Паёми некиву ободӣ

Мехоҳам дар бораи китоби нави ҳикояҳои эҷодкор Нарзипӯлод Саидова таҳти унвони «Дуои замин» чанд сухан бигӯям.

Аз рӯйи муҳтавои китоб метавон хулоса кард, ки дар он ҳикояҳои ҷолибу пурмазмун ва ибратомӯз гирд оварда шудаанд. Ҳикояҳо хонандаро ба андеша кардан, аз рафтору кирдори қаҳрамонон ибрат гирифтан ва хулосаи зарурӣ баровардан водор месозанд.

Китоб дар нашриёти «Фан ёғдуси»-и шаҳри Тошканд бо теъдоди 1000 нусха ба табъ расидааст. Он бо забони содаву фаҳмо ва равон барои кӯдакони хурдсол пешкаш шудааст. Мавзуъҳои ҳикояҳо хонандагони хурдсолро ба тозагӣ, ободонӣ, дӯст доштани табиат ва дарки масъулияти инсон дар назди муҳити зист водор мекунанд. Ҳамзамон дар тарбияи насли наврас дар рӯҳияи меҳнатдӯстӣ, покизагӣ ва ғамхорӣ нисбат ба атрофиён аҳаммияти хос дорад.

Азбаски китоб барои кӯдакони хурдсол пешбинӣ шудааст, хостам онро ҳамроҳи фарзандонам мутолиа кунам ва тавассути ҳикояҳои он дар қалби онҳо ҳисси меҳру муҳаббат, эҳтиром ва ғамхориро нисбат ба атрофиён ҷогузин кунам.

Ҳикояҳои «Насиҳат», «Дуои замин», «Ибрат», «Як даҳон раҳмат канӣ» ва амсоли инҳо дорои мазмуни тарбиявӣ буда, ба кӯдакон қадр кардани ризқу рӯзӣ, эҳтиром ба неъматҳои зиндагӣ ва ҳурмат намудани меҳнати калонсолонро меомӯзонанд. Чунин ҳикояҳо ба дили кӯдак роҳ ёфта, дар ташаккули ҷаҳонбинӣ ва ахлоқи неки ӯ нақши муҳим мегузоранд.

Умедворем, ки маҷмӯаи ҳикояҳои «Дуои замин» ҳамчун китоби тарбиявӣ мавриди таваҷҷӯҳи хонандагони хурдсол қарор гирифта, дар роҳи ташаккули шахсияти онҳо ва интихоби роҳи дурусти зиндагӣ нақши арзанда мегузорад.

Шоҳсанам Йӯлдошева.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: