Агар дар муассисаҳои таълимӣ 20 фоиз ё бештар аз он хонандагони як синф ё гурӯҳ ба бемории сироятӣ гирифтор шаванд, синф ё гурӯҳи мазкур ба карантин гирифта шуда, таълим ба шакли онлайн гузаронида мешавад.
Дар ин бора зимни нишасти матбуотие, ки Кумитаи беҳдоштӣ-эпидемиологии осоиштагӣ ва саломатии ҷамъиятии Ӯзбекистон баргузор кард, хабар дода шуд.
Қайд гардид, ки ин тартиб дар фармонҳои дахлдори Вазорати тандурустӣ муқаррар шудааст.
Бо фаро расидани фасли тирамоҳу зимистон хатари паҳншавии зуком ва сироятҳои шадиди вирусии роҳҳои нафас меафзояд. Аз ин рӯ, дар мактабҳо ва муассисаҳои томактабӣ вазъи саломатии кӯдакон ва кормандон мунтазам назорат карда мешавад. Кӯдаконе, ки нишонаҳои беморӣ доранд, муваққатан аз дигарон ҷудо карда мешаванд. Ҳамчунин, чораҳои безараргардонӣ, аз ҷумла шамол додани синфхонаҳо, тозакунии тар ва риояи талаботи санитарию гигиенӣ тақвият меёбанд.
Ба гуфтаи Рустамҷон Икромов, сардори раёсати кумита, агар ҳиссаи кӯдакони гирифтори бемории сироятӣ дар як синф ё гурӯҳ ба 20 фоиз расад ё аз он зиёд шавад, карантин эълон гардида, таълим дар шакли фосилавӣ идома меёбад.
Кумита аз волидон даъват кардааст, ки фарзандони дорои нишонаҳои бемориро ба муассисаҳои таълимӣ нафиристанд.