канор надошт. Зеро пирӯзии як омӯзгор пирӯзии тамоми мактаб гардид.

Ба ҳайси ғолиби озмун устод бо мукофоти пулии 616 миллион сӯм, баробар ба 1400 музди ақали меҳнат қадрдонӣ гардид.

Албатта, арзиши меҳнати омӯзгорро танҳо бо маблағи мукофот чен кардан мумкин нест. Сармояи асосии устод шогирдон, эҳтироми падару модар, эътимоди ҳамкорон ва осори неке мебошад, ки дар зеҳну қалби насли наврас боқӣ мегузорад.

Ин пирӯзӣ барои омӯзгорони ҷавон низ намунаи ибрат аст: агар инсон ба касби худ содиқ бошад, пайваста омӯзад, навовар бошад ва бо муҳаббат меҳнат кунад, қуллаҳои баландтарин низ фатҳшавандаанд.

Дар ҳақиқат, қуллаҳои бузургро бо қадамҳои хурд, вале устувор фатҳ мекунанд. Пирӯзии имрӯзаи устод низ самараи ҳамин қадамҳои устувор ва меҳнати солҳост.

Ин дастоварди арзишмандро ба худи устод, аҳли хонавода, шогирдон, ҳамкорон ва тамоми ҷамоаи мактаби рақами 53-юми муборакбод мегӯем.

Қалбе, ки барои кӯдакон метапад

Субҳ ҳанӯз чеҳраи худро ба ҷаҳон нишон надода, равшании офтоб аз паси уфуқ оҳиста-оҳиста доман паҳн мекард. Даре боз мешуд, кӯдаке бо ҷузвдони хурд аз хона мебаромад, модаре то сари кӯча ҳамроҳаш меомад ва садои қадамҳои кӯдакона дар роҳ ба сӯйи мактаб ба гӯши саҳар мерасид.

Дар мактаби мо низ чунин як ҷаҳон вуҷуд дорад. Фарида Шоймардонова солҳо боз бо кӯдакон сару кор дорад. Бо кӯдаконе, ки баъзеашон ҳанӯз ҳарфҳоро дуруст намешиносанд, вале чашмонашон пур аз савол аст. Кӯдаконе, ки мехоҳанд ҳама чизро донанд: чаро борон меборад,  офтоб медурахшад, чаро китобҳо ин қадар ҳарф доранд ва чаро омӯзгор ҳар рӯз ба мактаб меояд?

Омӯзгори синфҳои ибтидоӣ будан кори осон нест. Ин касб сабри зиёд, муҳаббати беандоза ва масъулияти бузург металабад.

Ҳар кӯдак барои омӯзгор як дунёи алоҳида аст.

Яке зуд меомӯзад, дигаре бештар вақт мехоҳад. Яке озодона сухан мегӯяд, дигаре хомӯш менишинад. Яке дар математика қавӣ аст, дигаре дар шеър. Яке бо як таъриф бол мегирад, дигаре ба як сухани меҳрубонона ниёз дорад. Ва омӯзгор бояд ҳамаи онҳоро бинад. Фаҳмад. Роҳнамоӣ кунад. Ин аст ҳунари омӯзгорӣ.

Солҳои фаъолияти Фарида Шоймардонова низ дар ҳамин ҷустуҷӯҳо гузаштаанд. Муаллим барои беҳтар кардани сифати таълим ҳамеша дар ҷустуҷӯи роҳҳои нав аст. Зеро замон дигар шудааст. Талаботи таълим низ дигар мешавад.

Омӯзгоре, ки мехоҳад имрӯз муваффақ бошад, бояд худаш низ ҳамеша омӯзад.

Рӯзи озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол – 2026» барои ӯ рӯзи одӣ набуд. Он лаҳза танҳо номи як омӯзгор садо надод. Гӯё номи мактаби рақами 53, номи ноҳияи Олтинсой ва номи ҳамаи омӯзгороне садо дод, ки ҳар рӯз бо меҳнати ҳалол ба таълиму тарбия машғуланд. Ин пирӯзӣ барои як инсон буд, аммо шодии он ба бисёриҳо тааллуқ дошт.

Инсон дар зиндагӣ бо роҳҳои гуногун ном мегузорад: яке бино месозад, дигаре китоб менависад, сеюмӣ кашфиёте мекунад…

Аммо омӯзгор инсон месозад. Ӯ дар сохтани оянда саҳм мегузорад.

Ҳар кӯдаке, ки имрӯз дар синфи ибтидоӣ ҳарфи аввалини худро менависад, фардо метавонад олим, шоир, табиб, муҳандис, роҳбар ё омӯзгори дигар шавад. Ва дар оғози роҳи ӯ чеҳраи як омӯзгор меистад.

Шояд баъди солҳои зиёд он кӯдак номи бисёр чизҳоро фаромӯш кунад. Аммо эҳтимол дорад, ки чеҳраи аввалин омӯзгори худро фаромӯш накунад. Ин аст бузургии касби омӯзгорӣ.

Омӯзгор ҳар рӯз ба мактаб меояд, дарс медиҳад ва меравад. Аммо сухани ӯ дар қалби шогирд мемонад. Ва агар аз як омӯзгор баъди солҳои зиёд садҳо қалби бедор, садҳо тақдири равшан ва садҳо инсони босавод ба камол расанд, пас ӯ рисолати худро ба ҷо овардааст.

Фарида Шоймардонова аз ҷумлаи чунин омӯзгорон аст.

 

Шавкат АБДУРАҲМОНОВ,

омӯзгори мактаби рақами 53-юми ноҳияи Олтинсой, раиси Маркази миллӣ-мадании

тоҷикони ноҳия.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: